Самаранок гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас
1. Воизоне ки омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронанд, чӣ гуна масъулият доранд?
1 Ҳеҷ кас ба Худо хизмат карда наметавонад, то он даме ки Яҳува «вайро ҷалб» накунад (Юҳ. 6:44). Ҳатто дар ин маврид воизоне, ки омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронанд, бояд ба одамон ёрдам диҳанд, то онҳо ба Падари осмониашон наздик шаванд (Яъқ.4:8). Ин тайёрии хубро талаб мекунад. Барои он ки омӯзанда каломро фаҳмад ва рӯҳан рушд кунад, танҳо хондани ҳар як сархат ва додани саволи чопшуда кофӣ нест.
2. Самаранок гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас чиро дар бар мегирад?
2 Барои самаранок гузаронидани омӯзиш, воизон бояд ба омӯзандагон ёрӣ диҳанд, ки 1) таълимоти Китоби Муқаддасро фаҳманд, 2) таълимоти Китоби Муқаддасро қабул кунанд ва 3) аз рӯи он амал кунанд (Юҳ. 3:16; 17:3; Яъқ. 2:26). Барои кӯмак кардан ба шахс дар иҷрои ин қадамҳо, шояд моҳҳо лозим шавад. Инчунин ин қадамҳо ёрӣ мерасонанд, ки омӯзандагон муносибаташонро бо Яҳува инкишоф дода, ҳаёташонро ба Ӯ бахшанд.
3. Чаро муаллимони бомаҳорат аз саволҳои нуқтаи назарро ошкоркунанда истифода мебаранд?
3 Омӯзандаи Китоби Муқаддас чӣ фикр дорад? Барои фаҳмидани он, ки оё омӯзандаи Китоби Муқаддас чизҳои хондаашро фаҳмида қабул карда истодааст ё не, аз бисёр гап задан даст кашида ба ӯ имконият диҳед, ки фикрашро баён кунад (Яъқ. 1:19). Оё ӯ мефаҳмад, ки Китоби Муқаддас дар бораи мавзӯи муҳокимашудаистода чӣ мегӯяд? Оё ӯ ин мавзӯъро бо суханони худаш фаҳмонда метавонад? Оиди чизҳои, омӯхтааш чӣ фикр дорад? Оё боварӣ дорад, ки таълимоти Китоби Муқаддас хирадмандона аст? (1 Тас. 2:13). Оё ӯ дарк мекунад, ки чизҳои омӯхтааш бояд тарзи ҳаёти ӯро тағйир диҳад? (Қӯл. 3:10). Барои гирифтани ҷавоб ба чунин саволҳо ба мо лозим аст, то саволҳоеро диҳем, ки нуқтаи назари шахсро ошкор кунанд ва сипас ҷавобашро гӯш кунем (Мат. 16:13–16).
4. Чӣ бояд кард, агар ба омӯзанда фаҳмидан ё ба кор бурдани чизҳои аз Китоби Муқаддас таълим гирифтааш душвор бошад?
4 Барои фаромӯш кардани одатҳо ва тарзи фикрронии чуқур решадавонда, одатан вақт лозим аст (2 Қӯр. 10:5). Агар омӯзанда чизҳои таълим гирифтаашро қабул накунад ва аз рӯи он амал накунад-чӣ? Барои он ки Каломи Худо ва рӯҳулқудс ба дили омӯзанда таъсир расонад, вақти кофӣ ва пурсабрӣ лозим аст (1 Қӯр. 3:6, 7; Ибр. 4:12). Агар ба омӯзанда фаҳмидан ё истифода бурдани таълимоти Китоби Муқаддас душвор бошад, ба ҷои он ки ба ӯ фишор орем, беҳтар мебуд, ки ба мавзӯи дигар гузарем. Ҳамчунин, агар мо бо ӯ пурсаброна ва бо муҳаббат таълим додани Китоби Муқаддасро давом диҳем, ӯ шояд бо мурури вақт ба кардани дигаргуниҳои лозима барангехта шавад.