ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • g20 № 2 саҳ. 8-9
  • 2. Оё мо бо айби худ дарду азоб мекашем?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • 2. Оё мо бо айби худ дарду азоб мекашем?
  • Бедор шавед!—2020
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Чаро ба ин савол ҷавоб ёфтан муҳим аст?
  • Дар ин бора фикр кунед:
  • Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд?
  • Мундариҷа
    Бедор шавед!—2020
  • 4. Вақте Худо одамонро офарид, оё Ӯ мехост, ки онҳо азоб кашанд?
    Бедор шавед!—2020
  • 1. Магар ба ранҷу азоби мо Худо сабабгор аст?
    Бедор шавед!—2020
  • Чаро Худо ба ранҷу азобҳо роҳ медиҳад?
    Таълимоти Китоби Муқаддас
Маълумоти бештар
Бедор шавед!—2020
g20 № 2 саҳ. 8-9
Марде дар хонааш нишаста дар як даст сигор дар дигараш шишаи шаробро дошта истодааст.

2. Оё мо бо айби худ дарду азоб мекашем?

Чаро ба ин савол ҷавоб ёфтан муҳим аст?

Чунки агар ба ранҷу азоб ҳақиқатан худи мо сабабгор бошем, пас кам кардани он шояд дар дасти худамон аст.

Дар ин бора фикр кунед:

Рӯй надодани душвориҳои дар поён овардашуда то кадом андоза аз одамон вобастаанд?

  • Дасти мушткардашуда рамзи зӯроварӣ мебошад.

    Зӯроварӣ.

    Аз рӯйи ҳисоботи Созмони умумиҷаҳонии ҳифзи тандурустӣ аз 4 одами баркамол 1 нафар дар давраи кӯдакӣ аз зӯроварӣ азоб кашидааст ва аз 3 зан 1 нафар дар давоми ҳаёти худ бо ҷабру фишор ё таҷовуз (ё бо ҳарду) рӯ ба рӯ мешавад.

  • Сангҳои мазор аломати қабристон мебошад.

    Дарду ранҷ аз марги шахси наздик

    Мувофиқи иттилооти омори умумиҷаҳонӣ соли 2016 дар дунё 477 000 нафар аз дасти ҷинояткорон кушта шуданд. Худи ҳамон сол тақрибан 180 000 нафари дигар қурбони ҷангу ошӯбҳо гаштанд.

  • Тасвири кардиограммаи дил рамзи бемориҳоро дорад.

    Душвориҳои бо саломатӣ алоқаманд

    Дар як маҷаллаи машҳур («National Geographic») нависанда Фрэн Смит қайд мекунад: «Зиёда аз як миллиард одам сигор мекашад ва тамоку ба пайдошавии 5 намуди бемории марговар сабаб шуда метавонад: бемориҳои дил, сактаи мағзи сар, сирояти роҳи нафас, бемории музмини шуш ва саратони шуш».

  • Тасвири тарозуи нобаробар рамзи душвориҳои иқтисодиро дорад.

    Нобаробарӣ дар ҷомеа

    «Камбағалӣ, миллатчигӣ, ҷудо кардани одамон аз рӯйи вазъи иҷтимоӣ, пастзании занон, гуреза шудан ва рақобат байни одамон барои доштани ҳаёти беҳтарин бо эҳтимоли зиёд ба зиқиву дилтангӣ оварда мерасонанд»— мегӯяд равоншинос Ҷей Ваттс.

    ЗИЁДТАР ФАҲМЕД

    Видеонавори «Барои чӣ Худо заминро офарид?»-ро дар сайти jw.org тамошо кунед.

Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд?

Марде, ки дар боло тасвир шудааст, ҳоло дар беморхона бистарӣ мебошад. Ҳамсари ӯ аз духтур дар бораи саломатии шавҳараш хабари бадро шунида зиқ мешавад.

Ба бисёри ранҷу азоб худи одамон сабабгоранд.

Асосан бо айби ҳукуматдорони бераҳму ситамгар одамон азоб мекашанд.

«Одам бар одам ба зарари вай ҳукмронӣ мекунад» (ВОИЗ 8:9).

Одамон ранҷу азоби худро кам карда метавонанд.

Агар мо аз рӯйи принсипҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ кунем, саломатиамон беҳтар мегардад ва муносибатамон бо атрофиён хуб мешавад.

«Дили ором ҳаёти ҷисм аст, вале ҳасад фасоди устухонҳост» (МАСАЛҲО 14:30).

«Ҳар гуна кинаю адоват, қаҳр, ғазаб, фарёд, дашном ва ҳамчунин ҳар бадиро аз худ дур кунед» (ЭФСӮСИЁН 4:31).

Оё мо бо айби худ дарду азоб мекашем?

Китоби Муқаддас мегӯяд: «Он чӣ одам мекорад, ҳамонро дарав хоҳад кард» (Ғалотиён 6:7). Баъзан мо аз пушти рафтори нодурусти худамон азоб мекашем. Аз ин рӯ духтурон маслиҳат медиҳанд, ки ғизои фоиданок истеъмол кунем, машқи ҷисмонӣ карда истем ва ба корҳои зараровар, ба мисли сигоркашӣ даст назанем. Лекин чунин гуфтан хато мебуд, ки ба ҳамаи ранҷу азоб худи инсоният сабабгор аст. Бисёр одамони бегуноҳ қурбони садамаю офатҳо мегарданд ё бо дигар мусибатҳо дучор мешаванд.

Чаро одамони хуб азоб мекашанд?

Ба саволи 3 нигаред.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан