ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ИРМИЁ 12–16
Халқи Исроил Яҳуваро фаромӯш кард
Ба Ирмиё супориши душворе дода шуд. Ӯ бояд нишон медод, ки Яҳува қарор кардааст, то Яҳудо ва Ерусалимро барои кибру ғурурашон ҷазо диҳад
Ирмиё камарбанди катонӣ харид
Камарбанд, ки дар миён часпида меистад, рамзи муносибати наздики Яҳува бо халқаш мебошад
Ирмиё камарбандро ба дарёи Фурот мебарад
Ӯ камарбандро дар сӯрохии сахра пинҳон карда, ба Ерусалим баргашт
Ирмиё барои гирифтани камарбанд ба дарёи Фурот бармегардад
Камарбанд пӯсида буд
Ирмиё маънои супоришашро аз Яҳува танҳо баъди иҷро карданаш фаҳмид
Ирмиё Яҳуваро ҳатто дар чизҳои ба назар на он қадар муҳим пурра гӯш мекард ва ин итоаткориаш ба Яҳува имкон дод, ки ҳақиқати муҳимро ба одамон бо воситаи мисол фаҳмонад