Эълонҳо
◼ Шоми ёдбуд рӯзи душанбе, 14-уми апрели соли 2014 баргузор мегардад. Агар вохӯрии ҷамъомад ё гурӯҳатон одатан рӯзи душанбе гузарад, ин вохӯриро ба рӯзи дигари ҳафта гузаронед. Агар вохӯрии хизматиро дигар кардан лозим ояд, пас координатори шӯрои пирон метавонад ҷадвали онро иваз кунад, то нутқҳое, ки ба ҷамъомад мувофиқанд, дар дигар вохӯрии моҳи равон, муҳокима карда шаванд.
◼ Ҳамаи воизон ба он барангехта мешаванд, то бо дуо андеша кунанд, ки оё ба анҷумани вилоятие, ки дар давлати дигар мегузарад, ташриф оварда метавонанд. Онҳое ки аллакай рафта буданд, рӯҳбаландии зиёд гирифтанд. Агар бохирадона нақша кашед, шояд шумо низ ин имкониятро ба даст хоҳед овард (Мас. 21:5). Агар ба шумо ҷои зист лозим бошад, дар ёд доред, ки дархости худро ақаллан панҷ ҳафта пеш аз анҷуман фиристодан муҳим аст.
◼ Нутқи оммавие, ки нозири ноҳиявӣ дар давоми нимсолаи дуюми соли хизматии 2014 пешкаш мекунад, «Наҷот аз мусибатҳои ҷаҳонӣ» ном дорад.