ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • g17 № 1 саҳ. 16
  • Сохти аҷоиби бадани мӯрчаи нуқраранг

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Сохти аҷоиби бадани мӯрчаи нуқраранг
  • Бедор шавед!—2017
  • Маводи монанд
  • Мундариҷа
    Бедор шавед!—2017
  • Хиради Яҳува дар офаридаҳояш аён аст
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2009
Бедор шавед!—2017
g17 № 1 саҳ. 16
Мӯрчаи нуқраранг

ОЁ ИН ХУД АЗ ХУД ПАЙДО ШУД?

Сохти аҷоиби бадани мӯрчаи нуқраранг

МӮРЧАҲОИ нуқраранге, ки дар биёбони Саҳрои Кабир зиндагӣ мекунанд (Cataglyphis bombycina), аз бисёр ҷонварон бо он фарқ мекунанд, ки ба гармиҳои сахттарин тоб меоранд. Вақте ҳайвонҳое, ки мӯрчаҳоро хӯрда метавонанд, аз офтоби тафсони нисфирӯзӣ соя меҷӯянд, ин мӯрчаҳо ба муддати кӯтоҳе аз мӯрчахона барои ҷустуҷӯйи хӯрок мебароянд. Хӯроки онҳо аз ҳашаротҳое иборат аст, ки ба гармии биёбон тоб наоварда мемуранд.

Як чизе, ки мӯрчаи нуқрарангро аз гармо ҳимоя мекунад, ин мӯйҳои аҷоиби онҳо аст

[50] мкм

Фикр кунед. Чӣ мӯрчаи нуқрарангро аз гармо ҳимоя мекунад? Якчанд чиз, аз ҷумла сохти аҷоиби мӯйҳои пушту паҳлӯяш ва шиками бемӯяш. Маҳз мӯйҳояш ба ин мӯрча ҷилои нуқрагин медиҳад. Буриши кӯндалангии мӯйҳои вай шакли секунҷаро дорад. Гуфтан мумкин аст, ки мӯйҳои ин мӯрча се рӯя доранд. Ду рӯяи ин мӯйҳо ба тарафи офтоб нигаронида шудааст ва нурҳои инфрасурхро инъикос карда, ҳамин тавр мӯрчаро аз гармӣ ҳимоя мекунанд. Ғайр аз ин сохти мӯйҳояш ба мӯрча имконият медиҳад, ки гармиеро, ки дар баданаш ҷамъ шудааст, ба берун хориҷ кунад. Сохти шиками бемӯйи мӯрча бошад, ба гармии офтоб, ки аз реги тафсон бармехезад, муқобилият мекунад. Ин ҳам мӯрчаро аз гармӣ ҳимоя мекунадa.

Мӯйи мӯрчаи нуқраранг калон карда буриши кӯндалангиашон нишон дода шудаанд

[10] мкм

Хосиятҳои аҷоиби бадани мӯрчаи нуқраранг ба вай имкон медиҳанд, ки ҳарорати баданаш аз 53,6 °C нагузарад, чунки ба ҳарорати аз ин зиёд тоб оварда наметавонад. Олимон аз сохти ин ҳашарот илҳом гирифта, мехоҳанд маводҳои махсусе созанд, ки онҳо бе истифода аз вентилятор ва дигар асбобҳо ба гармӣ тоб оранд.

Шумо чӣ фикр доред? Оё бадани аҷоиби ин мӯрча худ аз худ пайдо шуд? Ё онро Худо офаридааст?

a Ин ҷонвар боз дигар хосиятҳои аҷоиб дорад. Масалан, сафедаҳои махсусе, ки баданаш ҳосил мекунад, ба осонӣ дар гармӣ аз ҳам ҷудо намешаванд, яъне ба гармӣ тобоваранд. Пойҳои дарози мӯрча баданашро аз сатҳи реги тафсон баландтар нигоҳ медоранд ва ба вай имкон медиҳанд, ки тез-тез ҳаракат кунад. Ҳамин тавр вай худро аз таъсири дурударози гармӣ халос мекунад. Ғайр аз ин вай қобилияти аҷоиб дорад, ки барои ба мӯрчахона баргаштан роҳи кӯтоҳтаринро ёбад.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан