Дар ин рӯзҳои ноором маслиҳатҳои зеринро ба кор бурда муносибати худро бо наздиконатон қавӣ нигоҳ доред
ПАЙВАНДИ ИЗДИВОҶИ ХУДРО МУСТАҲКАМ ГАРДОНЕД
Пайванди издивоҷи худро мустаҳкам гардонед
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Ду нафар беҳ аз як нафар... агар яке афтад, дигарӣ ба вай ёрдам медиҳад, ки ба по хезад» (Пандгӯ 4:9, 10). Зану шавҳар бояд мисли бозингарони як даста амал кунанд, на чун ду дастаи рақибе, ки яке дигареро мағлуб кардан мехоҳад.
Азм кунед, ки хашматонро ба якдигар фурӯ намерезед. Агар сабру тоқат нишон диҳед, мисли санги вазнине мегардед, ки об намебарад.
Ақаллан ҳафтае як бор бо ҳамсари худ дар бораи мушкилиҳое, ки доред, гап занед. Аммо фаромӯш накунед, ки ҳадафи шумо бо мушкилӣ мубориза бурдан аст, на бо ҳамдигар.
Якҷоя корҳоеро кунед, ки ба ҳар дуятон хурсандӣ меорад.
Вақтҳои хушеро ба ёд оред, ки якҷоя гузаронда будед. Масалан, расмҳои тӯятонро тамошо кунед ё дигар воқеаҳои хурсандиоварро ба хотир оред.
«Ҳамсарон шояд на ҳама вақт ҳамфикр бошанд, вале ин маънои онро надорад, ки онҳо чун як даста амал карда наметавонанд. Онҳо якҷоя қарор қабул карда барои муваффақ гаштани он ҳамкорӣ намуда метавонанд» (Давид).
БО ДӮСТОНАТОН НАЗДИК БОШЕД
Бо дӯстонатон наздик бошед
Нағз, ки дӯстон ҳамеша ба мададамон мерасанд, лекин мо ҳам бояд фикр кунем, ки чӣ тавр онҳоро дастгирӣ карда метавонем. Охир, дигаронро қувват бахшида худат қувват мегирӣ.
Ҳар рӯз аз аҳволи ягон дӯсти худ пурсон шавед.
Аз дӯстонатон пурсед, ки чӣ тавр мушкилиҳоеро, ки ба мушкилии шумо монанд аст, паси сар мекунанд.
«Вақте яку якбора ба сарат мушкилиҳои зиёд меояд, дӯстонат туро ба самти дуруст роҳнамоӣ карда метавонанд. Ҳатто агар онҳо ба ту чизеро гӯянд, ки аллакай медонӣ, қувват мебахшад. Дар ҳақиқат дӯстони ғамхор доштан ва худ дӯсти меҳрубон будан баракат аст» (Никол).
ВОЛИДИ ҒАМХОР БОШЕД
Волиди ғамхор бошед
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Ҳар кас бояд дар шунидан бошитоб, вале дар гуфтан... оҳиста бошад» (Яъқуб 1:19). Дар аввал шояд фарзандон ба шумо дар бораи тарсу хавотириашон гуфтан нахоҳанд, вале, агар онҳоро пуртоқатона гӯш кунед, ниҳоят дилашонро ба шумо холӣ мекунанд.
Муҳитеро фароҳам оред, ки фарзандатон бемалол ҳиссиёташро гуфта тавонад. Барои баъзе кӯдакон бо волидашон рӯ ба рӯ гап задан осон нест. Лекин, вақте онҳо худро озод ҳис мекунанд, масалан, дар мошин ё ҳангоми сайругашт, барояшон дар бораи ҳиссиёти худ гап задан осонтар мешавад.
Назорат кунед, ки фарзандонатон хабарҳои нохушро аз ҳад зиёд тамошо накунанд.
Ба фарзандонатон гӯед, ки барои вазъиятҳои ногаҳонӣ кадом чораҳои бехатариро андешидаед.
Нақша кашед, ки дар вазъияти фавқулода чӣ кор мекунед. Сипас бо фарзандонатон онро машқ кунед.
«Бо кӯдаконатон суҳбат кунед, то ҳиссиёташонро ба шумо гӯянд. Шояд онҳо тарс, хавотирӣ ё ҳатто қаҳрашонро пинҳон кунанд. Гӯед, ки шумо низ чунин ҳиссиёт доред ва фаҳмонед, ки чӣ тавр бо он мубориза мебаред» (Бетани).