МАВЗӮИ АСОСӢ | КИТОБЕ, КИ АЗ ТАРАФИ ХУДОСТ
Китоби Муқаддас. Оё он дар ҳақиқат «аз рӯйи илҳоми илоҳист»?
ОЁ ШУМО бовар мекунед, ки Китоби Муқаддасa аз тарафи Худо аст? Ё фикр мекунед, ки дар ин китоб фикру ақидаи одамон навишта шудааст?
Ҳатто дар байни онҳое, ки худро масеҳӣ меноманд, оиди ин саволҳо баҳсу мунозира ба миён меояд. Масалан, соли 2014 мувофиқи раъйпурсии як институти машҳури Иёлоти Муттаҳида, бисёри масеҳиён бовар доранд, ки «Китоби Муқаддас бо ягон тарз ба Худо алоқаманд аст». Ҳамзамон аз панҷ як ҳиссаашон чунин фикр доштанд, ки Китоби Муқаддас «китоби афсонаҳои қадимӣ, ривоятҳо, воқеаҳои таърихӣ ва панду насиҳатҳое мебошанд, ки аз тарафи инсон навишта шудааст». Дар Китоби Муқаддас бошад, гуфта шудааст: «Тамоми Навиштаҳо аз рӯйи илҳоми илоҳист» (2 Тимотиюс 3:16).
«ИЛҲОМИ ИЛОҲӢ» ЧӢ МАЪНО ДОРАД?
Китоби Муқаддас аз 66 китобҳои хурд иборат аст, ки онро тақрибан 40 нафар одамон дар давоми зиёда аз 1600 сол навиштаанд. Агар Китоби Муқаддасро одамон навишта бошанд, оё ин маънои онро дорад, ки Китоби Муқаддас аз тарафи Худо нест? Ибораи «илҳоми илоҳӣ» мефаҳмонад, ки Сарчашмаи ҳамаи маълумоти навишташуда Худо мебошад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «муқаддасони Худо, бо таҳрики Рӯҳулқудс, онро ба забон рондаанд» (2 Петрус 1:21). Дигар хел карда гӯем, Худо қувваи ноаёни худ, яъне рӯҳи муқаддасашро истифода бурд, то ба нависандагони Китоби Муқаддас хабари худро расонад. Ин ба монанди он аст, ки сардори корхона фикрашро дикта мекунад ва котиб онро менависад. Муаллифи ин нома на он касест, ки менависад, балки касест, ки онро дикта мекунад.
Баъзе нависандагони Китоби Муқаддас хабари Худоро ба воситаи фариштагон шуниданд. Дигарон бошанд, ваҳй диданд. Дар баъзе мавридҳо Худо хабари худро дар хобашон ба онҳо мегуфт. Баъзан Худо иҷозат медод, ки нависандагон бо суханони худ хабари Ӯро расонанд ва баъзан Ӯ худаш мегуфт, ки чӣ нависанд. Ба ҳар ҳол, нависандагон фикрҳои Худоро менавиштанд, на фикрҳои худро.
Чӣ тавр мо боварӣ дошта метавонем, ки нависандагони Китоби Муқаддасро Худо илҳом бахшидааст? Биёед се далелро дида бароем. Ин далелҳо исбот мекунанд, ки Китоби Муқаддас аз тарафи Худо мебошад.
[Эзоҳ]
a Дар баъзе ҷойҳо чун Таврот, Забур ва Инҷил мешиносанд.