Такрори мавзӯъҳои Мактаби таълими мавъиза
Саволҳои зерин дар «Мактаби таълими мавъиза», ки дар ҳафтаи аз 27-уми феврали с. 2012 саршаванда мегузарад, муҳокима хоҳанд шуд. Дар барномаи такрори мавзӯъҳо санае илова карда шудааст, ки дар он фикри манфиатбахш дида баромада мешавад, ҳамин тавр иштирокчиёни мактаб ҳангоми тайёрӣ тадқиқот гузаронда метавонанд.
1. Оё чунин гуфтан дуруст аст, ки адолати Яҳуваро марҳамат ё раҳмдилии Ӯ нарм мекунад? (Иш. 30:18) [9 янв. w02-U 1.3 саҳ. 30]
2. Мо аз он ки Шебноро аз вазифаи нозири дарбори Ҳизқиё буданаш озод карданд, чӣ дарс меомӯзем? (Иш. 36:2, 3, 22) [16 янв., w07-U 15.1 саҳ. 8, сарх. 6]
3. Дар вазъиятҳои душвор мо аз оятҳои Ишаъё 37:1, 14–20 чӣ меомӯзем? [16 янв., w07-U 15.1 саҳ. 9, сарх. 1, 2]
4. Чӣ тавр мисоле, ки дар Ишаъё 40:31 омадааст, ходимони Яҳуваро рӯҳбаланд мекунад? [23 янв., w96-U 15.6 саҳ. 10, 11]
5. Бо назардошти кадом ҳамлаи дар пешбуда суханони Яҳува аз Ишаъё 41:14 рӯҳбаландкунандаанд? [23 янв., ip-2-U саҳ. 24, сарх. 16]
6. Чӣ тавр мо ба Яҳува нишон медиҳем, ки «муштоқони адлу инсоф» ҳастем? (Иш. 51:1) [6 фев., ip-2-U саҳ. 165, сарх. 2]
7. «Бузургон» аз Ишаъё 53:12 кистанд ва мо дар бораи он ки чӣ тавр Яҳува бо онҳо муносибат мекунад, чӣ дарси дилгармкунандае меомӯзем? [13 фев., ip-2-U саҳ. 213, сарх. 34]
8. Дар давоми охирзамон халқи Яҳува мувофиқи он чизе, ки дар Ишаъё 60:17 тасвир шудааст, чӣ эҳсос мекунад? [20 фев., ip-2-U саҳ. 316, сарх. 22]
9. «Соли таваҷҷӯҳи Худованд», ки Исо ва пайравонаш бояд онро эълон мекарданд, чӣ маъно дорад? (Иш. 61:2) [20 фев., ip-2-U саҳ. 324, 325, сарх. 7, 8]
10. Ояти Ишаъё 63:9 ба кадом хислати олиҷаноби Яҳува диққати моро равона мекунад? [27 фев., w03-U 1.7 саҳ. 19, сарх. 22, 23]