БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Масеҳиёни ҳақиқӣ бо муҳаббати худ аз дигарон фарқ мекунанд. Бо худбинӣ мубориза баред ва ба ғазаб наоед
ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ: Исо гуфт, ки шогирдони ӯро аз рӯйи муҳаббати махсусе, ки байни якдигар доранд, хоҳанд шинохт (Юҳ 13:34, 35). Барои нишон додани чунин муҳаббат мо бояд дар бораи беҳбудии дигарон фикр кунем ва ба ғазаб наоем (1Қр 13:5).
ИНРО ЧӢ ТАВР БОЯД КАРД:
Вақте ягон кас бо сухан ё рафтораш шуморо меранҷонад, мулоҳиза ронед, ки якдигарнофаҳмӣ аз куҷо сарчашма гирифт ва пеш аз кардани ягон кор оқибати онро фикр кунед (Мс 19:11)
Фаромӯш накунед, ки ҳамаи мо одамони нокомил ҳастем ва баъзан аз гапи гуфтаамон ё амали кардаамон пушаймон мешавем
Нофаҳмиҳоро дарҳол ҳал кунед
ВИДЕОНАВОРИ «ДАР БАЙНАТОН МУҲАББАТ БОШАД. БО ХУДБИНӢ МУБОРИЗА БАРЕД ВА БА ҒАЗАБ НАОЕД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
Ларри ба пешниҳоди Том чӣ хел муносибат кард?
Чӣ ба Том ёрӣ дод, то ғазабашро идора кунад?
Оромона ҷавоб додани Том чӣ натиҷа овард?
Агар чизе моро ба ғазаб ораду мо оромиро нигоҳ дорем, ин ба тамоми ҷамъомад чӣ хел таъсир мерасонад?