ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • dg қисми 9 саҳ. 19-22
  • Аз куҷо мо медонем, ки дар «айёми охир» зиндагӣ дорем?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Аз куҷо мо медонем, ки дар «айёми охир» зиндагӣ дорем?
  • Оё Худо дар ҳақиқат ба мо ғамхор аст?
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Ҷангҳои ҷаҳонӣ
  • Далелҳои дигар
  • Сабаби дигар
  • Поёни ҳукмронии одамон ва девҳо наздик аст
  • Кӣ наҷот хоҳад ёфт? Кӣ не?
  • Оё мо дар «охирзамон» зиндагӣ мекунем?
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Оё мо дар охирзамон зиндагӣ мекунем?
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Салтанати Худо чист?
    Таълимоти Китоби Муқаддас
Оё Худо дар ҳақиқат ба мо ғамхор аст?
dg қисми 9 саҳ. 19-22

Қисми 9

Аз куҷо мо медонем, ки дар «айёми охир» зиндагӣ дорем?

1, 2. Аз куҷо мо дониста метавонем, ки дар айёми охир зиндагӣ дорем?

ЧАРО боварӣ дошта метавонем, ки мо дар вақте зиндагӣ дорем, ки Салтанати Худо бар зидди тартиботи имрӯзаи роҳбарии инсонӣ чора мебинад? Аз куҷо мо дониста метавонем, ки вақти ба бадӣ ва ранҷу азоб хотима додани Худо хеле наздик аст?

2 Шогирдони Исои Масеҳ низ мехостанд инро бидонанд. Онҳо аз Исо пурсиданд, ки «аломати» ҳузури ӯ дар қудрати подшоҳӣ ва «охирзамон» чӣ гуна хоҳад буд (Матто 24:3). Дар ҷавоб Исо рӯйдод ва шароитҳоеро ботафсил нақл кард, ки тамоми дунёро ба ларза меоранд ва ин нишон хоҳад дод, ки одамизод ба «айёми охир» қадам гузоштааст (2 Тимотиюс 3:1). Оё мо ин аломати таркибиро дар рӯзҳои худ мушоҳида менамоем? Бале, ва аз ҳад зиёд!

Ҷангҳои ҷаҳонӣ

3, 4. Чӣ гуна ҷангҳои замони мо ба пешгӯии Исо мувофиқ меоянд?

3 Исо пешгӯӣ кард, ки «қавме бар зидди қавме ва салтанате бар зидди салтанате қиём хоҳад кард» (Матто 24:7). Соли 1914 дунёро ҷанге фаро гирифт, ки аз ҷангҳои пешина бо сафарбар намудани қавмҳо ва салтанатҳо фарқ мекард. Ин далелро эътироф намуда, таърихчиён ин ҷангро «Ҷанги бузург» номида буданд. Чунин ҷанг дар таърих ҳеҷ гоҳ рӯй надода буд, ин якумин ҷанги ҷаҳонӣ буд. Тақрибан 20 000 000 аскар ва аҳолии осоишта аз ҳаёт маҳрум гаштанд, ки ин назар ба миқдори фавтидагони ҷангҳои гузашта, хело зиёд буд.

4 Ҷанги Якуми Ҷаҳон ба саршавии айёми охир, яъне охирзамон ишора намуд. Исо гуфт, ки ин ва дигар рӯйдодҳо «ибтидои дардҳо» хоҳанд буд (Матто 24:8). Ин гуфтаҳо ҳақ баро- маданд, чунки Ҷанги Дуюми Ҷаҳон боз ҳам марговартар буд — қариб 50 000 000 аскар ва аҳолии осоишта ҳалок гаштанд. Дар асри ХХ беш аз 100 000 000 одам дар ҷангҳо ҳалок шуданд, ки ин назар ба шумораи тамоми кушташудагони 400 соли охир чор маротиба зиёдтар аст! Чӣ гуноҳи азиме бар сари роҳбарияти инсонӣ!

Далелҳои дигар

5–7. Боз кадом далелҳои дигар нишон медиҳанд, ки мо дар охирзамон зиндагӣ дорем?

5 Исо нишонаҳои дигари охирзамонро низ илова намуд: «Дар ҳар ҷо зилзилаҳои азим, ва қаҳтию вабоҳо [бемориҳои эпидемиявӣ] ... ба амал хоҳад омад» (Луқо 21:11). Ин пурра ба рӯйдодҳое, ки аз соли 1914 сар заданд, мувофиқ меояд, чунки ин офатҳо сабаби азобҳои бениҳоят азим гардиданд.

6 Заминҷунбиҳои азиме, ки мунтазам ба амал меоянд, шумораи калони одамонро ба ҳалокат мерасонанд. Танҳо як худи гриппи испанӣ, ки баъд аз Ҷанги Якуми Ҷаҳон сар зад, тақрибан 20 000 000 нафар, аз рӯи баъзе маълумотҳо бошад, 30 000 000 ва ё шумораи аз он ҳам зиёдтари одамонро ҳалок гардонд. СПИД бошад, садҳо ҳазор одамро аз ҳаёт маҳрум месозад ва дар ояндаи наздик метавонад боз миллионҳои дигарро ҳалок гардонад. Ҳар сол миллионҳо нафар аз сабаби бемориҳои дил, саратон ва дигар касалиҳо аз ҳаёт чашм мепӯшанд. Миллионҳои дигар аз гуруснагӣ дучори марг мегарданд. Бешубҳа, саворони Апокалипсис бо ҷангҳо, қаҳтиҳо ва бемориҳои эпидемиявии худ аз соли 1914 шумораи беҳисоби одамонро нобуд месозанд (Ваҳй 6:3–8).

7 Исо инчунин афзоиши ҷинояткориро пешгӯӣ намуд, ки ҳоло дар рӯи замин мушоҳида карда мешавад. Ӯ гуфта буд: «Ба сабаби афзудани шарорат, муҳаббати бисёр касон сард хоҳад шуд» (Матто 24:12).

8. Чӣ тавр пешгӯии дар 2 Тимотиюс боби 3 навишташуда ба рӯзҳои мо мувофиқат мекунад?

8 Ғайр аз ин, Китоби Муқаддас пастравии меъёрҳои ахлоқиро, ки ҳоло дар тамоми ҷаҳон аён аст, пешгӯӣ намуда буд: «Дар айёми охир замонҳои сахт фаро хоҳад расид. Зеро ки одамон худписанд хоҳанд шуд, ва зарпараст, ва пурғурур, ва ҳавобаланд, ва бадзабон, ва беитоат ба падарону модарон, ва кӯрнамак, ва осӣ, ва ноаҳл, ва номуросо, ва тӯҳматчӣ, ва бепарҳез, ва бераҳм, ва душмани некӣ, ва хоин, ва рӯйнатан, ва бодӣ, ки айшу ишратро бештар аз Худо дӯст медоранд, ва намуди зоҳирии диндориро доранд, вале қуввати онро инкор мекунанд ... Одамони бад ва фиребгарон боз ҳам бадтар ... хоҳанд шуд» (2 Тимотиюс 3:1–13). Ҳамаи ин дар пеши назари мо ба амал омада истодааст.

Сабаби дигар

9. Кадом ҳодисаи дар осмон рӯйдода ба саршавии охирзамон рост омад?

9 Сабаби дигаре низ вуҷуд дорад, ки дар даври мо ба бениҳоят афзудани ранҷу азоб ҷавобгар аст. Соли 1914 дар баробари саршавии охирзамон ҳодисае рӯй дод, ки инсониятро зери хатари боз ҳам зиёдтар гузошт. Чӣ тавре ки дар пешгӯии китоби охирини Навиштаҳои Муқаддас баён мешавад, дар он вақт «дар осмон ҷанг шуд: Микоил [Масеҳе ки дар осмон ҳукмронӣ мекунад] ва фариштаҳояш ба муқобили аждаҳо [Шайтон] меҷангиданд, ва аждаҳо ва фариштаҳояш [девҳо] меҷангиданд, аммо натавонистанд истодагӣ кунанд, ва дар осмон барои онҳо дигар ҷое ёфт нашуд. Ва аждаҳои бузург сарнагун шуд, яъне он мори қадимӣ, ки иблис ва шайтон ном дорад ва тамоми ҷаҳонро фиреб мекунад. Вай ва фариштаҳояш бо вай сарнагун шуданд» (Ваҳй 12:7–9).

10, 11. Бар замин сарнагун шудани Шайтон ва девҳои ӯ, ба инсоният чӣ гуна таъсир расонд?

10 Ин ба инсоният чӣ гуна таъсир расонд? Дар давоми пешгӯӣ чунин гуфта шудааст: «Вой бар ҳоли сокинони замин ва баҳр, чунки назди шумо иблис бо хашми зӯре нузул кардааст, чун медонад, ки вақташ кам мондааст!» Оре, Шайтон медонад, ки поёни тартиботи ӯ наздик аст, аз ҳамин сабаб пеш аз он ки ӯ ва тартиботаш нест шаванд, тамоми қувваташро истифода мебарад, то одамонро аз Худо дур созад (Ваҳй 12:12; 20:1–3). То чӣ андоза ин махлуқоти рӯҳӣ аз озодии иродаи худ суиистифода бурда, фосид гаштанд! То чӣ дараҷа вазъият дар рӯи замин аз таъсири онҳо, хусусан аз соли 1914 вазнин гашт!

11 Тааҷҷубовар нест, ки Исо дар бораи замони мо пешгӯӣ намуда буд: «Ҳодисоти пурдаҳшат ва аломоти бузург аз осмон ба амал хоҳад омад» (Луқо 21:11).

Поёни ҳукмронии одамон ва девҳо наздик аст

12. Яке аз охирин пешгӯиҳое, ки бояд пеш аз анҷоми ин тартибот иҷро шавад, кадом аст?

12 Пеш аз он ки Худо тартиботи ҳозираро нест кунад, чанд пешгӯии дигари Китоби Муқаддас бояд иҷро шавад? Хеле кам! Яке аз охирини он пешгӯиҳо дар 1 Таслӯникиён 5:3 навишта шудааст: «Чун бигӯянд: “Осоиштагӣ ва амният”,— он гоҳ ногаҳон ба ҳалокат дучор хоҳанд шуд». Аз ин маълум мегардад, ки «чун бигӯянд: “Осоиштагӣ ва амният”», он гоҳ анҷоми ин тартибот сар мешавад. Ҳалокат барои ин ҷаҳон ногаҳонӣ хоҳад буд — дар мавриде ки онро тамоман интизор намегарданд, дар вақте ки диққати инсоният сӯи осоиштагӣ ва амнияте, ки аз одамон умедворанд, нигаронида мешавад.

13, 14. Исо дар бораи кадом мусибат пешгӯӣ карда буд ва он чӣ гуна анҷом хоҳад ёфт?

13 Мӯҳлати ин ҷаҳоне, ки зери таъсири Шайтон мебошад, ба итмом расида истодааст. Он ба қарибӣ ҳангоми мусибате, ки дар борааш Исо пешгӯӣ карда буд, ба анҷоми худ мерасад: «Дар он замон чунон мусибати бузурге хоҳад шуд, ки аз ибтидои олам то ҳол нашудааст ва бори дигар нахоҳад шуд» (Матто 24:21).

14 Авҷи «мусибати бузург» ҷанги Худо — Ҳармиҷидӯн хоҳад буд. Ба гуфти Дониёли набӣ ин дар ҳамон вақте хоҳад буд, ки Худо «ҳамаи ин салтанатҳоро гард–гард ва несту нобуд хоҳад кард». Ин маънои онро дорад, ки ҳамаи ҳукуматҳои одамии ҳозира, ки ба Худо тобеъ нестанд, барҳам мехӯранд. Он гоҳ Салтанати Ӯ аз осмон роҳбарӣ карда, тамоми корҳои одамизодро зери назорати худ хоҳад гирифт. Дониёл пешгӯӣ намуда буд, ки ҳуқуқи ҳукмронӣ кардан дигар асло «ба қавми дигаре» супурда нахоҳад шуд (Дониёл 2:44; Ваҳй 16:14–16).

15. Бо таъсироти Шайтон ва девҳои ӯ чӣ рӯй медиҳад?

15 Дар он вақт ба тамоми таъсироти Шай- тон ва девҳо хотима бахшида мешавад. Ин махлуқоти рӯҳии саркаш бартараф карда хоҳанд шуд, то ки «халқҳоро дигар фиреб» дода натавонанд (Ваҳй 12:9; 20:1–3). Онҳо ба марг маҳкум шудаанд ва онҳоро нестшавӣ интизор аст. Озодшавӣ аз таъсири бади онҳо то чӣ андоза ба инсоният сабукӣ хоҳад овард!

Кӣ наҷот хоҳад ёфт? Кӣ не?

16–18. Вақте ки ин тартибот нест карда мешавад, кӣ наҷот меёбад ва кӣ не?

16 Вақте ки довариҳои Худо бар ин ҷаҳон ба амал оварда мешавад, кӣ наҷот меёбад? Кӣ не? Чӣ тавре ки Китоби Муқаддас мегӯяд, касоне ки хоҳони роҳбарии Худо ҳастанд, ҳимоя карда мешаванд ва зинда мемонанд. Касоне ки хоҳони роҳбарии Худо нестанд, ҳимоя карда намешаванд ва ҳамроҳи ҷаҳони Шайтон нобуд мегарданд.

17 Дар Масалҳо 2:21, 22 гуфта шудааст: «Росткорон [онҳое ки ба ҳукмронии Худо итоат мекунанд] сокини замин хоҳанд буд, ва беайбон дар он боқӣ хоҳанд монд, валекин шарирон [онҳое ки ба ҳукмронии Худо итоат намекунанд] аз замин маҳв хоҳанд шуд, ва хоинон аз он решакан хоҳанд гардид».

18 Дар Забур 36:10, 11 низ гуфта мешавад: «Боз андак сабр кун, ва шарир боқӣ нахоҳад монд ... Аммо ҳалимон вориси замин хоҳанд буд, ва аз осудагии бисёр лаззат хоҳанд бурд». Ояти 29 илова менамояд: «Одилон вориси замин хоҳанд буд, ва дар он то абад сукунат хоҳанд кард».

19. Чӣ маслиҳатеро мо бояд дар дили худ ҷо кунем?

19 Ба мо лозим аст, ки маслиҳати дар Забур 36:34 навишташударо дар дили худ ҷо кунем: «Ба Худованд умед банд ва тариқи Ӯро риоя намо; ва Ӯ туро баланд хоҳад кард, то ки вориси замин гардӣ; ҳангоми маҳв шудани шарирон инро хоҳӣ дид». Дар оятҳои 37 ва 38 гуфта шудааст: «Ба беайб назар андоз ва росткорро бубин, зеро ки оянда ба шахси сулҳҷӯ тааллуқ дорад ва ҷинояткорон аз як сар маҳв хоҳанд шуд; фарҷоми шарирон нест шудан аст».

20. Барои чӣ мо гуфта метавонем, ки дар давраи ҳаяҷоновар зиндагӣ дорем?

20 Оре, чӣ тасаллибахш аст ва чӣ рӯҳбаландкунанда аст донистани он ки Худо дар ҳақиқат ба мо ғамхор аст, ки Ӯ ба қарибӣ ҳамаи бадӣ ва ранҷу азобро бартараф месозад! Чӣ ҳаяҷоновар аст донистани он ки иҷрошавии ин пешгӯиҳои аҷиб хеле наздик аст!

[Тасвири саҳифаи 20]

Китоби Муқаддас рӯйдодҳоеро, ки «аломати» охирзамонро ташкил медиҳанд,пешгӯӣ намуда буд.

[Тасвири саҳифаи 22]

Онҳое ки ба ҳукмронии Худо итоат намекунанд, ба қарибӣ, дар Ҳармиҷидӯн маҳв хоҳанд шуд. Онҳое ки ба Ӯ итоат мекунанд, наҷот ёфта, дар дунёи нав ва некӯ зиндагӣ хоҳанд кард.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан