Қисми 4
Худо ниятҳои худро ба мо маълум месозад
1, 2. Чаро мо гуфта метавонем, ки Худо ба саволҳои одамони самимӣ ҷавоб медиҳад?
ДАР ҳақиқат, Худои меҳрубон ниятҳои худро ба одамони самимие, ки Ӯро меҷӯянд, ошкор месозад. Ӯ ба саволҳои чунин одамон ҷавоб медиҳад, масалан ба саволи зерин: чаро Худо ба ранҷу азоб роҳ медиҳад?
2 Китоби Муқаддас мегӯяд: «Агар Ӯро [Худоро] ҷӯё бошӣ, Ӯ барои ту ёфт хоҳад шуд». «Худое дар осмон ҳаст, ки ошкоркунандаи розҳост». «Худованд Худо коре намекунад, бе он ки сирри худро ба бандагонаш анбиё ошкор созад» (1 Вақоеънома 28:9; Дониёл 2:28; Омӯс 3:7).
Посухҳо дар куҷоянд?
3. Аз куҷо мо фаҳмида метавонем, ки чаро Худо ба ранҷу азоб роҳ медиҳад?
3 Ҷавоб ба ин қабил саволҳо, ки чаро Худо ба ранҷу азоб роҳ медиҳад ва нисбати ин чӣ хоҳад кард, дар навиштае мебошад, ки аз рӯи илҳоми Худо ба манфиати мо ба қалам оварда шудааст. Ин навишта — Каломи Ӯ, Китоби Муқаддас мебошад. «Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст, то ки марди Худо комил гардида, ба ҳар амали нек муҳайё бошад» (2 Тимотиюс 3:16, 17).
4, 5. Аз кадом ҷиҳат Китоби Муқаддас беҳамтост?
4 Китоби Муқаддас дар хақиқат китоби беҳамтост. Он маълумоти аниқтаринро оиди таърихи инсоният ва ҳатто воқеаҳои пеш аз офариниши одамизод рӯйдодаро дар бар мегирад. Китоби Муқаддас ҳамчунин замонавист, чунки пешгӯиҳояш бо ҳодисаҳои рӯзҳои мо ва воқеаҳои ояндаи наздик алоқаманданд.
5 Ягон китоби дигар аз ҷиҳати таърихан дақиқ буданаш чунин эътимоднок нест. Масалан, танҳо якчанд дастнависҳои классикони қадим вуҷуд доранд. Вале дастхатҳои пурра ё ҷузъии Китоби Муқаддас хеле зиёданд: тақрибан 6000 дастхати Навиштаҳои Ибронӣ (39 китоби Аҳди Қадим) ва қариб 13 000 дастхати Навиштаҳои Юнонӣ (27 китоби Аҳди Ҷадид).
6. Чаро мо итминон дошта метавонем, ки Китоби Муқаддасе ки имрӯз дастраси мост, дар моҳияти худ аз нусхаи аслӣ фарқе надорад?
6 Худои Қодир, ки ба навиштани Китоби Муқаддас илҳом бахшидааст, нагузошт, то матни он дастхатҳо тағйир биёбад. Аз ин сабаб Китоби Муқаддасе, ки имрӯз дастраси мост, дар моҳияти худ аз нусхаи аслӣ фарқе надорад. Далели дигаре, ки барои фаҳмидани тағйирнопазирии матни Китоби Муқаддас кӯмак мекунад, ин аст ки баъзе дастхатҳои Навиштаҳои Юнонӣ дар муддати сад сол баъд аз навишта шудани нусхаи аслӣ пайдо шудаанд. Вале дар байни дастхатҳои начандон зиёди осори адибони атиқа дастхатҳое, ки ҳатто якчанд аср пас аз эҷод шудани ин асарҳо навишта шудаанд, хеле камчинанд.
Инъоми Худо
7. Китоби Муқаддас то чӣ андоза паҳн шудааст?
7 Китоби Муқаддас дар таърих китоби паҳншудатарин мебошад. Теъдоди нашри он ба беш аз чор миллиард нусха мерасад. Ягон китоби дигар ба чунин миқдор чоп нашудааст. Инчунин Китоби Муқаддас ё қисмҳои он ба зиёда аз 2 200 забон тарҷума шудаанд. Ҳамин тавр, Китоби Муқаддас ба беш аз 90 фоизи аҳолии замин дастрас мебошад.
8–10. Кадом далелҳо нишон медиҳанд, ки Китоби Муқаддас сазовори тадқиқоти мост?
8 Бешубҳа, китобе, ки аз ҷониби Худо буданашро изҳор менамояд ва далелҳои гуногуни саҳеҳии худро дорост, сазовори тадқиқоти мо мебошадa. Дар он фаҳмонида мешавад, ки маънои ҳаёт дар чист, воқеаҳои ҷаҳонӣ нишонаи чӣ мебошанд ва оянда ба мо чӣ меорад. Ягон китоби дигар ба ин қодир нест.
9 Бале, Китоби Муқаддас — муроҷиати Худо ба одамизод мебошад. Ӯ онро таҳти роҳбарии нерӯи фаъол ё ин ки рӯҳулқудс ба воситаи тақрибан 40 одам нависондааст. Ҳамин тавр, Худо ба мо тавассути Каломи Худ, Китоби Муқаддас ҳарф мезанад. Павлуси расул навишта буд: «Чун шумо каломи Худоро аз мо шунида қабул кардед, онро на ҳамчун каломи одамизод қабул кардед, балки ҳамчун каломи Худо, ки он дар ҳақиқат чунин аст» (1 Таслӯникиён 2:13).
10 Авраам Линколн, 16-ум президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Китоби Муқаддасро «инъоми беҳтарине, ки Худо ба инсон бахшидааст ... — номид ва илова намуд: — Бе он мо некро аз бад фарқ карда наметавонистем». Пас, ин инъоми бебаҳо дар бораи он ки чӣ тавр ранҷу азоб сар зад, чаро Худо ба он роҳ медиҳад ва дар ин бобат чӣ хоҳад кард, ба мо чӣ мегӯяд?
[Эзоҳ]
a Барои ба даст овардани маълумоти бештар оиди саҳеҳии Китоби Муқаддас ба китобе, ки аз ҷониби Шоҳидони Яҳува ба забонҳои зиёд нашр гардидааст ва «Китоби Муқаддас — Каломи Худо ё инсон?» ном дорад, нигаред.
[Тасвири саҳифаи 10]
Китоби Муқаддас аз рӯи илҳоми Худо навишта шуда, муроҷиати Ӯ ба одамизод мебошад.