ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • my ҳикояи 41
  • Мори мисин

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Мори мисин
  • Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Маводи монанд
  • Хорбуттаи фурӯзон
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
my ҳикояи 41
Israelites, bitten by snakes, look up toward Moses’ snake made of copper

ҲИКОЯИ 41

Мори мисин

МОРЕ, ки дар хода печидааст, оё ба мори ҳақиқӣ монанд аст? Не. Ин мор аз мис сохта шудааст. Яҳува ба Мусо фармуд, ки онро бар сари ходае гузорад, то ки одамон ба он назар карда, зинда монанд. Лекин ин морҳое, ки дар рӯи замин мехазанд, ҳақиқиянд. Онҳо одамонро мегазанд ва бемор мекунанд. Медонӣ барои чӣ?

Сабаб дар он аст, ки исроилиён нисбати Худо ва Мусо норозигӣ мекунанд. Онҳо шикваю шикоят мекунанд: «Барои чӣ шумо моро аз Миср баровардед ва ба ин биёбон барои мурдан овардед? Дар ин ҷо на хӯроке ҳаст на обе. Ин манн ба дили мо задааст».

Аммо манн ғизои хубе аст. Яҳува онро бо мӯъҷиза ба исроилиён медод. Ва обро низ Ӯ ба онҳо бо мӯъҷиза дод. Лекин одамон ба ғамхории Худо нисбати онҳо ношукрӣ мекунанд. Барои ҳамин Яҳува морҳои заҳрдорро барои танбеҳ додани исроилиён мефиристад. Морҳо онҳоро мегазанд ва бисёре аз исроилиён мемиранд.

Билохир одамон назди Мусо омада, ӯро зорӣ мекунанд: «Мо гуноҳ кардем, ки бар зидди Яҳува ва ту норозигӣ намудем, ба Яҳува дуо гӯй, то морҳоро аз мо дур кунад».

Moses and the copper serpent

Мусо барои мардум дуо мегӯяд. Ва Яҳува ба Мусо сохтани ин мори мисин ва бар сари хода гузоштани онро мефармояд, ҳар каси моргазида бояд ба он менигарист. Мусо гуфтаҳои Худоро айнан иҷро мекунад. Ва одамони моргазидае, ки ба ин мори мисин менигаристанд, шифо меёфтанд.

Аз ин ҳодиса мо дарси хубе барои худ гирифта метавонем. Ҳамаи мо ба дараҷае монанди исроилиёни моргазида ҳастем. Марг барои мо ногузир аст. Ба атрофи худ нигар ва хоҳӣ дид, ки одамон пир мешаванд, бемор мегарданд ва мемиранд. Ва сабаб дар он аст, ки аввалин марду зан — Одаму Ҳавво аз Яҳува саркашӣ карданд ва ҳамаи мо бошем, фарзандони онҳоем. Вале Яҳува барои мо имконияти ҷовидона зиндагӣ карданро медиҳад.

Яҳува писари рӯҳонии худ — Исо–пайғамбарро ба замин фиристод. Аксари одамон иштибоҳона ӯро ҷинояткор ҳисобида, бар сутун мехкӯб карданд. Аммо Яҳува барои наҷоти мо Исоро ба дасти марг дод. Агар мо ба ӯ нигарем ва пайраваш бошем, имконияти ҷовидона зиндагӣ карданро хоҳем дошт. Каме дертар мо дар ин бора зиёдтар хоҳем омӯхт.

Ададҳо 21:4–9; Юҳанно 3:14, 15.

Саволҳо барои омӯзиш

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан