ДУНЁ НООРОМ АСТ
1 | Саломатиатонро эҳтиёт кунед
ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ?
Ҳодисаҳои нохуш ба саломатии инсон аз ҳар ҷиҳат зарар расонда метавонад.
Мушкилиҳо ба одамон стресс меоранд. Агар ин ҳолат дер давом кунад, эҳтимоли зиёд аст, ки шахс ба беморӣ гирифтор мешавад.
Офатҳо дар системаи тандурустӣ мушкилӣ ба миён меоранд, ки ин дар навбати худ ба норасоии доруворӣ сабаб мегардад.
Ҳар гуна харобӣ ба вазъи иқтисодӣ зарар меорад. Дар натиҷа одамон худро бо чизҳои одӣ, ба монанди хӯроки солим ё доруворӣ, таъмин карда наметавонанд.
Маълумоти муфид
Аз сабаби бемории ҷиддӣ ва стресс одам қарорҳои нодуруст мебарорад. Дар ин ҳол шахс ба корҳое, ки гарави саломатианд, беаҳамиятӣ мекунад ва худро ҳатто бадтар ҳис карда метавонад.
Агар шахс ба саломатиаш хунукназарӣ кунад, аҳволаш бад мешавад ва ҳатто ҳаёташро зери хатар мегузорад.
Саломатии хуб кумак мекунад, ки дар вақтҳои нотинҷ қарорҳои дуруст қабул кунед.
Новобаста ба вазъи иқтисодиатон шумо барои тансиҳатии худ чораҳои заруриро андешида метавонед.
Чораҳое, ки андешида метавонед
Одами оқибатандеш, илоҷаш бошад, хатарро пешакӣ мебинад ва барои пешгирии он чораҳои зарурӣ меандешад. Шумо ҳам дар мавриди саломатии худ ин тавр карда метавонед. Аксар вақт барои пешгирӣ кардани беморӣ ё сабук гузарондани он риоя кардани тозагӣ ёрдам мекунад. Беҳуда нагуфтаанд: «Пешгирӣ — беҳ аз табобат».
«Агар мо худ ва ҷойи зистамонро тоза нигоҳ дорем, барои духтур ва дорую дармон пули бисёр сарф намекунем» (Андреас)a.
a Баъзе номҳо дар ин маҷалла иваз шудаанд.