ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • sp саҳ. 28-29
  • Ояндаи олӣ

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ояндаи олӣ
  • Арвоҳи мурдагон. Оё онҳо ба шумо кӯмак ё зарар расонида метавонанд? Оё онҳо дар ҳақиқат вуҷуд доранд?
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Мурдагон аз нав зинда хоҳанд шуд!
  • Исо аз девҳо пурзӯртар аст
    Устоди Бузургро гӯш кун
  • Душманони Худо кистанд?
    Шумо метавонед дӯсти Худо бошед!
  • Ҳақиқат дар бораи фариштагон ва девҳо
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Ҳақиқат дар бораи фариштагон
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
Арвоҳи мурдагон. Оё онҳо ба шумо кӯмак ё зарар расонида метавонанд? Оё онҳо дар ҳақиқат вуҷуд доранд?
sp саҳ. 28-29

Ояндаи олӣ

Исо Шайтонро ба варта партофта истодааст

Ба наздикӣ Шайтону девҳои ӯ аз амал боздошта хоҳанд шуд

Шайтону девҳои вай дигар одамизодро муддати зиёд фиреб нахоҳанд кард. Яҳува онҳоро аллакай аз осмон сарнагун сохт (Ваҳй 12:9). Дар ояндаи наздик Худо боз бар зидди Шайтону девҳояш баромад мекунад. Дар рӯъё аз Илоҳӣ Юҳаннои расул дид: «Ва фариштае дидам, ки аз осмон нузул мекард ва калиди варта ва занҷири бузурге дар дасташ буд. Ва ӯ аждаҳо, яъне мори қадимиро, ки Иблис ва Шайтон аст, дастгир карда, ба муддати ҳазор сол занҷирбанд намуд, ва онро дар варта андохт, ва онро бандубаст кард, ва бар он мӯҳр зад, то ки халқҳоро дигар фиреб надиҳад, то даме ки ҳазор сол анҷом ёбад» (Ваҳй 20:1–3). Дертар Шайтону девҳои вай абадан нобуд карда хоҳанд шуд — Ваҳй 20:10.

Одамони бади рӯи замин ҳам нест карда мешаванд — Забур 36:9, 10; Луқо 13:5.

Мурдагон аз нав зинда хоҳанд шуд!

Одамон шахсони аз нав зиндашударо дар биҳишти рӯи замин пешвоз гирифта истодаанд

Мурдагон ба зиндагӣ дар рӯи замин бармегарданд

Баъд аз барканор кардани Шайтону девҳояш, Яҳува бар инсоният баракатҳои зиёде хоҳад рехт. Шумо дар хотир доред, ки мурдагон зиндагиро қатъ кардаанд ва дар олами ҳастӣ нестанд. Исои Масеҳ маргро ба хоб ташбеҳ дод — хоби сахте бе хоббиниҳо (Юҳанно 11:11–14). Сабаби чунин ташбеҳро истифода бурдани Исо дар он буд, ки ӯ медонист; вақте мерасад, ки дар хоби марг будагон ба зиндагӣ бармегарданд. Ӯ чунин гуфт: «Соате мерасад, ки ҳамаи онҳое ки дар қабр мебошанд... берун хоҳанд омад» — Юҳанно 5:28, 29; қиёс кунед Аъмол 24:15–ро.

Онҳо дар рӯи ҳамин замин ба ҳаёт бармегарданд. Ба ҷои хабарҳо дар бораи марги одамон, эълонҳои эҳёшавиҳо садо медиҳанд! Чӣ хурсандие хоҳад буд, хайрамақдам гуфтани наздикони аз хоби марг хестаамон!

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан