БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Яҳува халқашро ҳимоя мекунад
Ҷашн гирифтани аввалин иди Раҳоӣ чорабинии хеле муҳим буд. Он шом, баъд аз он ки фиръавн дар бораи марги нахустзодааш хабардор шуд, ба Мӯсо ва Ҳорун чунин гуфт: «Бархезед ва аз миёни қавми ман берун равед, ҳам шумо ва ҳам банӣ-Исроил, ва рафта, Худовандро ибодат намоед, чунон ки гуфтед» (Хр 12:31). Яҳува нишон дод, ки халқашро ҳимоя мекунад.
Таърихи имрӯзаи Шоҳидони Яҳува аниқ нишон медиҳад, ки Ӯ мисли пештара халқашро роҳнамоӣ ва ҳимоя мекунад. Бахшида ба ҳамин мавзӯъ дар осорхонаи идораи марказӣ намоишгоҳе омода шудааст, ки чунин ном дорад: «Халқе, ки бар худ номи Яҳуваро дорад».
ВИДЕОНАВОРИ «САЁҲАТ БА ОСОРХОНАИ УОРВИК: “ХАЛҚЕ, КИ БАР ХУД НОМИ ЯҲУВАРО ДОРАД”»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас аз соли 1914 сар карда барои боварии одамонро ба Китоби Муқаддас зиёд гардондан кадом технологияи навро истифода мебурданд ва ин чӣ натиҷа овард?
Соли 1916 ва 1918 хизматгорони Худо бо кадом озмоишҳо рӯ ба рӯ шуданд ва чӣ тавр онҳо боварӣ ҳосил карданд, ки Яҳува ташкилоташро роҳнамоӣ мекунад?
Чӣ ба хизматгорони Яҳува кӯмак кард, ки дар имон устувор монанд?
Соли 1935 ба халқи Яҳува кадом фаҳмиши нав ошкор шуд ва чӣ тавр ин ба онҳо таъсир расонд?
Кадом чизе, ки дар осорхонаҳои мо дидед, имони шуморо ба он қавӣ сохт, ки Яҳува халқашро роҳнамоӣ ва ҳимоя мекунад?