ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • we саҳ. 26-31
  • Умеди воқеӣ дар хусуси мурдагон

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Умеди воқеӣ дар хусуси мурдагон
  • Вақте ки шахси наздике мемирад
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • «Лаъзор, берун о!»
  • Оё ин рӯйдоди ҳақиқист?
  • Худо «муштоқ»–и маҳсули дасташ хоҳад шуд
  • Умеди воқеӣ дар хусуси наздикони фавтидаамон
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • «Бародарат зинда мешавад»!
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
  • Саволҳои хонандагон
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2013
  • Мурдагон зинда мешаванд!
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
Маълумоти бештар
Вақте ки шахси наздике мемирад
we саҳ. 26-31

Умеди воқеӣ дар хусуси мурдагон

ҶАВОНЗАНИ 25–солае менависад: “Соли 1981 модари ӯгайи ман аз бемории саратон фавтид. Марги вай барои ману бародари ӯгаям як фоҷиаи бузурге буд. Ман 17 ва бародарам 11 сол доштем. Чӣ қадар ғам мехӯрдам ман! Маро, ки мурдагон дар осмон гуфта ёд дода буданд, дар дилам хоҳиши сахти худкушӣ пайдо мешуд, то бо ӯ дар осмон бошам. Вай дӯсти беҳтарини ман буд”.

Аз он ки марг қудрати бурдани яке аз наздикони моро дорад, эҳсоси беадолатӣ мекунем. Ва ҳангоме ин ҳодиса рӯй медиҳад, чӣ душвор аст, тоқати он фикр, ки дигар ҳеҷ гоҳ бо ӯ сӯҳбат нахоҳем кард, бо ҳам намехандем ва дигар вайро ба оғӯш намегирем. Ва агар ба мо бигӯянд, ки ӯ дар осмон аст, ин дардамонро сокит намекунад.

Гуфтаҳои Китоби Муқаддас дар ин хусус тамоман дигаранд. Ҳамон тавре ки пештар равшан кардем, Навиштаҳои Муқаддас ишора мекунанд, ки вохӯрии шумо бо шахси наздики фавтидааатон дар ояндаи наздик имконпазир аст, вале на дар осмони номаълум, балки дар рӯи ҳамин замин, дар шароитҳои амониву боадолатӣ. Ва дар он вақт одамон аз саломатии комил баҳраманд хоҳанд шуд ва дигар ҳеҷ гоҳ ба мурдан маҷбур нахоҳанд буд. “Афсона аст!”,— шояд бигӯянд баъзеҳо.

Чӣ шуморо итминон дода метавонад, ки ин ҳақиқат аст? Барои бовар кардан ба ваъдае, аввал бояд дид, ки ваъдадиҳанда барои иҷрои ваъда ҳам хоҳиш дораду ҳам қудрат. Ваъдаи аз нав зинда шудани мурдагонро кӣ медиҳад?

Баҳори соли 31 д. мо Исои Масеҳ бо қатъият ваъда дод: «Ҳамчунон ки Падар мурдагонро эҳё мекунад ва зинда мегардонад, Писар низ ончунон ҳар киро ки хоҳад, зинда мегардонад. Ва аз ин тааҷҷуб накунед: зеро соате мерасад, ки ҳамаи онҳое ки дар қабр мебошанд, овози Ӯ [Исо]–ро хоҳанд шунид ва берун хоҳанд омад» (Юҳанно 5:21, 28, 29). Бале, Исои Масеҳ ваъда дод, ки миллионҳо одамоне ки мурдаанд, аз нав дар рӯи замин зиндагӣ хоҳанд кард ва имконияти ҷовидона дар он аз авзои биҳиштиву амонат лаззат бурданро хоҳанд дошт (Луқо 23:43, ТДН; Юҳанно 3:16; 17:3; қиёс кунед бо Забур 36:29 ва Матто 5:5). Модоме ки Исо ин ваъдаро дод, хулоса метавон кард, ки ӯ хоҳони иҷрошавии он аст. Аммо оё ӯ ба ин амал қудрат дорад?

Аз вақте ки Исо ин ваъдаро дод, 2 сол гузашта буд ва инак, ӯ нишон медиҳад, ки барои аз мурдагон эҳё кардани одамон вай ҳам хоҳишу ҳам қудрат дорад.

«Лаъзор, берун о!»

Як саҳнаи ҳассосе буд ин воқеа. Лаъзор бемории ҷиддӣ дошт. Ду хоҳари вай Маряму Марто ба Исо, ки дар тарафи дигари дарёи Ӯрдун буд, чунин хабар фиристоданд: — Ҳазрат, «он касе ки дӯст медорӣ, бемор аст» (Юҳанно 11:3). Онҳо медонистанд, ки Исо Лаъзорро дӯст медорад. Магар ӯ ба дидори дӯсти бемораш намеояд? Аҷибаш ин аст, ки Исо фавран ба Байт–Ҳинӣ намеравад ва дар ҷои қарордоштааш ду рӯзи дигар меистад (Юҳанно 11:5, 6).

Пас аз он ки ба Исо хабари бемории дӯсташро фиристоданд, баъд аз чанде Лаъзор даргузашт. Исо медонист, ки Лаъзор мурдааст ва ӯ ният дошт, ки коре дар ин хусус бикунад. То он вақте ки Исо ба Байт–Ҳинӣ мерасад, аз марги дӯсти азизаш чаҳор рӯз мегузарад (Юҳанно 11:17, 39). Оё Исо барои ба ҳаёт баргардонидани одами аз маргаш чанд рӯз сипаригашта қодир аст?

Аз омадани Исо хабар ёфта, Марто ки зани чолоке буд, ба пешвози вай медавад (қиёс кунед бо Луқо 10:38–42). Исо бо ҳамдардӣ ба ғами вай мегӯяд: «Бародари ту эҳё хоҳад шуд». Баъд аз он ки Марто имони худро бар эҳёи ояндаи мурдагон изҳор мекунад, Исо ошкоро ба вай мегӯяд: «Ман қиёмат ва ҳаёт ҳастам; ҳар кӣ ба ман имон оварад, агар бимирад ҳам, зинда хоҳад шуд» (Юҳанно 11:20–25).

Jesus resurrects Lazarus

Назди қабр омада, Исо мефармояд, ки санги даҳони онро бардоранд (қабр дар шакли ғоре буд). Баъд аз ин, ӯ бо овози шунаво дуо гуфту амр дод: «Эй Лаъзор, берун о!» (Юҳанно 11:38–43).

Тамоми чашмон ба сӯи қабр дӯхта шуда буданд. Ана, аз торикӣ шакли одам намоён шуд. Дастону пойҳои вай бо кафан печида ва рӯяш бо рӯймоле пӯшида буд. «Вайро воз кунед ва бигзоред биравад»,— фармуд Исо. Инак, охирин банди кафанро боз карданд. Оре, ин ҳамон Лаъзорест, ки чор рӯз пеш аз ин мурда буд! (Юҳанно 11:44).

Оё ин рӯйдоди ҳақиқист?

Воқеаи эҳёшавии Лаъзор дар Инҷили Юҳанно ҳамчун санади таърихӣ оварда шудааст. Ҷузъиёти воқеа чунон равшананд, ки ҳеҷ наметавон онро ривоят шуморид. Зери шубҳа гузоштани он, маънои зери шубҳа гузоштани тамоми мӯъҷизаҳои дар Китоби Муқаддас овардашуда, аз он ҷумла эҳёшавии худи Исои Масеҳро дорад. Ва рад кардани эҳёи Исои Масеҳ рад кардани тамоми имон аст (1 Қӯринтиён 15:13–15).

Аслан, агар шумо вуҷудияти Худоро эътироф намоед, дар бовар кардан ба эҳёи мурдагон бояд ҳеҷ мушкилие надошта бошед. Масалан, агар ягон шахс васияти худро ба навори видео сабт намояд, хешовандону дӯстонаш баъди марги вай метавонанд аз сабт бубинанду шунаванд, ки мероси ӯро чӣ гуна тақсим бояд кунанд. Ҳамагӣ сад сол пеш сабти видео ғайриимкон менамуд. Ва ҳоло ҳам ба назари одамони баъзе қисматҳои дурдасти дунё технологияи сабти видео мӯъҷиза аст. Агар одамон аз қонунҳои илмие, ки Офаридгор бунёдгарашон аст, истифода бурда, саҳнаҳоро то дидаву шунидашуданӣ барқарор карда тавонанд, магар худи Офаридгор ба корҳои аз ин зиёд қодир нест? Пас, Оне ки худ зиндагиро офаридааст, магар ҳаётро барқарор карда наметавонад?

Мӯъҷизаи барқароршавии ҳаёти Лаъзор барои қавӣ гардонидани имон бар Исо ва эҳёи мурдагон хидмат мекард (Юҳанно 11:41, 42; 12:9–11, 17–19). Ин воқеаи таассурангез ҳамчунин омодагиву хоҳиши бузурги Яҳува ва Писарашро барои эҳёи мурдагон нишон медиҳад.

Худо «муштоқ»–и маҳсули дасташ хоҳад шуд

Муносибати Исо ба марги Лаъзор хеле мушфиқ будани ӯро зоҳир мекунад. Ин эҳсосоти амиқи Исо аз хоҳиши бузурги мурдагонро эҳё кардани ӯ шаҳодат медиҳад. Дар Навиштаҳои Муқаддас мехонем: «Марям ба он ҷое ки Исо буд, омад, ӯро дида, ба пойҳои ӯ афтод ва гуфт: “Агар дар ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд”. Исо, вақте ки вайро ашкрезон ва яҳудиёни бо вай омадаро низ гирён дид, аз дил оҳи аламноке кашид ва музтариб шуд, ва гуфт: “Вайро куҷо гузоштаед?” Ба ӯ гуфтанд: “Худовандо! Биё ва бубин”. Исо гиря кард. Яҳудиён гуфтанд: “Бингаред, чӣ қадар вайро дӯст медошт!”» (Юҳанно 11:32–36).

Дили Исо пур аз ҳамдардӣ буд, се феъли ин оят нишонгаранд; ӯ «аз дил оҳи аламноке кашид», «музтариб шуд» ва «гиря кард». Ба забоне, ки матни аслӣ навишта шудааст, ин феълҳо ишора бар он мекунанд, ки Исо аз марги дӯсти азизаш Лаъзор ва намуди хоҳари гирёни вай чунон ба изтироб омад, ки чашмонаш пур аз ашк шуданд.a

Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки Исо то ин дам аллакай ду нафари дигарро эҳё карда буд. Ва хоҳиши қавии бо Лаъзор ҳам айнан ҳамин тавр карданро дошт (Юҳанно 11:11, 23, 25). Ва бо вуҷуди ин, ӯ «гиря кард». Аз ин бармеояд, ки зинда кардани мурдагон барои Исо як кори хушку холӣ нест. Шафқату ҳамдардии амиқи ӯ шаҳодати равшан бар онанд, ки вай хоҳиши қавии нест кардани ҳар осори маргро дорад.

Эҳсосоти мушфиқонаи Исо ҳангоми эҳё кардани Лаъзор аз хоҳиши бузурги ӯ барои аз нав ба ҳаёт баргардонидани мурдагон шаҳодат медиҳад.

Азбаски Исо «мазҳари моҳияти Ӯ [Худо]» аст, айнан ҳамин чизро мо аз падари осмониамон низ интизор буда метавонем (Ибриён 1:3). Дар бораи хоҳиши мурдагонро зинда кардани Яҳува Айюби пайғамбар чунин гуфтааст: «Вақте инсон бимирад, оё дубора зинда мешавад? ... Ту маро садо хоҳӣ кард ва ман ҷавоб хоҳам дод; ва ту муштоқи ин махлуқи худ хоҳӣ шуд» (Айюб 14:14, 15, ТТФ). Матне, ки дар оят ба забони асл ба ҷои «муштоқ хоҳӣ шуд» истодааст, ба хоҳиши қавиву амиқи Худо ишора мекунад (Ҳастӣ 31:30; Забур 83:3). Аниқ аст, ки Яҳува эҳёи мурдагонро хеле ва хеле интизор аст.

Оё воқеан ба эҳё шудани мурдагон боварӣ метавон кард? Бале, метавон ва шубҳае нест, ки Яҳува ва Писараш ба зинда кардани мурдагон, на танҳо хоҳон балки қудратманд ҳам ҳастанд. Ин чӣ дахле бар шумо дорад? — Шумо имконияти бо азизони фавтидаатон дар рӯи ҳамин замин, вале зери шароитҳои комилан дигар вохӯрданро доред!

Яҳува Худо, ки бунёди инсониятро дар боғи дилпазир гузошт, ваъда додааст, ки дар рӯи ҳамин замин Биҳиштро зери ҳукмронии Салтанати осмониаш, ки Исои Масеҳи ҷалолёфта дар он подшоҳ аст, барқарор созад (Ҳастӣ 2:7–9; Матто 6:10; Луқо 23:42, 43, ТДН). Дар ин Биҳишти барқароргашта оилаи инсонӣ имконияти то ба беохирӣ лаззат бурдан аз зиндагӣ ва халосии ҳамешагӣ зи ҳама заифиву бемориҳоро хоҳад дошт (Ваҳй 21:1–4; қиёс кунед Айюб 33:25–ро; Ишаъё 35:5–7). Ҳамчунин нафрату бадгумониҳои миллӣ, низоъҳои байни халқҳо ва фишори иқтисодӣ аз байн меравад. Ана дар чунин замини пок Худо тавассути Исои Масеҳ мурдагонро эҳё хоҳад кард.

Эҳёи мурдагон, ки бар қурбонии Исои Масеҳ асос ёфтааст, барои тамоми халқҳо шодӣ хоҳад овард.

