ОНҲО ДУШВОРИРО ҲАЛ КАРДА ТАВОНИСТАНД
Саргузашти Рикардо ва Андрес
Таълиму тарбияе, ки Китоби Муқаддас медиҳад қудрат дорад, ки ҳаёти одамонро дигар кунад. Биёед мисоли Рикардо ва Андресро дида бароем.
РИКАРДО: Дар синни 15-солагӣ, ки айни ҷӯшу хурӯши ҳаёт аст, ман ба гурӯҳи ҷинояткорон ҳамроҳ шудам. Ин дӯстони нав ба ман чунон таъсир карданд, ки ҳатто мақсад мондам, ки дар маҳбас даҳ сол шинам. Шояд ин кори беақлона тобад, лекин дар ҷое, ки ман зиндагӣ мекардам ба одамоне, ки аз маҳбас мебаромаданд, бо ҳавас нигоҳ карда, онҳоро ҳурмат мекарданд. Ман ҳам мисли онҳо будан мехостам.
Пас аз он ки ба гурӯҳ ҳамроҳ шудам, ҳама чизро чашида дидам, аз он ҷумла, нашъа, алоқаи ҷинсӣ ва зӯровариро. Як шаб дигар гурӯҳи ҷинояткорон моро тирборон карданд. Рости гап қариб мемурдам, лекин чӣ хел шуду зинда мондам. Баъди ин ман дар бораи ҳаёт ва мақсадҳоям ҷиддитар фикр намуда қарор кардам, ки дигар мешавам. Вале чӣ тавр? Аз куҷо ёрдам пурсам?
Бисёр хешу таборонам хушбахт набуданд ва ба проблема ғӯтида буданд. Лекин ҳаёти тағои кенҷагиам тамоман аз онҳо фарқ дошт. Ман медонистам, ки онҳо одамони худотарсанд ва бо гуфтаҳои Худо зиндагӣ мекарданд. Ман аз онҳо фаҳмида будам, ки номи Худо Яҳува аст. Барои ҳамин чанде пас аз тирборон ман ба Худо дуо гуфта номашро гирифтам ва ёрдам пурсидам. Ва рӯзи дигар як Шоҳиди Яҳува дари маро тақ-тақ кард. Ӯ ба ман ёрдам дод, ки Китоби Муқаддасро омӯхта бо Яҳува наздиктар шинос шавам.
Ман бо душвории калон рӯ ба рӯ шудам. Дӯстони пештараам ба ман тез-тез занг зада мегуфтанд, ки ба онҳо ҳамроҳ шавам. Ҳарчанд бароям осон набуд, ман ин пешниҳоди онҳоро рад мекардам. Зеро аз Худо дур шудан намехостам. Ҳоло ман пушаймон нестам, ки чунин қарор кардам. Ҳаёти ман тамоман дигар шуд ва ман хушбахтии ҳақиқиро ёфтам.
Дар ёдам ҳаст, ки боре ба Худо чунин дуо гуфтам: «Як вақтҳо чун аъзои гурӯҳи ҷинояткорон, барои эҳтироми дигаронро сазовор шудан, ман тайёр будам, ки даҳ сол дар ҳабс шинам. Акнун имконият деҳ, ки даҳ соли умрамро пурра ба хизмати Ту сарф кунам, зеро мехоҳам, ки, чи хеле ки ба ман ёрдам доданд, ба дигарон ёрӣ расонам». Худо ба дуои ман ҷавоб дод ва ҳоло 17 сол мешавад, ки ман ба Худо хизмат мекунам. Бояд гуфт, ки ман ҳамин тавр ҳеҷ гоҳ дар маҳбас нашиштам.
Бисёр дӯстони пештараам то ҳол дар ҳабсанд. Баъзеашон мурданд. Ба қафо нигоҳ мекунаму нисбати тағоям ва оилааш, ки Шоҳиди Яҳува ҳастанд, миннатдориам зиёд мегардад. Онҳо мувофиқи гуфтаҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ карда, наметарсиданд, ки аз дигарон фарқ мекунанд. Барои ин корашон ман онҳоро ҳамин хел ҳурмат мекунам, ки ягон аъзои гурӯҳи ҷинояткоронро ин хел ҳурмат намекардам. Ғайр аз ин, ман аз Яҳува Худо миннатдорам, ки ба ман роҳи беҳтарини ҳаётро таълим дод.
АНДРЕС: Ман дар минтақаи камбағале ба воя расидам, ки дар он ҷо нашъамандӣ, ғоратгарӣ, одамкушӣ ва зинокорӣ паҳн шуда буд. Падарам бадмаст буд ва кокаин истеъмол мекард. Гапи волидонам тез-тез мегурехт ва онҳо ҷанҷол мекарданд.
Вақте хеле ҷавон будам, ба арақнӯшӣ ва нашъакашӣ даст задам. Рӯзам қариб ки дар кӯча мегузашт ва ман дуздӣ карда чизҳои дуздидаамро мефурӯхтам. Баъди калонтар шуданам падарам мехост ба ман наздиктар шавад, лекин ин корро бо роҳи нодуруст мекард. Ӯ ба ман ёд дод, ки чӣ тавр нашъа ва дигар маводҳои манъшударо ба таври ғайриқонунӣ аз сарҳад гузаронда онро фурӯшам. Ва ман дар муддати кӯтоҳ пули калон ёфтам. Лекин рӯзе кормандони полис ба хонаам омаданд. Онҳо маро ба суиқасд айбдор намуда ба муддати панҷ сол ҳабс карданд.
Як саҳар ба воситаи баландгӯяк ба маҳбусон эълон карда шуд, ки хоҳишмандон метавонанд ба муҳокимаи Китоби Муқаддас, ки Шоҳидони Яҳува мегузаронанд, биёянд. Ман рафтам ва чизе, ки шунидам, ба дилам таъсир кард. Барои ҳамин бо Шоҳидони Яҳува омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардам. Онҳо меъёрҳои баланди ахлоқии Худоро ба ман нишон дода маънои оятҳоро чи хеле ки ҳаст, ҳамон хел мефаҳмонданд.
Ман фаҳмидам, ки худам танҳо ҳаётамро дигар карда наметавонам. Зеро коре, ки ман мекардам ба маҳбусон маъқул набуд, аз ин рӯ, онҳо маро таҳдид мекарданд. Барои ҳамин ба Яҳува дуо гуфта қуввату хирад пурсидам. Ва Ӯ ёрдам дод, ки аз таҳдиди онҳо натарсам ва ҳатто ба дигар маҳбусон дар бораи Китоби Муқаддас нақл кунам.
Рӯзе, ки маро озод карданд, ман хавотир будам, ки акнун берун аз маҳбас чӣ хел зиндагӣ мекарда бошам, чунки дар маҳбас одат карда будам. Баъзе маҳбусон даст ҷунбонда бо ман хайрухуш мекарданд. Ва баъзеашон ҳатто меҳрубонона мегуфтанд: «Худатро эҳтиёт кун, пайғамбараки мо».
Агар таълимоти Яҳуваро қабул намекардам, ҳатто аз тасаввур кардани он ки ҳаётам имрӯз чӣ хел мешуд, тарсида меравам. Ман аз Яҳува хеле миннатдорам, ки маро дӯст дошт ва фикр накард, ки ман дигар ислоҳ намешавам.a
a Барои ёфтани маълумоти бештар оиди он ки чӣ тавр Китоби Муқаддас ҳаёти дигаронро тағйир дод, шумо метавонед ба сомонаи jw.org, ба саҳифаи КИТОБХОНА ва силсиламақолаҳои «Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад» дароед.