ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • my ҳикояи 29
  • Чаро Мусо мегурезад?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Чаро Мусо мегурезад?
  • Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Маводи монанд
  • Хорбуттаи фурӯзон
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Ба имони Мусо пайравӣ кунед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2014
  • Оё шумо Худои нонамоёнро мебинед?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2014
Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
my ҳикояи 29
Moses runs away from Egypt

ҲИКОЯИ 29

Чаро Мусо мегурезад?

БУБИН; Мусо аз Миср гурехта истодааст. Онҳоеро, ки аз қафои вай медаванд, мебинӣ? Медонӣ барои чӣ онҳо Мусоро куштан мехоҳанд? Канӣ, биё бубинем.

Мусо дар хонадони ҳокими Миср — фиръавн ба воя расид. Ӯ марди бохирад ва бонуфузе шуд. Мусо медонист, ки вай мисрӣ нест, балки исроилӣ аст; охир падару модари ҳақиқияш аз ғуломони исроилӣ буданд.

Дар вақтҳои 40–солагиаш, рӯзе Мусо қарор кард, ки аз аҳволи ҳамқавмонаш хабар гирад. Бо онҳо хеле бад муносибат мекарданд. Ӯ дид, ки мисрие ғуломи исроилиро мезанад. Мусо ба атрофаш нигарист ва вақте дид, ки касе нигоҳ намекунад, марди мисриро зад ва он мисрӣ мурд. Сипас ҷисми вайро Мусо дар рег гӯр кард.

Рӯзи дигар, Мусо боз ба хабаргирии қавмаш рафт. Ӯ фикр мекард, ки ба онҳо ёрӣ расонида ва аз ғуломӣ озод карда метавонад. Вале дар он ҷо Мусо ду марди исроилиеро дид, ки бо ҳам занозанӣ мекунанд. Мусо ба оне, ки ноҳақ буд, гуфт: «Барои чӣ бародари худро мезанӣ?»

Он мард ҷавоб дод: «Туро бар сари мо кӣ ҳокиму довар мондааст? Чӣ, ту маро ҳам мисли он марди мисрӣ куштанӣ ҳастӣ?»

Мусо аз ин суханон ба тарс афтод. Ӯ фаҳмид, ки одамон аз коре, ки ӯ бо мисрӣ кард, бохабар шудаанд. Ҳатто фиръавн аз ин хабардор шуда, одамонашро барои куштани Мусо фиристод. Ана барои чӣ Мусо аз Миср гурезон аст.

Мусо Мисрро тарк карда, ба сарзамини дури Мидён омад. Дар он ҷо ӯ бо хонаводаи Йитрӯ шинос шуд ва бо яке аз духтарони вай бо номи Сифӯра издивоҷ кард. Мусо ба чӯпонӣ машғул шуда, гӯсфандони Йитрӯро бонӣ мекард. Ӯ дар сарзамини Мидён 40 соли дигар зиндагӣ намуд. Акнун Мусо 80–сола шудааст. Ва рӯзе, ҳангоме ки гӯсфандони Йитрӯро бонӣ мекард, воқеаи аҷибе рӯй медиҳад, ки равиши ҳаёти Мусоро тамоман дигаргун мекунад. Саҳифаро бигардон ва биё бифаҳмем, ки он чӣ воқеаи аҷибест..

Хуруҷ 2:11–25; Аъмол 7:22–29.

Саволҳо барои омӯзиш

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан