ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • my ҳикояи 110
  • Тимотиюс — ёвари нави Павлус

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Тимотиюс — ёвари нави Павлус
  • Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Маводи монанд
  • Ҷамоатҳоро устувор мегардонданд
    Як ба як дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат диҳед
  • Тимотиюс ба одамон ёрдам кардан мехост
    Кӯдаконатонро таълим диҳед
Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
my ҳикояи 110
Paul and Timothy

ҲИКОЯИ 110

Тимотиюс — ёвари нави Павлус

ҶАВОНМАРДЕ, ки дар назди Павлус истодааст, Тимотиюс мебошад. Ӯ бо аҳли оилааш дар Лустра зиндагӣ мекунад. Модари вай Авниқо ва бибияш Лӯид ном доранд.

Бори сеюм аст, ки Павлус ба Лустра меояд. Тақрибан як сол аз ин пештар, ӯву Барнаббо якум бор бо сафари мавъизавӣ ба ин шаҳр омада буданд. Ва ҳоло Павлус ба ин ҷо ҳамроҳи дӯсташ — Сило омадааст.

Медонӣ, ки Павлус ба Тимотиюс чӣ мегӯяд? — «Мехоҳӣ, ки ба ману Сило ҳамроҳ шавӣ? Ту метавонӣ, ки ба мо дар кори мавъиза ба мардуми сарзаминҳои дур ёрӣ расонӣ».

«Бале, мехоҳам» — ҷавоб медиҳад Тимотиюс. Аз ин рӯ, андаке баъд Тимотиюс хешовандони худро тарк карда, бо Павлусу Сило меравад. Вале пеш аз он ки дар бораи сафари онҳо фаҳмем, биё бубинем, ки бо Павлус то ин дам чӣ ҳодисаҳо рӯй доданд. Аз лаҳзае, ки Исо дар роҳи Димишқ ба Павлус зоҳир шуд, қариб 17 сол гузашт.

Дар ёд дорӣ, Павлус ба Димишқ барои таъқиби шогирдони Исо мерафт, лекин ҳоло худи ӯ шогирд аст! Баъдтар, баъзе аз душманон барои куштани Павлус нақша мекашанд, зеро ба онҳо дар бораи Исо таълим додани вай маъқул набуд. Аммо шогирдон ба Павлус кӯмак мекунанд, ки гурезад. Онҳо вайро ба сабад андохта, аз девори шаҳр поён мефароранд.

Пас аз ин, Павлус барои мавъиза ба Антиёхия меравад. Ин ҳамон шаҳрест, ки дар он пайравони Исо аввалин бор масеҳиён номида шуданд. Баъд Павлус ва Барнаббо ба сафари мавъизавӣ ба мамлакатҳои дур фиристода мешаванд. Яке аз шаҳрҳое, ки онҳо ташриф меоранд, Лустра — ватани Тимотиюс буд.

Ҳоло, пас аз як сол, Павлус дар сафари мавъизавии дуюмаш бори дигар ба Лустра меояд. Ва медонӣ, ки Павлусу Сило ва Тимотиюси ба онҳо ҳамроҳшуда ба куҷо мераванд? Биё ба харита нигариста, бо баъзе аз ин ҷойҳо шинос шавем.

Map of the places visited by Paul and Timothy

Дар аввал, онҳо ба шаҳри ба Лустра наздик, ба Иқуния ва баъд аз он ба шаҳри Антиёхия мераванд. Сипас ба тарафи боло ба Трӯос ва баъд Филиппӣ, Таслӯникӣ ва Бирия сафар мекунанд. Шаҳри Афинаро дар харита мебинӣ? Дар он ҷо Павлус мавъиза мекунад. Баъд аз ин, онҳо яку ним сол дар Қӯринтус мавъиза мекунанд. Дар охир, дар шаҳри Эфсӯс каме таваққуф менамоянд. Баъд савори киштӣ ба Қайсария бармегарданд ва ба тарафи боло, ба Антиёхия мераванд, ки Павлус дар он ҷо мемонад.

Ҳамин тавр, Тимотиюс бо Павлус ҳазорҳо километрро тай карда, ба ӯ дар мавъизаи “хабари хуш” ва барпо кардани ҷамъомадҳои масеҳӣ ёрӣ мерасонад. Вақте ки ба воя мерасӣ, ту ҳам мехостӣ, ки мисли ходими бовафои Худо — Тимотиюс шавӣ?

Аъмол 9:19–30; 11:19–26; бобҳои 13 тo 17; 18:1–22.

Саволҳо барои омӯзиш

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан