ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • my ҳикояи 58
  • Довуд ва Ҷолёт

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Довуд ва Ҷолёт
  • Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Маводи монанд
  • Довуд нотарс буд
    Кӯдаконатонро таълим диҳед
  • «Маро таълим деҳ, то ки иродаи туро ба ҷо оварам»
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
  • Чаро Довуд бояд гурезад
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Исроилиён барои худ подшоҳ металабанд
    Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он
Маълумоти бештар
Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
my ҳикояи 58
David uses his sling as Israelite soldiers watch

ҲИКОЯИ 58

Довуд ва Ҷолёт

ФАЛИШТИЁН боз барои ҷангидан бо исроилиён омадаанд. Се бародари Довуд ҳоло дар сипоҳи Шоул хидмат мекунанд. Бинобар ин, рӯзе Йисой ба Довуд мегӯяд: «Миқдоре хӯшабирён ва нон гирифта, ба бародаронат бар ва аз аҳволи онҳо хабар гир».

Довуд ба ӯрдугоҳ омада, рост сӯи хати набард медавад ва бародаронашро ҷустуҷӯ мекунад. Дар он ҷо паҳлавони бузургҷуссаи фалиштӣ — Ҷолёт исроилиёнро масхара менамуд. 40 рӯз аст, ки ӯ ҳар саҳару бегоҳ ҳамин тавр мекард. Ӯ фарёд мезад: «Мардеро аз байнатон интихоб кунед, ки бо ман биҷангад. Агар ӯ ғолиб омада, маро кушад, мо ғуломи шумо хоҳем шуд. Вале агар ман пирӯз шуда ӯро кушам, шумо ғуломи мо мешавед. Агар ҷуръат дошта бошед, ягон касро фиристед, ки бо ман ҷанг кунад».

Goliath and the Philistine soldiers

Довуд аз сарбозон мепурсад: «Касе ки ин фалиштиро кушад ва Исроилро аз ин нанг озод кунад, чӣ инъом хоҳад гирифт?»

«Шоул ба ӯ сарвати зиёд ва духтарашро ба занӣ хоҳад дод»,— мегуфтанд ҷанговарон.

Вале исроилиён ҳама аз Ҷолёт метарсиданд, чунки ӯ хеле бузургҷусса буд. Қади вай қариб 3метр буда, ӯ сарбозе низ дошт, ки сипари вайро мебардошт.

Чанде аз сарбозон ба назди шоҳ Шоул омада расонданд, ки Довуд мехоҳад бо Ҷолёт ҷанг кунад. Лекин Шоул ба Довуд гуфт: «Бо ин фалиштӣ ту ҷанг карда наметавонӣ. Ту ҷавонӣ, ӯ бошад тамоми умраш ҷанговар аст». Довуд ҷавоб медиҳад: «Ман як хирс ва як шерро, ки гӯсфандони падарамро рабуданд, куштам. Оқибати ин фалиштӣ ҳам мисли яке аз онҳо хоҳад буд. Яҳува ба ман мадад хоҳад кард». Пас аз ин, Шоул иҷозат дод: «Бирав, бигзор Яҳува бо ту бошад».

Довуд поёнтар фаромада, аз ҷӯй панҷ санги лайсро гирифт ва онҳоро ба кӯлбораш андохт. Баъд фалахмонашро гирифта, сӯи бузургҷусса равона шуд. Ҷолёт ӯро дида, ба чашмонаш бовар намекард. Ӯ фикр мекард, ки куштани Довуд хеле осон аст.

«Назди ман биё,— мегуфт Ҷолёт,— ман гӯшти баданатро ба мурғони ҳаво ва даррандагони саҳро бидиҳам». Довуд бошад ба ӯ ин тавр ҷавоб дод: «Ту бар зидди ман бо шамшеру найза ва сипар баромадаӣ, валекин ман назди ту бо номи Яҳува Худо омадаам. Имрӯз Яҳува туро ба дасти ман хоҳад супурд ва ман туро ба замин яксон хоҳам кард».

Баъд аз ин, Довуд ба сӯи Ҷолёт давид ва санге аз кӯлбораш гирифта, бо тамоми қувваташ онро аз фалахмон парронд. Санг рост ба пешонии Ҷолёт зад ва ӯ рӯй ба замин афтода мурд. Фалиштиён мурдани паҳлавонашонро дида, рӯ ба гурез оварданд. Исроилиён онҳоро таъқиб карда, дар набард ғолиб омаданд.

1 Подшоҳон 17:1–54.

Саволҳо барои омӯзиш

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан