ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • g18 № 2 саҳ. 15
  • 12 Мақсадҳо

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • 12 Мақсадҳо
  • Бедор шавед!—2018
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ИН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?
  • ЧАРО МАҚСАД ГУЗОШТАН МУҲИМ АСТ?
  • ЧӢ МЕТАВОН КАРД?
  • Ҷавонон, шумо ҳаёти худро ба чӣ мебахшед?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2010
  • Шумо бар бадбинӣ ғолиб омада метавонед
    Бедор шавед!—2004
  • Ҷавонон, оё диққати шумо ба мақсадҳои рӯҳонӣ равона аст?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2018
  • Минбаъд низ пешравӣ кунед
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
Маълумоти бештар
Бедор шавед!—2018
g18 № 2 саҳ. 15
Ҷавоне лоиҳа кашида истодааст

Мақсадҳо — мисли лоиҳа мебошанд, ки ту кӯшиш карда онҳоро дар амал татбиқ карда метавонӣ

БАРОИ ҶАВОНОН

12 Мақсадҳо

ИН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Мақсад гузоштан ин фақат маънои орзу кардани чизеро надорад. Шахс барои ба мақсадҳояш расидан бояд ҳама чиро хуб нақша кашад, агар дар роҳаш монеа пайдо шавад, бояд илоҷи дигарро ҷӯяд ва бисёр меҳнат кунад.

Мақсадҳое ҳастанд, ки мо ба онҳо дар муддати кӯтоҳ, яъне дар чанд рӯз ё ҳафта расида метавонем. Барои расидан ба баъзе мақсадҳо бошад, муддати дароз — моҳҳо ва ҳатто якчанд сол лозиманд. Ба мақсадҳои дарозмуддат қадам ба қадам бо ёрии гузоштани мақсадҳои хурд расидан мумкин аст.

ЧАРО МАҚСАД ГУЗОШТАН МУҲИМ АСТ?

Вақте кас ба мақсади гузоштааш ноил мегардад, бовариаш ба худ меафзояд, бо дӯстон муносибаташ қавитар мешавад ва хурсандии зиёдтар ҳис мекунад.

Боварӣ ба худ: Вақте мақсадҳои хурд мемонӣ ва ба онҳо мерасӣ, бовариат зиёд мегардад, ки ба мақсадҳои калонтар низ расида метавонӣ. Ҳамчунин ин барои паси сар кардани душвориҳои ҳаррӯза, масалан, фишори ҳамсолон кӯмак мекунад.

Дӯстӣ: Дӯстӣ кардан бо одамоне, ки дар ҳаёт мақсад доранд ва бо иродаи қавӣ ба он ҳаракат мекунанд, ба ҳама маъқул аст. Илова бар ин яке аз роҳҳои беҳтарини мустаҳкам кардани дӯстӣ ин якҷоя бо он шахс сӯйи як мақсад ҳаракат кардан аст.

Хурсандӣ: Вақте ту дар наздат мақсад мегузорӣ ва ба он мерасӣ, хурсандию қаноатмандӣ ҳис мекунӣ.

«Ман мақсад гузоштанро дӯст медорам. Ин ба ман кӯмак мекунад, ки бо коре банд бошам ва вақтамро беҳуда нагузаронда сӯйи мақсадам ҳаракат кунам. Вақте ту ба мақсадат мерасӣ, ба ақиб нигоҳ карда хурсандона мегӯйӣ: “Чӣ хел зӯр! Ман аз ӯҳдаи ин баромадам!”» (Кристофер).

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Касе ки ба бод нигоҳ мекунад, кишт нахоҳад кард, ва касе ки ба абрҳо назар медӯзад, дарав нахоҳад кард» (Воиз 11:4).

ЧӢ МЕТАВОН КАРД?

Ин қадамҳо ба ту ёрдам мекунанд, ки мақсадҳо гузорӣ ва ба онҳо бирасӣ.

Мақсадатро аниқ кун. Дар як варақ мақсадҳои бароят дастрасро навис ва ба онҳо аз рӯйи муҳиммияташон рақам гузор.

Нақша каш. Барои ҳар мақсадат:

  • мӯҳлат мон

  • муайян кун, ки бояд кадом корҳоро анҷом диҳӣ

  • навис, ки кадом монеаҳо пайдо шуда метавонанд ва оиди чӣ тавр бартараф кардани онҳо пешакӣ фикр кун

Амал кун. То аниқ шудани ҳар як ҷузъиёти кор интизор шуда нашин. Ба худ савол деҳ: «Якум қадаме, ки ман барои ба мақсадам расидан монда метавонам, кадом аст?» Сипас амал кун. Вақте торафт пеш меравӣ қайд кун, ки ба кадом чизҳо ноил гаштӣ.

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Мулоҳизаҳои шахси ғайратманд яқинан нафъовар аст» (Масалҳо 21:5).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан