ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • my ҳикояи 75
  • Чор ҷавонписар дар Бобил

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Чор ҷавонписар дар Бобил
  • Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Маводи монанд
  • Онҳо саҷда намекунанд
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
my ҳикояи 75
Daniel, Shadrach, Meshach, and Abednego refuse the food and wine of King Nebuchadnezzar

ҲИКОЯИ 75

Чор ҷавонписар дар Бобил

ШОҲ Набукаднесар тамоми донишмандони беҳтарини Исроилро ба Бобил мебарад. Сипас подшоҳ аз байни онҳо хушқиёфатарин ва зирактарин ҷавонмардонро интихоб мекунад. Дар ин ҷо ту чор нафари онҳоро мебинӣ. Номи яке аз онҳо Дониёл аст ва се ҷавони дигарро бобилиён Шадрак, Мешак ва Абднаҷу ном ниҳоданд.

Набукаднесар мақсад дорад, ки ин ҷавонҳоро барои хидмат дар қаср, таълим диҳад. Баъд аз се соли таълим ӯ аз миёни онҳо донотаринҳоро интихоб хоҳад кард, то ки дар дарбор барои ҳалли мушкилот ба ӯ кӯмак кунанд. Шоҳ мехоҳад, ки ҷавонон дар вақти таълим боқуввату саломат бошанд. Аз ин рӯ, ӯ ба ходимонаш мефармояд, ки ба ҷавонон аз ҳамон хӯрокиҳо ва шаробе бидиҳанд, ки барои шоҳу хонаводааш тайёр мекунанд.

Ба Дониёли ҷавон бинигар. Медонӣ, ки ӯ ҳоло ба сардори хидматгорони Набукаднесар — Ашфаназ чӣ мегӯяд? Дониёл ба вай мегӯяд, ки ӯ аз дастархони подшоҳ хӯрок хӯрдан намехоҳад. Лекин Ашфаназ ба ташвиш меафтад. «Подшоҳ қарор кардааст, ки шумо чӣ бихӯред ва чӣ бинӯшед, агар мисли дигар ҷавонмардон саломат набошед, ӯ метавонад маро бикушад»,— мегӯяд вай.

Он гоҳ Дониёл ба назди хидматгоре, ки Ашфаназ бар сари ӯву се дӯсташ гузошта буд, рафта чунин мегӯяд: «Хоҳиш мекунам, моро 10 рӯз озмой; барои хӯрдан ба мо танҳо сабзавот ва барои нӯшидан танҳо об бидеҳ. Сипас моро бо ҷавонони дигар, ки хӯрокҳои шоҳӣ мехӯранд, муқоиса бикун ва бубин, ки кадоме аз мо ба назар беҳтар менамояд».

Хидматгор ба ин розӣ мешавад. Баъд аз 10 рӯз, Дониёл ва се дӯсти вай аз ҳама ҷавонони дигар ба назар солимтар менамуданд. Аз ин рӯ, пешхизмат иҷозат медиҳад, ки онҳо ба ҷои хӯрокҳои шоҳӣ ба хӯрдани сабзавот давом диҳанд.

Баъд аз гузаштани се сол, ҳамаи ин ҷавонон ба назди Набукаднесар оварда мешаванд. Пас аз сӯҳбат бо ҳар яки онҳо, шоҳ мебинад, ки Дониёл ва се дӯсти вай аз ҳама донотаранд. Ва ӯ онҳоро дар дарбор нигоҳ медорад, то ба вай дар корҳояш ёрӣ диҳанд. Ва ҳар чизе ки шоҳ напурсад ва ё ҳар масъалаи душвореро, ки барои ҳал нагузорад, Дониёл, Шадрак, Мешак ва Абднаҷу аз коҳинон ва хирадмандони шоҳ даҳ маротиба беҳтар ҷавоб медоданд.

Дониёл 1:1–21.

Саволҳо барои омӯзиш

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан