ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • my ҳикояи 42
  • Хари сухангӯй

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Хари сухангӯй
  • Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Маводи монанд
  • Исо ҳамчун подшоҳ меояд
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Шарҳи мухтасари 4 Мӯсо
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
my ҳикояи 42
The donkey talks to Balaam because an angel is blocking the road

ҲИКОЯИ 42

Хари сухангӯй

ЯГОН бор дидаӣ, ки хар сухан гӯяд? “Не,— шояд ҷавоб диҳӣ ту,— ҳайвонҳо гап намезананд”. Лекин Китоби Муқаддас дар бораи харе нақл мекунад, ки сухан мегуфт. Биё бубинем, ки ин чӣ тавр воқеъ шуд.

Исроилиён барои даромадан ба сарзамини Канъон қариб тайёранд. Болоқ, шоҳи Мӯоб аз исроилиён метарсид. Аз ин рӯ, ӯ ба назди Билъом ном шахси айёре кас фиристода, хоҳиш мекунад, ки вай омада исроилиёнро лаънат кунад. Болоқ ба Билъом пули зиёд ваъда мекунад ва Билъом савори хари худ ба мулоқоти Болоқ меравад.

Яҳува намехоҳад, ки Билъом қавми Ӯро лаънат кунад. Аз ин сабаб Ӯ фариштаеро бо шамшер мефиристад, ки бар роҳи Билъом монеъ шавад. Билъом фариштаро дида наметавонад, лекин хар ӯро мебинад ва мекӯшад, ки аз роҳ гардад, дар охир ҳайвон дар роҳ дароз мекашад. Билъом хеле дарғазаб шуда, харро бо чӯбдаст мезанад.

Баъд аз ин Яҳува коре мекунад, ки Билъом суханҳои ба ӯ гуфтаи харро шунида тавонад. «Ман ба ту чӣ кор кардам, ки маро мезанӣ?»— мегӯяд хар.

«Ту маро аҳмақ мекунӣ, агар шамшер медоштам, туро ҳозир мекуштам!» — мегӯяд Билъом.

«Оё пештар ман ягон бор ҳамин тавр мекардам?» — мепурсад хар.

«Не» — ҷавоб медиҳад Билъом.

Дар ин ҳангом Яҳува чашмони Билъомро мекушояд ва ӯ фариштаи шамшербадастеро, ки садди роҳаш аст, мебинад. Фаришта ба вай муроҷиат мекунад: «Барои чӣ хари худро мезанӣ? Ман омадаам, ки монеи роҳат бошам, чунки ту набояд барои лаънат кардани Исроил биравӣ. Агар хари ту худро аз ман канор намегирифт, туро мекуштам, вале ба харат осеб намерасонидам».

Билъом мегӯяд: «Ман гуноҳ кардам. Нафаҳмидам, ки ту дар сари роҳи ман истодаӣ». Фаришта мегузорад, ки Билъом биравад ва Билъом ба мулоқоти Болоқ раҳсипор мешавад. Ӯ ҳоло ҳам мекӯшад, ки Исроилро лаънат кунад, аммо Яҳува ӯро маҷбур мекунад, ки Исроилро се маротиба баракат диҳад.

Ададҳо 21:21–35; 22:1–40; 23:1–30; 24:1–25.

Саволҳо барои омӯзиш

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан