Воқеа аз «Солномаи 2015» (рус.), саҳ. 69, сарх. 2–5
Омӯзиши Китоби Муқаддас дар боғ
Маргрет ки дар Олмон зиндагӣ мекунад, ҳар саҳар сагашро ба боғ ба сайругашт мебарорад. Маргарет мегӯяд: «Ман кӯшиш мекунам, ки бо касе ҳамсӯҳбат шавам. Агар бинам ки табъи шахс болида аст, ман гапро ба Китоби Муқаддас мебарам».
Боре ӯ зани 70-солаеро вохӯрд ки ӯ ҳам сагашро ба сайругашт бароварда буд. Маргрет бо вай ҳамсӯҳбат шуд. Ба он зан муоширати онҳо маъқул шуд ва ӯ гуфт ки ҳар рӯз ба Худо дуо мегӯяд ва Китоби Муқаддасро мехонад. Аз ҳамон вақт сар карда, онҳо ҳар рӯз вомехӯрдагӣ шуданд ва оиди мавзӯъҳои Китоби Муқаддас гап мезаданд. Рӯзе он зан аз Маргрет пурсид: «Аз куҷо шумо ин қадар бисёр дар бораи Китоби Муқаддас медонед?» Маргрет гуфт ки ӯ Шоҳиди Яҳува аст.
Маргрет ба он зан якчанд бор пешниҳод кард, ки дар хона омӯзиш кунанд. Ҳарчанд он зан ҳар бор пешниҳоди Маргретро рад мекард, лекин сӯҳбати онҳо идома меёфт. Баъд аз сипари шудани чанд моҳ, Маргрет ба ӯ боз дар хона омӯзиш карданро пешниҳод кард. Ин дафъа он зан иқрор шуд ки аз омӯзиш кардан метарсад, чунки марде ки бо вай зиндагӣ мекунад, Шоҳидони Яҳуваро нағз намебинад.
Маргрет рӯзи дигар бо худ Китоби Муқаддас ва китоби «Таълимот»-ро гирифт. Ва он занро дидан замон, ӯ ҷуръат карда чунин гуфт: «Ин дафъа ман ба шумо дар хона нею дар боғ омӯзиш карданро пешниҳод мекунам». Чашмони он зан аз хурсандӣ пури об шуданд ва ӯ ба омӯзиш розӣ шуд. Ҳоло он зан дар як ҳафта шаш бор ба боғ барои омӯзиш меояд. Маргрет бошад, вобаста аз обу ҳаво ва фасли сол баъзан бо худ чатр ва фонусро мегирад.