ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • my ҳикояи 86
  • Ситорае, ки мардонро роҳнамоӣ мекард

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ситорае, ки мардонро роҳнамоӣ мекард
  • Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Маводи монанд
  • Ба назди Исо ситорашиносон меоянд
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Халосӣ аз шоҳи золим
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Чӣ тавр Худо Исоро муҳофизат мекард?
    Устоди Бузургро гӯш кун
Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
my ҳикояи 86
Astrologers follow a bright star

ҲИКОЯИ 86

Ситорае, ки мардонро роҳнамоӣ мекард

СИТОРАИ дурахшонеро, ки яке аз ин мардон ба он ишора мекунад, мебинӣ? Ситора дар вақти Ерусалимро тарк кардани онҳо намоён шуд. Ин мардон аз шарқ ҳастанд, онҳо ситораҳоро меомӯзанд. Ин ситорашиносон боварӣ доранд, ки ситораи нав онҳоро ба сӯи як шахси бузурге роҳнамоӣ мекунад.

The bright star in the sky above Bethlehem

Мардон ҳамон вақте ки ба Ерусалим омада буданд, пурсиданд: «Он тифле, ки бояд подшоҳи ибриён шавад, дар куҷост?» Исроилиёнро ибриён ҳам меномиданд. «Мо ситораи кӯдакро аввал ҳангоми дар машриқ буданамон дидем, ҳоло омадаем, ки ӯро парастиш кунем».

Ҳангоме ки Ҳиродус, подшоҳи Ерусалим аз ин огоҳӣ меёбад, ӯ хеле ба изтироб меояд. Ӯ намехост, ки ҷои вайро подшоҳи дигаре бигирад. Аз ин рӯ, Ҳиродус сарварони коҳинонро ҷамъ карда, мепурсад: «Подшоҳи ваъдашуда бояд дар куҷо таваллуд шавад?» Онҳо ҷавоб медиҳанд: «Китоби Муқаддас мегӯяд, ки дар Байт–Лаҳм».

Ҳиродус мардонеро, ки аз шарқ омада буданд, даъват карда, мегӯяд: «Биравед ва тифлро ҷустуҷӯ кунед. Ҳамин ки ӯ ёфт шуд, ба ман хабар диҳед. Ман ҳам мехоҳам, ки ӯро парастиш кунам». Вале аслан, Ҳиродус мехост, ки кӯдакро ёфта кушад!

Он гоҳ ситора ин мардонро ба Байт–Лаҳм ҳидоят мекунад ва дар болои маконе, ки кӯдак дар он ҷо буд, қарор мегирад. Мардон ба хона даромада, Марям ва Исои кӯчакро мебинанд. Онҳо ба Исо тӯҳфаҳо тақдим мекунанд. Вале баъдтар, Яҳува ин мардонро дар хобашон огоҳ мекунад, ки ба назди Ҳиродус барнагарданд. Аз ин рӯ, онҳо ба ватани худ бо роҳи дигар бармегарданд.

Ҳиродус хабар меёбад, ки мардони аз шарқ омада, ба ватанашон баргашта рафтаанд ва аз ин хеле хашмгин мешавад. Пас, ӯ амр медиҳад, ки тамоми писарчаҳои Байт–Лаҳм, ки синнашон то дусола буд, кушта шаванд. Вале Яҳува Юсуфро дар хобаш огоҳ мекунад ва Юсуф бо оилааш ба Миср мегурезад. Дертар, вақте ки Юсуф аз марги Ҳиродус хабар меёбад, бо Маряму Исо ба Носира, ба хонааш бармегардад. Исо дар он ҷо ба камол мерасад.

Ба фикри ту ситораи дурахшонро кӣ нишон дод? Дар ёд дорӣ, ин мардон ситораро дида, аввал ба Ерусалим омаданд. Шайтон Иблис писари рӯҳонии Худоро куштан мехост ва ӯ медонист, ки подшоҳи Ерусалим Ҳиродус барои ин кор кӯшиш хоҳад кард. Аз ин сабаб, шахси ситораи дурахшонро нишондода, ба ҷуз Шайтон каси дигаре набуд.

Матто 2:1–23; Мико 5:2.

Саволҳо барои омӯзиш

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан