ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • dg қисми 11 саҳ. 28-32
  • Таҳкурсии дунёи нав гузошта шуда истодааст

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Таҳкурсии дунёи нав гузошта шуда истодааст
  • Оё Худо дар ҳақиқат ба мо ғамхор аст?
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Бародарии ҳақиқии байналмилалӣ
  • Шинохтани халқи Худо
  • Фарқияти дигар
  • Ҷавоб ба саволи баҳсталаби дуввум
  • Шумо чиро интихоб мекунед?
Оё Худо дар ҳақиқат ба мо ғамхор аст?
dg қисми 11 саҳ. 28-32

Қисми 11

Таҳкурсии дунёи нав гузошта шуда истодааст

1, 2. Чӣ тавр дар пеши назари мо пешгӯии дар Китоби Муқаддас навишташуда иҷро гардида истодааст?

ТААҶҶУБОВАР ин аст, ки маҳз ҳозир дар баробари вайрон шудани дунёи фарсудаи Шайтон, таҳкурсии дунёи нав бунёд гардида истодааст. Дар пеши назари мо Худо аз ҳар миллат одамонро ҷамъ оварда, бо ин таҳкурсии ҷамъияти навро, ки ба қарибӣ дунёи парокандаи имрӯзаро иваз мекунад, гузошта истодааст. Дар Китоби Муқаддас, дар 2 Петрус 3:13, ин ҷамъияти нав «замини нав» номида шудааст.

2 Дар Китоби Муқаддас, инчунин пешгӯӣ карда шудааст: «Дар айёми охир [дар замоне, ки мо зиндагӣ дорем] ... қавмҳои бисёр роҳсипор шуда, хоҳанд гуфт: “Биёед, ба кӯҳи Худованд [ибодати ҳақиқии Ӯ] ... бароем, то ки Ӯ тариқҳои Худро ба мо таълим диҳад, ва мо ба роҳҳои Ӯ равона шавем”» (Ишаъё 2:2, 3).

3. а) Пешгӯии Ишаъё бар кӣ иҷро гардида истодааст? б) Китоби охирини Навиштаҳои Муқаддас инро чӣ тавр шарҳ медиҳад?

3 Ҳоло ин пешгӯӣ бар онҳое, ки ба Худо итоат мекунанд ва «ба тариқҳо ... ва роҳҳои Ӯ» равонаанд, иҷро мегардад. Дар китоби охирини Навиштаҳои Муқаддас ин ҷамъи- яти байналмилалии сулҳҷӯ «анбӯҳи бу- зург ... аз ҳамаи қабилаҳо ва сибтҳо, ва қавмҳо ва забонҳо» номида шудааст ва он ҳамчун бародарии ҳақиқии умумиҷаҳонӣ дар ягонагӣ ба Худо хизмат мекунад. Китоби Муқаддас боз мегӯяд: «Инҳо касоне ҳастанд, ки аз азоби азим омадаанд». Яъне, онҳо анҷоми ин дунёи шарирро паси сар мекунанд (Ваҳй 7:9, 14; 1 Юҳанно 2:17).

Бародарии ҳақиқии байналмилалӣ

4, 5. Чаро вуҷуд доштани бародарии умумиҷаҳонии Шоҳидони Яҳува имконпазир аст?

4 Миллионҳо Шоҳидони Яҳува аз таҳти дил кӯшиш менамоянд, то мувофиқи аҳком ва роҳҳои Худо зиндагӣ кунанд. Умеди онҳо ба ҳаёти ҷовидонӣ — ин дунёи нави Худо мебошад. Рӯз аз рӯз қонунҳои Худоро ба ҷо оварда, онҳо нишон медиҳанд, ки тайёранд ҳам имрӯз ва ҳам дар дунёи нав таҳти роҳбарии Худо зиндагӣ кунанд. Дар тамоми рӯи замин Шоҳидони Яҳува новобаста аз миллат ва нажодашон ба меъёрҳои ягонае, ки Худо дар Каломи худ навиштааст, итоат мекунанд. Ана барои ҳамин, онҳо бародарии ҳақиқии байналмилалӣ, ҷамъияти дунёи нав мебошанд, ки аз ҷониби Худо барпо шудааст (Ишаъё 54:13; Матто 22:37, 38; Юҳанно 15:9, 14).

5 Шоҳидони Яҳува мавҷудияти чунин бародарии беҳамторо хизмати худ намедонанд. Онҳо медонанд, ки ин натиҷаи амали рӯҳи пурқудрати Худо бар одамоне мебошад, ки қонунҳои Ӯро фармонбардорӣ менамоянд (Аъмол 5:29, 32; Ғалотиён 5:22, 23). Ин амали Худост. Чуноне ки Исо гуфта буд, «он чи барои одамон ғайриимкон аст, барои Худо имконпазир аст» (Луқо 18:27). Пас, Худое, ки коиноти пойдорро офаридааст, инчунин метавонад ҷамъияти пойдорро ба вуҷуд оварад.

6. Барои чӣ бародарии Шоҳидони Яҳуваро метавон мӯъҷизаи замони мо номид?

6 Ҳамин тавр, тарзи роҳбарӣ кардани Яҳува дар дунёи нав, аллакай ҳозир дар он дида мешавад, ки Ӯ дар таҳкурсии дунёи нав чиро ба амал оварда истодааст. Он чизеро ки Ӯ дар байни Шоҳидони худ ба амал овардааст, дар асл мӯъҷизаи замони мост. Барои чӣ? Барои он ки Яҳува аз Шоҳидони худ бародарии ҳақиқии умумиҷаҳоние ба вуҷуд овардааст, ки ба он ҳаргиз нажодпарастӣ, миллатчигӣ ва мухолифати динӣ ҷудоӣ оварда наметавонанд. Гарчанде ки шумораи Шоҳидон ба миллионҳо мерасад ва дар 235 мамлакат зиндагӣ мекунанд, онҳо ба ҳамдигар дар ягонагӣ бо бандҳои канданашаванда пайванданд. Ин бародарии умумиҷаҳоние ки дар таърих ҳамто надорад, воқеан мӯъҷизаи замони мо мебошад ва ин амали Худост (Ишаъё 43:10, 11, 21; Аъмол 10:34, 35; Ғалотиён 3:28).

Шинохтани халқи Худо

7. Мувофиқи суханони Исо, пайравони ҳақиқии ӯ чӣ гуна шинохта мешаванд?

7 Боз чӣ гуна метавон одамонеро, ки Худо ҳамчун таҳкурсии дунёи нави худ истифода мебарад, муайян намуд? Масалан, суханони Исоро, ки дар Юҳанно 13:34, 35 зикр шудаанд, кӣ ба ҷо меорад? Ӯ баён намуд: «Ба шумо ҳукми тозае медиҳам, ки якдигарро дӯст доред; чунон ки Ман шуморо дӯст доштам, шумо низ якдигарро дӯст доред. Аз рӯи ҳамин ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони Ман ҳастед, агар якдигарро дӯст доред». Шоҳидони Яҳува ба суханони Исо гӯш дода, мувофиқи он рафтор менамоянд. Чуноне ки Каломи Худо таълим медиҳад, онҳо «ба якдигар муҳаббати пурзӯр» доранд (1 Петрус 4:8). Онҳо «муҳаббатро дар бар [кардаанд], ки он маҷмӯи камолот аст» (Қӯлассиён 3:14). Инак, «ширеше», ки онҳоро дар тамоми ҷаҳон бо ҳам мепайвандад,— муҳаббати бародарӣ мебошад.

8. Мувофиқи 1 Юҳанно 3:10–12 халқи Худо боз чӣ тавр шинохта мешавад?

8 Инчунин дар 1 Юҳанно 3:10–12 гуфта шудааст: «Фарзандони Худо ва фарзандони иблис ин тавр шинохта мешаванд: ҳар кӣ адолатро ба амал намеоварад, аз Худо нест, ҳамчунин касе ки бародари худро дӯст намедорад. Зеро паёме ки шумо аз ибтидо шунидаед, чунин аст, ки мо бояд якдигарро дӯст дорем, на ҳамчун Қобил, ки аз иблис буд ва бародари худро кушт». Аз ин рӯ халқи Худо ҳамчун бародарии умумиҷаҳонӣ дар зӯровариҳо иштирок намекунад.

Фарқияти дигар

9, 10. a) Дар охирзамон хизматгорони Худо аз рӯи кадом фаъолияти худ шинохта мешаванд? б) Чӣ тавр Шоҳидони Яҳува пешгӯии Матто 24:14-ро ба ҷо меоранд?

9 Боз як тарзи дигаре барои шинохтани хизматгорони Худо вуҷуд дорад. Исо дар пешгӯии худ оиди охирзамон рӯйдодҳои зиёдеро номбар кард, ки бояд ба рӯзҳои охир ишора менамуданд. (Ба қисми 9 нигаред). Қисми асосии ин пешгӯӣ дар Матто 24:14 зикр гардидааст: «Ин Инҷили Малакут дар тамоми олам мавъиза хоҳад шуд, то ки барои ҳамаи халқҳо шаҳодате шавад; ва он гоҳ интиҳо фаро хоҳад расид».

10 Оё мо иҷрошавии ин пешгӯиро дида истодаем? Бале. Аз соли 1914 инҷониб, вақте ки охирзамон оғоз ёфт, Шоҳидони Яҳува дар тамоми ҷаҳон хушхабарро дар бораи Салтанати Худо, ҳамон тавре ки Исо фармуда буд, яъне хона ба хона, мавъиза менамоянд (Матто 10:7, 12; Аъмол 20:20). Миллионҳо Шоҳидон одамони гуногунмиллатро хабар гирифта, бо онҳо дар бораи дунёи нав ҳамсӯҳбат мешаванд. Маҳз аз ҳамин сабаб шумо ин рисоларо дар даст доред, чунки чоп ва паҳн намудани миллиардҳо нусхаи адабиёт дар бораи Салтанати Худо дар доираи фаъолияти Шоҳидони Яҳува мебошад. Оё шумо одамони дигареро мешиносед, ки дар миқёси умумиҷаҳонӣ хона ба хона дар бораи Салтанати Худо мавъиза намоянд? Марқӯс 13:10 нишон медиҳад, ки дар «аввал», яъне пеш аз анҷоми дунёи шарир, бояд кори мавъиза ва таълим иҷро гардад.

Ҷавоб ба саволи баҳсталаби дуввум

11. Ба роҳбарии Худо итоат карда, Шоҳидони Яҳува боз чиро ба даст меоранд?

11 Ба қонуну принсипҳои Худо итоат намуда, Шоҳидони Яҳува боз як мақсади дигареро ноил мегарданд. Онҳо нишон медиҳанд, ки изҳороти Шайтон оиди он ки одамон наметавонанд таҳти озмоиш ба Худо содиқ бимонанд, дурӯғ аст ва бо ин ба саволи баҳсталаби дуюм, ки ба садоқатмандии инсон тааллуқ дорад, ҷавоб медиҳанд (Айюб 2:1–5). Миллионҳо Шоҳидон ҷамъияти гуногунмиллатро ташкил дода, якдилона садоқати худро ба роҳбарии Худо зоҳир месозанд. Ба фишори Шайтон ва нокомилии худ нигоҳ накарда, онҳо дар саволи баҳсталаб оиди ҳукмронии пурра тарафи Худоро гирифтаанд.

12. Шоҳидони Яҳува дар имон аз кӣ ибрат мегиранд?

12 Имрӯз миллионҳо Шоҳидони Яҳува шаҳодати худро ба сафи дуру дарози шоҳидони қадим, ки ба Худо садоқат зоҳир менамуданд, ҳамроҳ месозанд. Дар қатори онҳо Ҳобил, Нӯҳ, Айюб, Иброҳим, Соро, Исҳоқ, Яъқуб, Дебӯро, Рут, Довуд ва Дониёл мебошанд, ки ин ҳоло шумораи ками шоҳидони қадим аст (Ибриён, боби 11). Чӣ тавре ки Китоби Муқаддас мегӯяд, онҳо «абри шоҳидон» мебошанд (Ибриён 12:1). Онҳо ва дигарон, аз ҷумла шогирдони Исо, дар назди Худо содиқ монданд. Худи Исо низ беайбии худро комилан нигоҳ дошта, ибрати беҳтарин гузошт.

13. Кадом гуфтаҳои Исо дар бораи Шайтон ҳақ баромаданд?

13 Ин ҳаққонияти суханонеро, ки Исо дар бораи Шайтон ба роҳбарони дин гуфта буд, исбот менамояд: «Валекин ҳоло мехоҳед Маро бикушед ва Ман Шахсе ҳастам, ки ростиро, ончунон ки аз Худо шунидаам, ба шумо мегӯям ... Падари шумо иблис аст ва шумо мехоҳед орзуҳои падари худро ба амал оваред; вай аз ибтидо қотил буд ва дар ростӣ собит намонд, зеро ки дар вай ростӣ нест; вақте ки вай сухани дурӯғ мегӯяд, аз они худро мегӯяд, зеро ки вай дурӯғгӯй ва падари дурӯғ аст» (Юҳанно 8:40, 44).

Шумо чиро интихоб мекунед?

14. Бо таҳкурсии дунёи нав ҳоло чӣ рӯй дода истодааст?

14 Таҳкурсии дунёи нав, ки ҳоло Худо онро чун ҷамъияти байналмилалии Шоҳидони Яҳува гузошта истодааст, рӯз аз рӯз мустаҳкамтар мегардад. Ҳар сол садҳо ҳазор нафар бо ихтиёри худ ва дар асоси дониши саҳеҳ роҳбарии Худоро қабул менамоянд. Онҳо қисми ҷомеаи дунёи нав гардида, дар саволи баҳсталаб оиди ҳукмронии пурра тарафдори Худо мегарданд ва исбот мекунанд, ки Шайтон дурӯғгӯй аст.

15. Дар рӯзҳои мо чӣ гуна тақсимот гузаронда хоҳад шуд?

15 Роҳбарияти Худоро интихоб намуда, онҳо лоиқи он мегарданд, ки ҳангоми «гӯсфандонро» аз «бузҳо» ҷудо кардани Масеҳ, «ба тарафи рост»-и ӯ гузошта шаванд. Дар бораи охирзамон пешгӯӣ карда, Исо гуфт: «Ҳамаи халқҳо дар назди Ӯ ҷамъ хоҳанд шуд; ва онҳоро аз якдигар ҷудо хоҳад кард, мисли чӯпоне ки гӯсфандонро аз бузҳо ҷудо мекунад; ва гӯсфандонро ба тарафи рост ва бузҳоро ба тарафи чапи Худ ҷой хоҳад дод». Гӯсфандон — одамони фурӯтане хоҳанд буд, ки бо бародарони Масеҳ ҳамроҳ шуда онҳоро дастгирӣ менамоянд ва ба роҳбарии Худо итоат менамоянд. Бузҳо бошад одамони худсаре хоҳанд буд, ки бародарони Масеҳро рад мекунанд ва роҳбарии Худоро дастгирӣ наменамоянд. Натиҷаи он чӣ хоҳад шуд? Исо гуфт: «Онҳо [бузҳо] ба азоби ҷовидонӣ хоҳанд рафт, вале одилон [гӯсфандон] — ба ҳаёти ҷовидонӣ» (Матто 25:31–46).

16. Агар шумо дар биҳишти омадаистода зиндагӣ кардан хоҳед, бояд чӣ кор кунед?

16 Ҳақиқатан ҳам, Худо ба мо ғамхор аст! Дар ояндаи хеле наздик Ӯ биҳишти дилкашеро дар рӯи замин фароҳам хоҳад сохт. Оё хоҳиши дар ин биҳишт зиндагӣ карданро доред? Агар ин тавр бошад, миннатдории худро барои ҳадяҳои Худо бо он нишон диҳед, ки дар бораи Ӯ дониш мегиред ва мувофиқи ин дониши гирифтаатон амал намоед. «Худовандро толиб бошед, вақте ки Ӯ ёфт мешавад; Ӯро бихонед, вақте ки Ӯ наздик аст. Бигзор шарир роҳи худро, ва шахси бадкор фикрҳои худро тарк карда, сӯи Худованд баргардад, ва Ӯ ба вай раҳм хоҳад кард» (Ишаъё 55:6, 7).

17. Чаро дар бобати ба кӣ хизмат кардан фурсатро аз даст додан лозим нест?

17 Вақтро набояд аз даст дод. Поёни ин ҷаҳони фарсуда бисёр наздик аст. Каломи Худо чунин маслиҳат медиҳад: «Ҷаҳонро дӯст надоред, на он чиро, ки дар ҷаҳон аст: касе ки ҷаҳонро дӯст медорад, дар вай муҳаббати Падар нест ... Ва ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо касе ки иродаи Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист» (1 Юҳанно 2:15–17).

18. Кадом амал ба шумо имконият медиҳад, ки дилпурона дар дунёи нави Худо зиндагӣ карданро интизор бошед?

18 Ҳоло бошад халқи Худо барои ҳаёти ҷовидона дар дунёи нав таълим гирифта истодааст. Онҳо рӯҳан ва аз дигар ҷиҳат барои барпо сохтани биҳишт омода мегарданд. Мо шуморо ба он даъват менамоем, ки Худоро ҳамчун Ҳоким интихоб кунед ва кори ҳаётнаҷотдиҳандаеро, ки Ӯ имрӯз дар тамоми замин гузаронда истодааст, дастгирӣ намоед. Бо Шоҳидони Яҳува Китоби Муқаддасро омӯзед ва дар бораи Худое, ки ҳақиқатан ҳам ба шумо ғамхор аст ва ба тамоми ранҷу азоб хотима мебахшад, дониш пайдо кунед. Ин тавр рафтор намуда, шумо низ метавонед қисми таҳкурсии дунёи нав гардед. Он гоҳ метавонед боварии комил дошта бошед, ки аз лутф ва эҳсони Худо баҳраманд хоҳед шуд ва то абад дар он дунёи нав ва шигифтангез зиндагӣ хоҳед кард.

[Тасвири саҳифаи 31]

Шоҳидони Яҳува соҳиби бародарии ҳақиқии байналмилалӣ мебошанд.

[Тасвири саҳифаи 32]

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан