ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • mwb21 январ саҳ. 5
  • Издивоҷатонро муҳофизат кунед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Издивоҷатонро муҳофизат кунед
  • Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2021)
  • Маводи монанд
  • Ҳамсарон, издивоҷатонро муваффақ созед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
  • Агар оила наздик ба вайрон шудан аст...
    Сирри хушбахтии оила
  • Ба мушкилиҳои издивоҷатон назари мусбӣ дошта бошед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
  • Бигзор издивоҷи шумо мисли риштаи сеқабата бошад
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2008
Маълумоти бештар
Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2021)
mwb21 январ саҳ. 5
Шавҳаре дар бари занаш нишаста бо хурсандӣ ҳамроҳи ӯ ҷомашӯӣ мекунад.

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Издивоҷатонро муҳофизат кунед

Яҳува ба ваъдае, ки ҳамсарон ҳангоми оиладоршавӣ медиҳанд, ҷиддӣ муносибат мекунад ва мехоҳад, ки зану шавҳар як тан шаванд (Мт 19:5, 6). Дар байни халқи Худо бисёр оилаҳо хушбахтанд. Лекин ягон издивоҷ бекамбудӣ нест ва дар ҳар як оила душвориҳо ба миён меоянд. Имрӯзҳо, вақте ки гапи ҳамсарон мегурезад, одамони ҷаҳон барои нигоҳ доштани издивоҷ мубориза набурда, ҷудо мешаванд. Вале Шоҳидони Яҳува набояд чунин кунанд. Пас, чӣ тавр ҳамсарони масеҳӣ издивоҷи худро муҳофизат карда метавонанд?

Панҷ қадами зерин ба шумо ёрӣ мерасонад:

  1. Дили худро ҳифз карда, ба касе, ки ҳамсаратон нест, диққати ношоиста накунед ва аз вақтхушиҳои бадахлоқона, ки пайванди издивоҷатонро суст мегардонанд, дурӣ ҷӯед (Мт 5:28; 2Пт 2:14).

  2. Дӯстиатонро бо Яҳува мустаҳкам кунед ва кӯшиш кунед, ки издивоҷатон писанди Ӯ бошад (Зб 96:10).

  3. Минбаъд низ шахсияти навро дар бар кунед ва дар корҳои майда меҳрубонӣ зоҳир карда, ҳаёти ҳамсаратонро осонтар гардонед (Қл 3:8–10, 12–14).

  4. Дар оила муоширати хуб дошта, боэҳтиромона гап занед (Қл 4:6).

  5. Вазифаи заношӯиро ба ҷо оварда, нисбати ҳамсаратон меҳру навозиш зоҳир кунед (1Қр 7:3, 4; 10:24).

Вақте масеҳиён нисбати издивоҷ ҳурмату эҳтиром нишон медиҳанд, онҳо Барпокунандаи оила, Яҳуваро эҳтиром менамоянд.

ВИДЕОНАВОРИ «БО ИСТОДАГАРӢ ДАВЕД. ҚОНУНУ ҚОИДАРО ВАЙРОН НАКУНЕД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Саҳна аз видеонавори «Бо истодагарӣ давед. Қонуну қоидаро вайрон накунед». Бародар ва хоҳар Келу дар Ибодатгоҳ баъд аз нутқи тӯёнаашон табассум мекунанд.

    Ҳатто агар издивоҷ саршавии хуб дошта бошад, кадом душвориҳо пайдо шуда метавонанд?

  • Саҳна аз видеонавори «Бо истодагарӣ давед. Қонуну қоидаро вайрон накунед». Бародар ва хоҳар Келу нофаҳмиҳояшонро оромона муҳокима мекунанд. Дар рӯйи миз Китоби Муқаддас кушода аст.

    Чӣ тавр принсипҳои Китоби Муқаддас ба касоне, ки муҳаббати ҳамсарашонро ҳис намекунанд, кӯмак мерасонанд?

  • Саҳна аз видеонавори «Бо истодагарӣ давед. Қонуну қоидаро вайрон накунед». Бародар Келу ба зан ва ду духтарчааш китоби «Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас»-ро хонда истодааст.

    Принсипҳои Китоби Муқаддасро ба кор баред, то оилаатон хушбахт бошад

    Яҳува барои оила кадом қонуну қоидаҳоро муқаррар кардааст?

  • Барои хушбахтии оила ҳам шавҳар ва ҳам зан бояд чӣ кор кунанд?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан