ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • dg қисми 8 саҳ. 17-19
  • Иҷрошавии мақсади Худо наздик аст

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Иҷрошавии мақсади Худо наздик аст
  • Оё Худо дар ҳақиқат ба мо ғамхор аст?
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Подшоҳи нави замин
  • Ҳамроҳбарон
  • Анҷоми ҳукмронии мустақил
  • Подшоҳии Худо чист?
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Салтанати Худо чист?
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Салтанати Худо ҳукмрон аст
    Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
  • Салтанате, ки «то абад барҳам нахоҳад хӯрд»
    Худои ягонаи ҳақиқиро ибодат намоед
Маълумоти бештар
Оё Худо дар ҳақиқат ба мо ғамхор аст?
dg қисми 8 саҳ. 17-19

Қисми 8

Иҷрошавии мақсади Худо наздик аст

1, 2. Барои бартараф кардани ранҷу азоб Худо чӣ гуна чораҳо андешид?

ДАР тӯли асрҳо ҳокимияти одамони саркаш ва девҳо аҳволи инсониятро боз ҳам вазнинтар намуд. Аммо Худо ба ранҷу азоби мо бепарво нест. Ӯ дар давоми садсолаҳо чораҳо андешид, то ки одамонро аз чанголи бадӣ ва ранҷу азоб халосӣ диҳад.

2 Аз рӯзе ки дар боғи Адан исён бардошта шуд, Худо ба кушодани мақсади худ оиди барпо кардани ҳукумате, ки заминро ба биҳишт табдил медиҳад, шурӯъ намуд (Ҳастӣ 3:15). Баъдтар бошад, Исо ҳамчун намояндаи асосии Худо ин ҳукуматеро, ки дар оянда меояд, мавзӯи асосии таълимоти худ сохт. Ӯ гуфт, ки ин ҳокимият умеди ягонаи инсоният мегардад (Дониёл 2:44; Матто 6:9, 10; 12:21).

3. Исо ҳукуматеро, ки дар оянда бар замин ҳукмронӣ мекунад, чӣ гуна номид ва чаро?

3 Исо он ҳукумати Худоро, ки дар оянда бояд меомад, «Малакути Осмон» номид, чунки он аз осмон роҳбарӣ менамояд (Матто 4:17). Ӯ онро боз «Малакути Худо» номид, чунки Бунёдкори он Худо мебошад (Луқо 17:20). Дар тӯли асрҳо Худо ба нависандагонаш илҳом мебахшид, то онҳо пешгӯиҳоро дар бораи он ки ба ҳайати ин ҳукумат киҳо дохил мешаванд ва он чиро ба амал меорад, нависонанд.

Подшоҳи нави замин

4, 5. Чӣ тавр Худо нишон дод, ки Исо Подшоҳи писандидаи Ӯст?

4 Маҳз бар Исо тақрибан ду ҳазор сол пеш пешгӯиҳои зиёде оиди он ки Подшоҳи Салтанати Худо кӣ мешавад, иҷро шуданд. Ӯ он Ҳокими интихобкардаи Худо баромад, ки дар ҳукумати осмонӣ бар одамизод ҳукмронӣ хоҳад кард. Баъд аз марги Исо Худо ӯро ҳамчун шахсияти рӯҳии пурқудрат ва намиранда ба ҳаёти осмонӣ эҳё намуд. Шоҳидони эҳёшавии ӯ бисёр буданд (Аъмол 4:10; 9:1–9; Румиён 1:1–4; 1 Қӯринтиён 15:3–8).

5 Сипас Исо «ба ямини Худо бинишаст» (Ибриён 10:12). Дар он ҷо Исо вақтеро мунтазир буд, ки Худо ба ӯ қудрат бидиҳад, то ҳамчун Подшоҳи Салтанати осмонии Ӯ амал намояд. Бо ин нубуввати дар Забур 109:1 навишташуда иҷро шуд, ки дар он Худо ба Исо муроҷиат намуда мегӯяд: «Ба ямини Ман бинишин, то душманони Туро зери пои Ту андозам».

6. Чӣ тавр Исо нишон дод, ки сазовор аст Подшоҳи Салтанати Худо бошад?

6 Ҳангоме ки Исо дар рӯи замин зиндагӣ мекард, ӯ нишон дод, ки сазовори чунин мавқеъ аст. Ба таъқибот нигоҳ накарда, ӯ назди Худо содиқ монданро интихоб намуд. Ин тавр амал намуда, Исо нишон дод, ки иддаои Шайтон нисбати он ки ягон одам таҳти озмоиш ба Худо содиқ намемонад, дурӯғ аст. Исо ҳамчун шахси комил, «Одами охирин», нишон дод, ки Худо дар офариниши инсонияти комил ба хатогӣ роҳ надода буд (1 Қӯринтиён 15:22, 45; Матто 4:1–11).

7, 8. Вақте ки Исо дар замин буд, ӯ чӣ аъмоли неке кард ва бо ин чиро нишон дод?

7 Кадом роҳбар то ҳол монанди Исо дар якчанд соли хизматаш ин қадар корҳои нек ба амал овардааст? Бо қудрати аз рӯҳулқудс пайдокардааш Исо беморон, маъюбон, кӯрон, карон ва гунгонро шифо мебахшид. Ӯ ҳатто мурдагонро зинда мекард! Исо дар миқёси хурд нишон дод, ки ҳангоми ба қудрати подшоҳӣ омаданаш барои инсоният чӣ хоҳад кард (Матто 15:30, 31; Луқо 7:11–16).

8 Вақте ки Исо дар рӯи замин зиндагӣ мекард, аъмоли неки ӯ чунон зиёд буд, ки шогирдаш Юҳанно гуфт: «Боз бисёр аъмоли дигаре Исо ба ҷо овард, ки агар муфассалан навишта шавад, ба гумонам, тамоми дунё ҳам он китобҳои навишташударо ғунҷоиш дода наметавонист» (Юҳанно 21:25)a.

9. Чаро одамони софдил назди Исо ҷамъ мешуданд?

9 Азбаски Исо одамонро хеле дӯст медошт, ӯ меҳрубон ва дилсӯз буд. Ӯ ба камбағалон ва ҷабрдидагон ёрӣ мерасонд, вале зидди сарватмандон ва мансабдорон низ набуд. Исо гуфта буд: «Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид; юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт; зеро юғи Ман хуш ва бори Ман сабук аст». Чунин таклифи пур аз муҳаббати Исоро шунида, одамони софдил бетараф намемонданд (Матто 11:28–30). Мардуми худотарс назди ӯ ҷамъ мешуданд ва ҳукмронии ӯро хурсандона интизор буданд (Юҳанно 12:19).

Ҳамроҳбарон

10, 11. Ҳамроҳи Исо боз киҳо бар замин ҳукмронӣ мекунанд?

10 Чӣ тавре ки дар ҳукумати инсонӣ шахсони мансабдор якҷоя ҳамкорӣ мекунанд, дар Салтанати осмонии Худо низ ҳамин тавр аст. Ғайр аз Исо дигарон низ бар замин салтанат хоҳанд ронд, зеро худи ӯ ба ҳамроҳони наздикаш ваъда дода буд, ки онҳо бо ӯ ҳамчун подшоҳон бар одамизод ҳукмронӣ хоҳанд кард (Юҳанно 14:2, 3; Ваҳй 5:10; 20:6).

11 Пас, бо Исо шумораи маҳдуди одамон низ ба ҳаёти осмонӣ эҳё мешаванд. Онҳо Салтанати Худоро ташкил медиҳанд, ки ба инсоният баракатҳои ҷовидонӣ меорад (2 Қӯринтиён 4:14; Ваҳй 14:1–3). Ҳамин тавр, дар тӯли асрҳо Яҳува ба ҳукумате, ки ба инсоният баракатҳои абадӣ меорад, замина мегузошт.

Анҷоми ҳукмронии мустақил

12, 13. Салтанати Худо ба кадом амалҳо омода аст?

12 Дар асри гузашта Худо ба корҳои замин бевосита дахолат кард. Чӣ тавре ки дар қисми 9-уми ин рисола муҳокима карда мешавад, пешгӯиҳои Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки соли 1914 зери роҳбарии Масеҳ Салтанати Худо барқарор шуд ва ҳозир ин Салтанат омодаи несту нобуд кардани тамоми тартиботи Шайтон мебошад. Ин Салтанат тайёр аст «дар миёни душманони ... [Масеҳ] ҳукмронӣ» намояд (Забур 109:2).

13 Дар ин бора пешгӯии Дониёл 2:44 мегӯяд: «Дар айёми он подшоҳон [ки ҳоло вуҷуд доранд] Худои осмон салтанате [дар осмон] барпо хоҳад кард, ки он то абад барҳам нахоҳад хӯрд; ва ин салтанат ба қавми дигаре супурда нахоҳад шуд [ба ҳукмронии инсонӣ дигар ҳеҷ гоҳ роҳ дода намешавад]: он [Салтанати Худо] ҳамаи ин салтанатҳоро гард–гард ва несту нобуд хоҳад кард, вале худаш то абад хоҳад истод».

14. Дар натиҷаи бартараф сохтани роҳбарияти инсонӣ чӣ манфиат ба даст оварда мешавад?

14 Ҳангоме ки ҳама ҳукуматҳои аз тарафи Худо набуда бартараф карда мешаванд, Салтанати Худо бар замин пурра ҳукмронӣ хоҳад кард. Азбаски Салтанат аз осмон роҳбарӣ мекунад, он ҳеҷ гоҳ аз тарафи одамон вайрон карда намешавад. Ҳукмронӣ дар ҳамон ҷое хоҳад буд, ки дар ибтидо вуҷуд дошт, яъне дар осмон, назди Худо. Ва модоме ки ҳукумати Худо бар тамоми замин ҳукмронӣ хоҳад кард, дигар ҳеҷ кас бо дини дурӯғин, фалсафаи ғайриқаноатбахши одамӣ ва ё бо назария- ҳои сиёсӣ гумроҳ карда нахоҳад шуд. Вуҷуд доштани ягонтои онҳо роҳ дода намешавад (Матто 7:15–23; Ваҳй, бобҳои 17 то 19).

[Эзоҳ]

a Барои ёфтани тавсифоти пурра дар бораи ҳаёти Исо ба китоби «Бузургтарин инсони ҳама давру замон», ки аз тарафи Шоҳидони Яҳува ба забонҳои зиёд ба чоп расидааст, нигаред.

[Тасвири саҳифаи 18]

Вақте ки Исо дар замин буд, ӯ беморонро шифо медод ва мурдагонро зинда мекард, то нишон бидиҳад, ки дар дунёи нав чӣ хоҳад кард.

[Тасвири саҳифаи 19]

Салтанати осмонии Худо ҳамаи шаклҳои роҳбариро, ки аз Худо мустақиланд, несту нобуд хоҳад кард.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан