БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Бовариатонро ба ваъдаҳои Яҳува қавӣ гардонед
Еҳушаъ ва Сулаймон тасдиқ карданд, ки як сухан ҳам аз ваъдаҳои Яҳува иҷро нашуда намондааст (Еҳ 23:14; 3Пш 8:56). Шаҳодати онҳо ҳақ аст ва имони моро мустаҳкам мекунад (2Қр 13:1; Тит 1:2).
Яҳува чӣ тавр ваъдаҳои худро дар рӯзҳои Еҳушаъ иҷро кард? Ҳамроҳи оилаи худ видеонавори «Ягон сухани Яҳува иҷро нашуда намондааст» (Ни одно слово «не осталось неисполненным»)-ро тамошо кунед. Баъд саволҳои зеринро муҳокима кунед: 1) Чӣ тавр ба имони Роҳоб пайравӣ карда метавонед? (Ибр 11:31; Яқ 2:24–26). 2) Чӣ тавр мисоли Охон исбот мекунад, ки дидаву дониста беитоатӣ кардан, бадбахтӣ меорад? 3) Нигоҳ накарда ба он ки ҷидъӯниён ҷанговар буданд, чаро онҳо Еҳушаъро фиреб дода, бо исроилиён сулҳ бастанд? 4) Вақте панҷ шоҳи амӯриён ба Исроил ҳуҷум карданд, чӣ тавр сухани Яҳува иҷро шуд? (Еҳ 10:5–14). 5) Агар шумо Салтанат ва адолати Яҳуваро дар ҷойи аввал монед, Ӯ чӣ тавр ба шумо ғамхорӣ мекунад? (Мт 6:33).
Дар бораи корҳои Яҳува, ки дар гузашта кард, ҳозир мекунад ва дар оянда карданӣ аст, фикру мулоҳиза рондан, имони моро ба ваъдаҳои Ӯ мустаҳкамтар мегардонад (Рм 8:31, 32).
Оё шумо мисли Еҳушаъ ба ваъдаҳои Яҳува боварӣ доред?