БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Шумо аз ӯҳдаи мавъиза кардану таълим додан мебароед!
Мӯсо дар аввал шубҳа мекард, ки аз ӯҳдаи супорише, ки Яҳува ба ӯ дод, баромада метавонад (Хр 4:10, 13). Оё шумо низ чунин ҳиссиёт доштед? Шояд шумо бо Шоҳидони Яҳува Китоби Муқаддасро меомӯзед ва фикр мекунед, ки ҳеҷ гоҳ хона ба хона мавъиза карда наметавонед. Ё ин ки дар мактаб таҳсил карда шарм мекунед, ки дар бораи имонатон бо дигарон гап занед. Ё шояд метарсед, ки ба воситаи телефон ё дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мавъиза кунед. Пас, аз Яҳува илтиҷо кунед, ки бо рӯҳи муқаддасаш ба шумо қувват бахшад (1Пт 4:11). Бовар кунед, Яҳува ба шумо ҳама чизи лозимаро медиҳад, то аз ӯҳдаи ҳар супорише, ки Ӯ медиҳад, баромада тавонед (Хр 4:11, 12).
ВИДЕОНАВОРИ «ДАЛЕР БОШЕД! ВОИЗОН»-РО МОНЕД, ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
Хоҳар Ҳарука аз чӣ метарсид?
Чӣ ба ӯ қуввату далерӣ бахшид? (Ир 20:7–9)
Чӣ тавр дар намуди нави хизмат иштирок кардан ба вай ёрдам дод?
Яҳува барои бартараф кардани кадом душвориҳо дар хизмат ба шумо ёрдам мекунад?