Қисми 5
Озодии ирода — ҳадяи аҷиби Худост
1, 2. Ҳадяи аҷоибе, ки қисми моҳияти мо мебошад, кадом аст?
БАРОИ фаҳмидани он ки чаро Худо ба ранҷу азоб роҳ додааст ва нисбати ин чӣ хоҳад кард, донистан лозим аст, ки Ӯ моро чӣ гуна офарид. Ӯ ба мо натанҳо мағзи сар ва тан додааст, балки қобилияти махсуси ақлӣ ва эҳсосиро низ бахшидааст.
2 Қисми асосии моҳияти ақлӣ ва эҳсосии моро озодии ирода ташкил медиҳад. Бале, Худо ба мо ҳадяи озодона интихоб карданро додааст. Дар ҳақиқат, ин ҳадяи аҷоибест аз ҷониби Худо.
Чӣ гуна мо офарида шудаем
3–5. Барои чӣ мо озодии иродаро қадр мекунем?
3 Биёед дида бароем, ки озодии ирода ба он ки Худо ба ранҷу азоб роҳ медиҳад, чӣ дахл дорад. Аввалан дар ин бора андеша намоед: оё шумо озодона интихоб намудани чӣ кардан ва чӣ гуфтан, чӣ хӯрдан ва чӣ пӯшидан, бо чӣ машғул шудан, дар куҷо ва чӣ тавр зиндагӣ карданро қадр мекунед? Ё мехостед, ки касе дар ҳар қадам ба шумо чӣ кардан ва чӣ гуфтанро ишора намояд?
4 Ягон одами солимақл хоҳони он нест, ки касе ҳаёти ӯро то ин дараҷа идора кунад. Чаро? Чунки мо бо озодии ирода офарида шудаем. Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд, ки Худо моро ба «сурат ва шабоҳати Худ» офарид ва худи Офаридгор дорои озодии интихоб мебошад (Ҳастӣ 1:26; Такрори Шариат 7:6). Ҳангоме ки Ӯ одамизодро ба вуҷуд овард, ба онҳо низ озодии интихобро ҳадя намуд. Маҳз аз ҳамин сабаб, вақте ки ҳукуматдорон моро ба танг меоваранд, худро мазлум ва рӯҳафтода ҳис мекунем.
5 Аз ин рӯ, дар мо хоҳиши озод будан тасодуфӣ нест, зеро Худо — Худои озодист. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ҳар куҷо Рӯҳи Худованд аст, он ҷо озодист» (2 Қӯринтиён 3:17). Бинобар ин Худо ба мо озодии иродаро ҳамчун қисми моҳиятамон додааст. Азбаски Худо табиати моро медонад, Ӯ баҳри хушбахттар гардидани мо озодии иродаро ато намуд.
6. Худо мағзи сари моро чӣ тавр офаридааст, то он дар ҳамоҳангӣ бо озодии ирода фаъолият бурда тавонад?
6 Дар баробари озодии ирода Худо ба мо қобилияти фикр рондан, муқоиса кардан, қарор қабул намудан ва фарқ кардани неку бадро додааст (Ибриён 5:14). Ҳамин тавр, озодии ирода дар интихоби оқилона асос ёфтааст. Мо ба роботҳо, ки иродаи шахсӣ надоранд ва фикр карда наметавонанд, монанд нестем. Инчунин мо мисли ҳайвонҳо, ки аз рӯи инстинкт рафтор мекунанд, офарида нашудаем. Баръакс, мағзи аҷоиби мо чунон сохта шуда буд, ки бо озодии интихоб дар якҷоягӣ фаъолият намояд.
Беҳтарин оғоз
7, 8. Чӣ гуна оғози хубе Худо ба волидони нахустини мо бахшида буд?
7 Ғамхории Худо дар он дида мешавад, ки Ӯ ба волидони нахустини мо, Одам ва Ҳавво, дар баробари ҳадя намудани озодии ирода ҳама чизро фароҳам овард. Онҳо дар биҳишти фарохе, ки ба боғ монандӣ дошт ва дар он ҳама чиз фаровон буд, ҷой дода шуданд. Онҳо ақлу тани комил доштанд, аз ин рӯ набояд дучори пирӣ, беморӣ ё марг мегаштанд — онҳо имконияти абадан зиндагӣ карданро доштанд. Одаму Ҳавво метавонистанд фарзандони комил ба дунё оранд, ва онҳо низ дар навбати худ соҳиби ояндаи хушбахт ва абадӣ мегаштанд. Он аҳолии афзуншаванда бо кори қаноатбахш машғул гашта, бо мурури замон метавонист тамоми заминро ба биҳишт табдил диҳад (Ҳастӣ 1:26–30; 2:15).
8 Китоби Муқаддас дар бораи он чизҳое, ки ба онҳо тақдим шуда буд, мегӯяд: «Худо ҳар он чиро, ки ба амал овард, дид, ва инак, хеле хуб аст» (Ҳастӣ 1:31). Китоби Муқаддас инчунин дар бораи Худо зикр менамояд: «Амалиёти Ӯ комил аст» (Такрори Шариат 32:4). Бале, Офаридгор ба одамизод оғози комил бахшида буд. Оғози беҳтаре буда наметавонист. Чӣ Худои ғамхоре!
Озодии маҳдуд
9, 10. Чаро идора намудани озодии ирода дуруст аст?
9 Магар Худо мехост, ки озодии ирода номаҳдуд бошад? Шаҳри сермошинеро тасаввур намоед, ки дар он аз сабаби набудани қоидаҳои ҳаракати роҳ мошинҳо ба ҳар самт ва бо ҳар суръат ҳаракат мекунанд. Оё шумо мехостед дар чунин шароит мошин ронед? Не, ин гуна бетартибӣ, албатта, ба садамаҳои зиёд оварда мерасонад.
10 Дар бораи ҳадяи Худо — озодии ирода низ чунин гуфтан мумкин аст. Озодии номаҳдуд ба бетартибӣ дар ҷамъият меорад. Бояд қоидаҳое вуҷуд дошта бошанд, ки фаъолияти инсонро идора намоянд. Каломи Худо мегӯяд: «Ҳамчун касони озод [рафтор кунед], на ҳамчун касоне ки аз озодӣ барои рӯпӯш кардани бадӣ истифода мебаранд» (1 Петрус 2:16). Худо хоҳони он аст, ки озодии ирода баҳри фоидаи ҳамагон идора карда шавад. Ӯ мехоҳад, ки мо на озодии пурра, балки озодии нисбиро доро бошем, ки тобеи тартибу қонун аст.
Ба қонунҳои кӣ?
11. Ба қонунҳои кӣ мо бояд итоат кунем?
11 Ба қонунҳои кӣ мо бояд итоат кунем? Дар қисми дуюми ояти 1 Петрус 2:16 гуфта шудааст: «ҳамчун бандагони Худо [бошед]». Бандаи Худо будан маънои зери зулму ситам монданро надорад. Баръакс, мо чунон офарида шудаем, ки танҳо дар мавриди ба қонунҳои Ӯ итоат кардан хушбахт мегардем (Матто 22:35–40). Қонунҳои Ӯ назар ба қонунҳое, ки одамон баровардаанд, бартарӣ дошта, барои мо роҳнамои беҳтаринанд. «Ман Худованд Худои ту ҳастам ва туро таълим медиҳам, ки ба худат фоида бирасонӣ, ва туро ба роҳе ҳидоят менамоям, ки бояд бо он биравӣ» (Ишаъё 48:17).
12. Чӣ гуна дар ҳудуди қонунҳои Худо аз озодии интихоб истифода бурда метавонем?
12 Дар баробари ин, мо имконият дорем дар ҳудуди қонунҳои Худо аз озодии интихоб васеъ истифода бурда, ҳаёти худро рангорангу зебо гардонем. Масалан, дар бораи гуногунии таом, сару либос, мусиқӣ, санъат ва манзил, ки дар тамоми рӯи замин дида мешавад, фикр кунед. Бешубҳа, дар ин мавридҳо мо мехоҳем, ки ихтиёр дар дасти худамон бошад, на ин ки дар дасти каси дигаре.
13. Ба кадом қонунҳои физикӣ итоат накардан ба зарари мост?
13 Ҳамин тариқ, мо чунин офарида шудаем, ки хушбахтии мо аз итоат ба қонунҳои Худо, ки рафтори одамизодро муайян месозанд, вобаста аст. Дар бораи итоат ба қонунҳои физикии Худо низ чунин гуфтан мумкин аст. Масалан, агар ба қонуни ҷозиба эътибор надода, аз баландӣ ҷаҳем, маиб ё ҳалок мегардем. Агар мо қонунҳои организми худро ба инобат нагирифта, хӯрок нахӯрем, об нанӯшем ва нафас накашем, ҳатман мемурем.
14. Аз куҷо мо медонем, ки одамон барои бе роҳбарии Худо зиндагӣ кардан офарида нашудаанд?
14 Бешубҳа, чӣ тавре ки мо ба риояи қонунҳои физикии Худо эҳтиёҷ дорем, ҳамон тавр ба риояи қонунҳои ахлоқӣ ва ҷамъиятии Ӯ низ мӯҳтоҷем (Матто 4:4). Одамон чунон офарида нашудаанд, ки ба Офаридгори худ итоат накарда, муваффақ гарданд. Пайғамбар Ирмиё мегӯяд: «Касе ки роҳ меравад, қадамҳои худро наметавонад ҳидоят намояд» (Ирмиё 10:23). Аз ин сабаб, инсон аз ҳар ҷиҳат чунон офарида шудааст, ки таҳти роҳбарии Худо зиндагӣ кунад, на ин ки худ роҳбар бошад.
15. Магар қонунҳои Худо барои Одам ва Ҳавво бори гарон буданд?
15 Итоат ба қонунҳои Худо барои волидони нахустинамон бори гарон набуд. Баръакс, он барои некӯаҳволии худи онҳо ва тамоми наслашон бояд мусоидат мекард. Агар ҷуфти аввалин аз ҳудуди қонунҳои Худо намебаромад, ҳама чиз хеле хуб мебуд. Яқинан, мо ҳозир метавонистем дар биҳишти ҳайратангези ҳаловатбахш, ҳамчун як оилаи муттаҳид зиндагӣ кунем. Дар он набояд бадӣ, азоб ва марг вуҷуд медошт.
[Иллюстрация на странице 11]
Офаридгор ба одамизод оғози комил бахшида буд.
[Иллюстрация на странице 12]
Оё шумо мехостед дар сурати набудани қоида- ҳои ҳаракати роҳ дар роҳи сернақлиёт мошин ронед?