ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 12.15 саҳ. 3
  • Воқеа аз «Солномаи 2015» (рус.), саҳ. 73

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Воқеа аз «Солномаи 2015» (рус.), саҳ. 73
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2015
Хизмат ба Салтанати Худо 2015
km 12.15 саҳ. 3

Воқеа аз «Солномаи 2015» (рус.), саҳ. 73

Таъсири иззату эҳтиром

30-юми марти соли 2014 бародар Василий, ки солҳои дароз дар Байт-Или Русия хизмат мекунад, на он қадар дур аз филиал бо стенди намоишӣ мавъиза мекард. Дар ин вақт мошини полис ба наздаш омада истод. Баъд яке аз онҳо аз мошин фаромада аз Василий боодобона хоҳиш кард, ки мавъизаи худро бас кунад, чунки баъзе аз ҳамсоягон шикоят карданд. Дигар корманди полис бошад ин сӯҳбати онҳоро ба навор мегирифт. Василий қарор кард, ки беҳтараш ба онҳо итоат кунаду аз паи ҳимояи ҳуқуқӣ худ нашавад. Дар ин вақт одамони бисёр дар гирду атрофи онҳо ҷамъ шуданд. Василий рафт, аммо баъд аз ду рӯз ба шӯъбаи полис занг зада хоҳиши бо сардори полис вохӯрданашро баён кард ва онҳо розӣ шуданд. Вақте ки бародар Василий бо сардори полис вохӯрд, миннатдории худро барои коре ки онҳо бар манфиати ҷомеа мекунанд ва муомилаи хубе ки онҳо бо Василий ду рӯз пеш карда буданд, баён кард. Сардори полис ба ҷонишини худ нигоҳ карда гуфт: «Ман 32 сол боз дар полис кор мекунам, лекин ягон бор барои кори мақомоти полис миннатдорӣ нашунида будам». Дар давоми сӯҳбат ба сардори полис фаҳмонда дода шуд, ки хизмати мо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қонунӣ мебошад. Сардор аз бародар пурсид, ки чаро ӯ ҳақ буданашро дониста хоҳиши полисро рад накард? Василий дар ҷавоб гуфт: «Ман кормандони мақомоти полисро ҳурмату эҳтиром мекунам. Танҳо тасаввур кунед, ки агар ман дар ҳузури дигар одамон корманди полисро барои надонистани қонун айбдор мекардам, ин ба назар чӣ хел менамуд». Сардори полис ва ҷонишини ӯ дар ҳайрат афтоданд ва бародар Василийро бовар кунониданд, ки дигар дар истифодаи стенди намоишӣ ягон душворие намешавад.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан