Хислати аз ҳама муҳим барои устоди хуб
1. Барои устоди хуб кадом хислат аз ҳама муҳим аст?
1 Барои устоди хуб шудан ба шахс чӣ лозим аст? Маълумотнокӣ? Таҷрибаи ҳаётӣ? Қобилиятҳои табиӣ? Чизи аз ҳама муҳим ин ҳамон хислатест, ки шариати Худоро иҷро мекунад, аломати фарқкунандаи пайравони Исо аст ва хислати асосии Яҳува мебошад (Юҳ. 13:35; Ғал. 5:14; 1 Юҳ. 4:8). Ин муҳаббат аст. Муаллими хуб муҳаббат зоҳир мекунад.
2. Чаро муҳаббат ба одамон муҳим аст?
2 Одамонро дӯст доред. Устоди Бузург, Исо, нисбати одамон муҳаббат зоҳир мекард ва ин онҳоро бармеангехт, ки ӯро гӯш кунанд (Луқ. 5:12, 13; Юҳ. 13:1; 15:13). Агар мо дар бораи одамон ғамхорӣ кунем, мо дар ҳар гуна вазъият шаҳодат медиҳем. Чунин монеаҳо мисли таъқибот ва бепарвоӣ моро аз хизмат боз намедоранд. Мо ҳангоми мавъиза ба одамон таваҷҷӯҳи шахсӣ зоҳир мекунем ва ин ба мо кӯмак мекунад, ки пешниҳодотамонро ба онҳо мувофиқ гардонем. Мо вақтамонро на танҳо ҳангоми гузаронидани омӯзиши Китоби Муққаддас бо омодагӣ сарф мекунем, балки ҳамчунин ҳангоми ба ҳар як омӯзиш тайёрӣ диданамон низ.
3. Чӣ тавр муҳаббат ба ҳақиқати Китоби Муқаддас ба мо дар хизмат кӯмак мекунад?
3 Ҳақиқатҳои Китоби Муқаддасро дӯст доред. Исо низ нисбати ҳақиқати Китоби Муқаддас муҳаббат дошт ва ба он чун ба ганҷ менигарист (Мат. 13:52). Агар мо ҳақиқатро дӯст дорем, ин моро бармеангезад, ки бо шавқу завқ мавъиза кунем ва ин шунавандагонамонро ҳавасманд карда метавонад. Чунин муҳаббат ба мо кӯмак мекунад, ки диққатамонро на ба маҳдудиятҳои дар хизмат доштаамон, балки ба арзиши маълумоте, ки ба дигарон мерасонем, равона кунем ва ҳамин тавр дар хизмат камтар беҷуръатӣ ҳис кунем.
4. Чӣ тавр мо муҳаббат инкишоф дода метавонем?
4 Муҳаббат инкишоф диҳед. Чӣ тавр мо нисбати одамон муҳаббат инкишоф дода метавонем? Бо он ки мо дар бораи муҳаббате, ки Яҳува ва Писари Ӯ доранд ва оиди ҳолати бади рӯҳонии одамони маҳалламон мулоҳиза мекунем (Марқ. 6:34; 1 Юҳ. 4:10, 11). Муҳаббати мо ба ҳақиқати Китоби Муқаддас зиёд мешавад, агар мо мунтазам омӯзиши шахсӣ гузаронем ва мулоҳиза ронем. Муҳаббат яке аз хусусиятҳои самари рӯҳ аст (Ғал. 5:22). Пас, мо метавонем аз Яҳува пурсем, ки ба мо рӯҳулқудс диҳад ва барои инкишоф додани муҳаббат ёрӣ расонад (Луқ. 11:13; 1 Юҳ. 5:14). Бо зоҳир намудани муҳаббат мо новобаста аз маълумотнокӣ, солҳои дар ҳақиқат будаамон ё хислатҳои табиии худ устодони босамари Китоби Муқаддас шуда метавонем.