ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • mwb17 июн саҳ. 7
  • Мувофиқи меъёрҳои ахлоқии Яҳува амал кунед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Мувофиқи меъёрҳои ахлоқии Яҳува амал кунед
  • Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2017)
  • Маводи монанд
  • Замимаи саволҳо
    Хизмат ба Салтанати Худо 2008
  • Сарулибос ва афту андоме, ки ба Худо писанд аст
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Оё сару либос ва намуди зоҳирии шумо Яҳуваро ҷалол медиҳад?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
  • Оё шумо дили нарм доред?
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2017)
Маълумоти бештар
Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2017)
mwb17 июн саҳ. 7

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Мувофиқи меъёрҳои ахлоқии Яҳува амал кунед

Яҳува барои одамон меъёрҳои ахлоқиро муайян мекунад. Масалан, Ӯ амр медиҳад, ки издивоҷ дар байни марду зан бояд аҳди ҷовидонӣ бошад (Мт 19:4–6, 9). Ӯ ҳама намуди бадахлоқиро маҳкум мекунад (1Қр 6:9, 10). Ӯ ҳатто ба мо принсипҳо дод, то аз сару либос ва намуди зоҳириамон маълум шавад, ки мо халқи Ӯ ҳастем (ТкШ 22:5; 1Тм 2:9, 10).

Дар ҷаҳони имрӯза бисёр одамон меъёрҳои Яҳуваро рад мекунанд (Рм 1:18–32). Онҳо дар либоспӯшӣ, намуди зоҳирӣ ва рафтор мувофиқи ақидаи паҳнгаштаи одамон амал мекунанд. Бисёриҳо аз ахлоқи бади худ фахр карда, дар ҳаққи касоне, ки мисли онҳо нестанд, бадгӯйӣ мекунанд (1Пт 4:3, 4).

Чун Шоҳидони Яҳува мо бояд бо далерӣ меъёрҳои ахлоқии Худоро дастгирӣ кунем (Рм 12:9). Чӣ тавр? Мо бояд ба дигарон боэҳтиромона фаҳмонем, ки чӣ ба Яҳува маъқул аст. Ҳамчунин ба мо лозим аст, ки худамон ҳам мувофиқи меъёрҳои баланди ахлоқӣ зиндагӣ кунем. Масалан, дар вақти интихоби сару либос ва намуди зоҳирӣ аз худ пурсед: Оё интихобам нишон медиҳад, ки ман аз рӯйи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ мекунам, на аз рӯйи меъёрҳои ин ҷаҳон? Оё сару либос ва намуди зоҳирии ман нишон медиҳад, ки ман шахси худотарсам? Ҳангоми интихоби барнома ё тамошои филм аз худ пурсед: Оё ин барнома ба Яҳува маъқул аст? Кадом меъёрҳои ахлоқиро ин барнома ё филм дастгирӣ мекунад? Оё вақтхушии интихобкардаи ман меъёрҳои ахлоқии маро суст мегардонад? (Зб 100:3). Оё ин ба аъзоёни оила ё дигарон монеа мешавад? (1Қр 10:31–33).

Чаро меъёрҳои ахлоқии Яҳуваро риоя кардан муҳим аст? Ба қарибӣ Исои Масеҳ одамони бад ва ҳар намуди бадахлоқиро нест мекунад (Ҳз 9:4–7). Танҳо касоне, ки мувофиқи хости Худо зиндагӣ мекунанд, зинда мемонанд (1Юҳ 2:15–17). Биёед, минбаъд низ аз рӯйи меъёрҳои ахлоқии Яҳува зиндагӣ кунем, то дигарон аъмоли некамонро дида Худоро ҳамду сано хонанд (1Пт 2:11, 12).

Зане либос интихоб карда истодааст

Интихоби либос ва намуди зоҳириам дар бораи ахлоқи ман чӣ мегӯяд?

ВИДЕОНАВОРИ «ДӮСТИ ЯҲУВА ШАВ! ЯК МАРД, ЯК ЗАН»-РО ТАМОШО КАРДА, САВОЛҲОИ ЗЕРИНРО МУҲОКИМА КУНЕД:

  • Чаро мувофиқи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ кардан аз рӯйи хирад аст?

  • Чаро волидон бояд аз хурдӣ ба фарзандонашон меъёрҳои Яҳуваро таълим диҳанд?

  • Чӣ тавр ҷавонон ва пиронсолон ба дигарон ёрӣ дода метавонанд, то аз умеде, ки Худо медиҳад, манфиат гиранд?

ШУМО ЧӢ ҶАВОБ МЕДИҲЕД, ВАҚТЕ БА ШУМО ГӮЯНД...

  • «Нуқтаи назари шумо нисбати ҳомосексуализм чӣ гуна аст?»

  • «Талаботи Китоби Муқаддас дар бораи ҳомосексуализм аз ҳад сахт аст!»

  • «Ҳомосексуалистҳо тарзи ҳаёти худро дигар карда наметавонанд; онҳо чунин таваллуд шудаанд».

(yp1-U боби 23; yp2-U боби 28)

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан