Воқеа аз «Солномаи 2015» (рус.), саҳ. 49, сарх. 3 то саҳ. 52, сарх. 1
Пастор ҳақиқатро қабул кард
«Ман акнун ҳар сол ба Шоми ёдбуд меоям». Ин суханонро пастори калисои протестантӣ аз Африқои Ҷанубӣ гуфт. Чӣ ӯро барангехт, ки ба Шоми ёдбуд ташриф орад? Намунаи ду бародар. Боре ду бародари гуногун нажод якҷоя хизмат карда дари пасторро тақ-тақ карданд. Пештар пастор бо Шоҳидони Яҳува гап задан намехост ва бародарон инро медонистанд. Яке аз бародарон, ки номаш Адэн буд, мегӯяд: «Пастор дарро кушода моро ба хонааш таклиф кард ва мо аз ин ҳайрон шудем. Сӯҳбати мо дуру дароз давом кард. Пастор ба ҳайрат омад, ки чӣ хел марди сафедпӯст дар маҳалли сиёҳпӯстон мавъиза мекунад ва бо забони вай гап мезанад. Ӯ омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард».
Адэн суханашро давом дода мегӯяд: «Ин мард беш аз 40 сол чун пастор ва миссионер шуда хизмат кард, вале танҳо дар синни 80 солагиаш ба саволҳои худ ҷавоб ёфт. Ба ӯ китоби “Ба имони онҳо пайравӣ кунед” маъқул аст. Дар вақти омӯзиш вай баъзе фикрҳоро дар ёд гирифта, ҳангоми дар калисо мавъиза карданаш истифода мебарад. Пастор ба аъзоёни калисояш китоби “Таълимот”-ро нишон дода гуфт: “Агар Шоҳидони Яҳува бо ин китоб ба хонаатон биёянд онҳоро гӯш кунед, чунки ин китоб пур аз ганҷҳои рӯҳонист”».
Пастор ба Адэн гуфт, ки роҳбарони калисо ӯро огоҳ карданд, ки дигар дар бораи Шоҳидони Яҳува гап назанад. Вай чӣ кор карданашро намедонист. Адэн воқеаеро аз «Солномаи 2013» ба хотир овард, ки он бо як рӯҳоние ки дар Мянма зиндагӣ мекард, рӯй дода буд. Вақте Адэн он воқеаро ба пастор хонд, ӯ гуфт: «Ин воқеа ба ман дахл дорад. Ман бояд худи ҳозир ба як қарор биёям».
Бори аввал пастор 14-уми апрели соли 2014 ба Шоми ёдбуд ташриф овард ва айнан дар он вақт гуфт, ки ҳар сол ба ин чорабинӣ меояд. Ҳамчунин ӯ қайд кард, ки калисоро тарк карданист.