Маҳз ҳамин гуна умедро зани дар аввали ин қисмат ёдоваршуда дорад. Пас аз чанд соли марги модараш, Шоҳидони Яҳува ба ӯ кӯмак карданд, ки Китоби Муқаддасро биёмӯзад. Вай ба ёд меорад: “Вақте ки дар бораи умеди эҳёи мурдагон фаҳмидам, ашк аз чашмонам ҷорӣ шуд. Бароям мӯъҷизае буд, ки метавонам модарамро боз бубинам”.

Агар дили шумо ҳам муштоқи дидори азизи фавтидаест, Шоҳидони Яҳува бароятон кӯмак мекунанд, то бидонед, ки чӣ тавр ин умедро шумо ҳам пайдо созед. Метавонед бо онҳо дар наздиктарин «Толори Салтанат» вохӯред ё бо яке аз суроғаҳои саҳифаи 32 тамос бигиред.

a Дар матни аслӣ дар ҷои фикре, ки «аз дил оҳи аламноке кашид» тарҷума шудааст, феъли юнонии эмбримаомаи (em·bri·maʹo·mai) истодааст, ки маънои сахт, ба таври дарднок мутаассир шуданро дорад. Як муҳаққиқи Китоби Муқаддас ишора мекунад: “Дар ин ҷо феъли мазкур танҳо маънои онро дошта метавонад, ки эҳсосоти Исоро фарогирифта то он андоза амиқ буданд, ки ӯ беихтиёр оҳи аламноке аз дил кашид”. Феъли «музтариб шуд», аз калимаи юнонии тарассо (ta·rasʹso) тарҷума шудааст, ки ба изтироб ишора мекунад. Тибқи гуфтаи як луғатшинос, ин калима ба “ошуфтагии дарунӣ доштан, ё зери таъсири дарду ғами сахт будан”–ро дорад. Феъли «гиря кард» тарҷумаи калимаи юнонии дакрио (da·kryʹo) мебошад, ки маънои “ашк рехтан, хомӯшона гиря кардан”–ро дорад.

Суолҳо барои андеша

  • Чӣ гуна Исо ҳангоми марги дӯсташ Лаъзор нишон дод, ки ҳам хоҳон ва ҳам қодир ба эҳёи мурдагон аст?

  • Чаро барои чун рӯйдоди воқеӣ қабул кардани ҳодисаи эҳё шудани Лаъзор, ки дар Китоби Муқаддас омадааст, асос дорем?

  • Чӣ тавр хабари дар боби 11–и Инҷили Юҳанно овардашуда хоҳиши бузурги Исоро барои бар ҳаёт баргардонидани мурдагон нишон медиҳад?

  • Чӣ нишонгар аст, ки Яҳува эҳёи мурдагонро муштоқона интизор аст?

Оятҳои тасаллибахш аз Китоби Муқаддас

Ҳангоми нақл дар бораи он ки чӣ гуна аз ӯҳдаи ғаму ғуссаи худ баромаданд, ходимони Худо борҳо чунин гуфтаанд: “Мехоҳам ояти аз Китоби Муқадас дӯстдоштаамро оварам”. Агар ҳоло дар ғаму ҳасратед, шояд баъзе аз ин оятҳо ба шумо низ кӯмак бикунанд.

«Муборак аст... Падари марҳаматҳо ва Худои ҳар тасалло, ки моро дар ҳар андӯҳи мо тасалло медиҳад» — 2 Қӯринтиён 1:3, 4.

«Дасти Худро мекушоӣ ва ҳамаи зиндаҳоро ба дилхоҳашон сер мекунӣ» — Забур 144:16.

«Ӯ рӯзеро муқаррар намудааст, ки аҳли ҷаҳонро ба василаи Марде ки баргузидаи Ӯст, аз рӯи инсоф доварӣ кунад, ва барои он ки инро ба ҳама исбот намояд, Ӯро аз мурдагон эҳё кард» — Аъмол 17:31.

«Ман, Ман Тасаллидиҳандаи шумо ҳастам» — Ишаъё 51:12.

«Чунон ки инсонро модараш тасаллӣ медиҳад, ончунон Ман шуморо тасаллӣ хоҳам дод» — Ишаъё 66:13.

«Ин дар мусибатам тасаллои ман аст, зеро ки сухани Ту маро зинда гардонд. Довариҳои қадимии Туро, эй Худованд, ба ёд меовардам ва тасаллӣ меёфтам. Пас, бигзор эҳсони Ту тасаллои ман гардад; мувофиқи сухани Ту бо бандаи Ту» — Забур 118:50, 52, 76.

«Соате мерасад, ки ҳамаи онҳое ки дар қабр мебошанд, овози Ӯро хоҳанд шунид ва берун хоҳанд омад — некӯкорон барои қиёмати ҳаёт» — Юҳанно 5:28, 29.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан