ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • kl боби 16 саҳ. 150-159
  • Чӣ тавр метавон ба Худо наздик шуд

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Чӣ тавр метавон ба Худо наздик шуд
  • Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ЧАРО БА ХУДО НАЗДИК БОЯД ШУД?
  • ТАЛАБОТ БАРОИ НАЗДИК ШУДАН БА ХУДО
  • ФУРСАТҲО БАРОИ СӮҲБАТ БО ХУДО
  • ДУОҲОЕ, КИ ЙЕҲӮВА МЕШУНАВАД
  • ҲАМЕША ДУО ГӮЕД
  • МУОШИРАТ БО ЙЕҲӮВА ЯКҶОНИБА НЕСТ
  • Дар дуо ба Худо наздик шавед
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Чӣ тавр бояд дуо гӯем?
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Дуо шуморо ба Худо наздик мекунад
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Дуоҳои шумо аз чӣ шаҳодат медиҳанд?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2009
Маълумоти бештар
Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
kl боби 16 саҳ. 150-159

Боби 16

Чӣ тавр метавон ба Худо наздик шуд

1. Чӣ гуна шабоҳатҳо дар бисёре аз динҳо вуҷуд доранд?

ТУРИСТЕ, ки дар яке аз кишварҳои Осиё саёҳат мекард, аз мушоҳидаи маросими мазҳабӣ дар маъбади буддоӣ ба ҳайрат афтод. Агарчӣ дар он ҷой тасвирҳои Марям ё Масеҳ набуданд, бисёре аз ин расму оинҳо ба маросимҳое, ки дар калисоҳои кишвари ӯ анҷом мешуд, шабоҳат доштанд. Масалан, ӯ ба истифодаи тасбеҳ ва дуохонӣ аҳамият дод. Шахсони дигар низ ба чунин монандиҳо ишора мекарданд. Дар Шарқ ё дар Ғарб равишҳое, ки диндорон барои наздик шудан ба Худо ё ба он чизе ки ибодат мекунанд, истифода мебаранд, ба якдигар хеле монанданд.

2. Дуо чӣ гуна тавсиф шудааст ва чаро бисёре аз мардум дуо мекунанд?

2 Бисёр касон барои наздик шудан ба Худо ба Ӯ дуо мекунанд. Одатан зери калимаи дуо “муроҷиат ба Худо” фаҳмида мешавад. Аммо баъзе одамон ҳангоми ба Худо дуо кардан фақат дар фикри манфиати худ ҳастанд. Масалан, боре марде аз Шоҳиди Йеҳӯва чунин дархост кард: “Агар барои ман дуо кунед, оё мушкилоти ман дар оила, ҷои кор ва саломатӣ бартараф хоҳанд шуд?” Зоҳиран, он мард ба ин умед дошт, вале одамони зиёде дуо мекунанд, аммо мушкилиҳо боқӣ мемонанд. Аз ин лиҳоз, саволе ба миён меояд: аслан, чаро ба Худо наздик бояд шуд?

ЧАРО БА ХУДО НАЗДИК БОЯД ШУД?

3. Дуоҳои худро ба кӣ равона бояд кунем ва чаро?

3 Дуо як расми холӣ аз маъно, ё роҳи аз Худо чизе гирифтан нест. Яке аз сабабҳои муҳимтарини наздик шудан ба Худо — доштани муносибати наздик бо Ӯст. Бинобар ин, дуоҳои мо бояд ба Йеҳӯва Худо равона шаванд. «Худованд наздик аст ба ҳамаи онҳое ки Ӯро мехонанд» — гуфтааст Довуди забурнавис (Забур 144:18). Йеҳӯва моро даъват мекунад, ки бо ӯ муносибати созишкорона барқарор кунем (Ишаъё 1:18). Касоне ки ба ин даъват ҷавоби мусбат медиҳанд, бо суханони забурнавис, ки чунин гуфтааст: «Барои ман ба Худо наздик шуданам некӯст», ҳамовозанд. Чаро? Чунки касоне ки ба Йеҳӯва Худо наздик мешаванд, аз хушбахтии ҳақиқӣ ва оромии хаёл бархурдор хоҳанд шуд (Забур 72:28).

4, 5. a) Чаро дуо кардан ба Худо муҳим аст? б) Аз тариқи дуо чӣ гуна робитаро метавонем бо Худо барқарор кунем?

4 Чаро ба Худо дуо бояд кард, агар Ӯ «тамоми эҳтиёҷоти шуморо, пеш аз он ки талаб кунед, медонад»? (Матто 6:8; Забур 138:4). Дуо нишондиҳандаи он аст, ки мо ба Худо имон дорем ва Ӯро Сарчашмаи «ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил» медонем (Яъқуб 1:17; Ибриён 11:6). Дуоҳои мо боиси хурсандии Йеҳӯва мешаванд (Масалҳо 15:8). Ӯ аз шунидани сипосгузориҳои самимӣ ва ҳамду санои мо хушнуд мешавад, ҳамон тавре ки ҳар як падар аз шунидани суханони ташаккуромез ва содиқонаи кӯдаки худ хушҳол мешавад (Забур 118:108). Агар дар байни падар ва фарзанд муносибати хуб мавҷуд бошад, сӯҳбатҳои онҳо самимона хоҳанд буд. Агар фарзанд бидонад, ки ӯро дӯст медоранд, ҳамеша ҷӯёи сӯҳбат бо падар мешавад. Муносибати мо бо Худо низ ба ҳамин шакл аст. Агар дар ҳақиқат қадри он чиро ки дар бораи Йеҳӯва меомӯзем ва муҳаббати ӯро бидонем, мо хоҳиши бузурги дар дуо ба Ӯ холӣ кардани диламонро хоҳем дошт (1 Юҳанно 4:16–18).

5 Ҳангоме ки ба Худои Таоло муроҷиат мекунем, бояд боэҳтиром рафтор кунем, аммо дар бобати калимаҳое, ки истифода мебарем, аз ҳад зиёд нороҳат набояд шуд (Ибриён 4:16). Йеҳӯва барои мо ҳамеша дастрас аст. Ва чӣ афзалияти бузургест, ки метавонем дар дуо «дилҳои худро ба ҳузури Ӯ холӣ кунем» (Забур 61:9). Сипосгузорӣ аз Йеҳӯва ба муносибати гарму самимӣ бо Ӯ меорад, монанди он муносибате, ки марди боимон Иброҳим, ки «дӯсти Худо» номида мешавад, аз он бархурдор буд (Яъқуб 2:23). Аммо вақте ки ба Султони Олам дуо мекунем, бояд талабҳоеро ки Худо барои наздик шудан ба Ӯ муқаррар кардааст, иҷро намоем.

ТАЛАБОТ БАРОИ НАЗДИК ШУДАН БА ХУДО

6, 7. Бо ин ки Худо барои шунидани дуоҳои мо пуле наметалабад, ҳангоми дуо Ӯ чӣ дархосте аз мо дорад?

6 Оё барои наздик шудан ба Худо пул лозим аст? Бисёре аз мардум ба рӯҳониён барои дуо пул медиҳанд. Баъзеҳо ҳатто боварӣ доранд, ки ҳар қадаре ки хайрияи онҳо зиёд бошад, дуоҳояшон зудтар шунида хоҳанд шуд. Аммо Каломи Худо дар бораи он ки барои наздик шудан ба Йеҳӯва аз тариқи дуо пуле пардохт бояд кард, сухане намегӯяд. Ӯ аз мо бар ивази мадади рӯҳонӣ ва он баракатҳое, ки тавассути дуо мегирем, чизе талаб намекунад (Ишаъё 55:1, 2).

7 Пас, чӣ шарте вуҷуд дорад? Дар вазъи дуруст будани дил муҳим аст (2 Вақоеънома 6:29, 30; Масалҳо 15:11). Мо бояд аз таҳти дил бар он ки Йеҳӯва Худо «дуоро мешунавад» ва «ба толибони худ мукофот хоҳад дод» бовар кунем (Забур 64:3; Ибриён 11:6). Мо бояд ҳамчунин фурӯтан бошем (4 Подшоҳон 22:19; Забур 50:19). Исои Масеҳ дар яке аз масалҳо нишон дод, ки боҷгире ки бо фурӯтанӣ ба Худо дуо мекард, аз фарисии мутаккабир дурусткортар аст (Луқо 18:10–14). Ҳангоме ки ба Худо дар дуо наздик мешавем, бояд дар хотир дошта бошем, ки «ҳар касе ки дили мағрур дорад, назди Худованд зишт аст» (Масалҳо 16:5).

8. Агар хоҳем, ки Худо ба дуоҳои мо ҷавоб диҳад, худро аз чӣ бояд пок созем?

8 Агар бихоҳем, ки Худо ба дуоҳои мо ҷавоб диҳад, бояд худро аз аъмоли бад пок нигоҳ дорем. Вақте ки Яъқуби шогирд дигаронро барои наздик шудан ба Худо ташвиқ мекард, илова намуд: «Дастҳои худро бишӯед, эй гунаҳкорон ва дилҳои худро пок кунед, эй дудилагон» (Яъқуб 4:8). Ҳатто хатокорон низ агар тавба кунанд ва равиши зиндагии пешини худро тарк кунанд, метавонанд робитаи хубе бо Йеҳӯва барқарор кунанд (Масалҳо 28:13). Агар танҳо вонамуд кунем, ки ислоҳ шудаем, мо ба таваҷҷӯҳи Йеҳӯва умед баста наметавонем. «Чашмони Худованд сӯи одилон нигаронида шудааст ва гӯшҳои Ӯ — сӯи дуои онҳо, аммо рӯи Худованд ба муқобили бадкорон аст»,— гуфта шудааст дар Каломи Худо (1 Петрус 3:12).

9. Ба воситаи кӣ бояд бо дуо ба Йеҳӯва наздик шавем ва чаро?

9 Китоби Муқаддас мегӯяд: «Одами одиле дар рӯи замин нест, ки некӣ кунад ва хатое содир нанамояд» (Воиз 7:20). Аз ин лиҳоз, мумкин аст бипурсед: пас чӣ гуна ба Йеҳӯва Худо наздик шавем? Китоби Муқаддас посух медиҳад: «Агар касе гуноҳ кунад, мо ба ҳузури Падар Шафоатгаре дорем, ки Исои Масеҳи одил аст» (1 Юҳанно 2:1). Ҳарчанд ки гунаҳкорем, метавонем озодона ба Худо ба воситаи Исои Масеҳ, ки ҷони худро ба унвони фидия барои мо дод, муроҷиат кунем (Матто 20:28). Ӯ ягона шахсест, ки ба воситааш ба Йеҳӯва Худо метавон наздик шуд (Юҳанно 14:6). Ба арзиши қурбонии фидияи Исо набояд сабукфикрона муносибат намуд ва дидаву дониста гуноҳ кард (Ибриён 10:26). Вале агар бо вуҷуди тамоми кӯшиш барои худдорӣ аз бадӣ боз ҳам гоҳе хато кунем, метавонем тавба намоем ва аз Худо бахшоиш пурсем. Ва агар бо дили фурӯтан ба Ӯ наздик шавем, Ӯ моро хоҳад шунид (Луқо 11:4).

ФУРСАТҲО БАРОИ СӮҲБАТ БО ХУДО

10. Чӣ гуна метавонем дар дуо кардан ба Исо пайравӣ кунем ва дар кадом ҳолатҳо дуои шахсӣ ба Худо бамаврид аст?

10 Исои Масеҳ робитаи худро бо Худо хеле қадр мекард. Ӯ барои сӯҳбат бо Худо дар дуои шахсӣ, вақт ҷудо мекард (Марқӯс 1:35; Луқо 22:40–46). Хуб аст, агар мо низ ба Исо пайравӣ кунем ва ба Худо мунтазам дуо гӯем (Румиён 12:12). Шоиста аст, ки рӯзро бо дуо оғоз намоем ва дуруст мешуд, ки пеш аз хоб барои рӯзи гузаронида ба Йеҳӯва шукр гӯем. Дар давоми рӯз бикӯшед, то ба Худо «дар ҳар вақт» муроҷиат кунед (Эфсӯсиён 6:18). Мо метавонем ҳатто дар дили худ дуо кунем, зеро медонем, ки Йеҳӯва метавонад суханони моро бишнавад. Сӯҳбати шахсӣ бо Худо робитаи моро бо Йеҳӯва мустаҳкам мекунад ва ғайр аз ин дуоҳои ҳаррӯза моро ёрӣ медиҳанд, ки ба Ӯ наздиктар шавем.

11. a) Барои чӣ бо аҳли оила дуо бояд кард? б) Маънои “омин”, ки дар охири дуо мегӯянд, чист?

11 Йеҳӯва ҳамчунин ба дуоҳое, ки бо намояндагӣ аз як гурӯҳ хонда мешаванд, низ гӯш медиҳад (3 Подшоҳон 8:22–53). Мо метавонем ба Худо бо аҳли оила муроҷиат кунем, дар ин ҳол дуоро сарвари оила мегӯяд. Ин кор пайванди хонаводаро мустаҳкам мекунад ва ҳангоме ки кӯдакон мебинанд, ки волидон бо фурӯтанӣ ба Худо муроҷиат мекунанд, Йеҳӯва бар онҳо воқеият пайдо мекунад. Агар касе бо намояндагӣ аз як гурӯҳ, масалан дар ҷамъомади Шоҳидони Йеҳӯва дуо гӯяд, чӣ тавр аст? Агар мо дар ҷамъомад бошем, бояд бодиққат гӯш кунем, то дар поёни дуо битавонем аз сидқи дил бигӯем “омин”, ки ба маънии “ҳамин тавр шавад” аст (1 Қӯринтиён 14:16).

ДУОҲОЕ, КИ ЙЕҲӮВА МЕШУНАВАД

12. a) Чаро Худо ба баъзе дуоҳо ҷавоб намедиҳад? б) Чаро дар дуо набояд фақат дар бораи манфиати шахсии худ фикр кунем?

12 Баъзе шахсон мумкин аст эҳсос кунанд, ки ҳарчанд ба воситаи Масеҳ ба Худо дуо мекунанд, Худо ҷавоб намедиҳад. Аммо Юҳаннои ҳавворӣ гуфт: «Агар мо мувофиқи иродаи Ӯ чизеро талаб кунем, Ӯ моро мешунавад» (1 Юҳанно 5:14). Пас лозим аст, ки аз Худо тибқи иродаи Ӯ бипурсем. Азбаски Ӯ бар беҳбудии рӯҳонии мо ҳавасманд аст, ҳар омиле, ки ба вазъи рӯҳонии мо асар мегузорад, мавзӯи муносибе барои дуо хоҳад буд. Мо бояд дар муқобили майли фақат дар бораи ниёзҳои ҷисмониамон фикр кардан муқовимат кунем. Масалан, гарчанде ки дар вақти беморӣ дар дуо талабидани хирад ва таҳаммул дуруст аст, аммо ташвиши саломатӣ набояд аз ниёзҳои рӯҳонӣ бартарӣ ёбад (Забур 40:2, 4). Як зани масеҳӣ пай бурд, ки беш аз андоза дар мавриди саломатии худ дар изтироб аст ва аз Йеҳӯва хоҳиши кӯмак кард, то ба бемории худ назари дуруст дошта бошад. Дар натиҷа беморӣ вайро ҳарчӣ камтар ба изтироб меовард ва ӯ эҳсос кард, ки «бартарии қувват» барояш дода шудааст (2 Қӯринтиён 4:7). Хоҳиши ӯ дар расонидани ёрии рӯҳонӣ ба дигарон афзуд ва ӯ мавъизагари пурравақти Салтанат гашт.

13. Ҳамон тавре ки дар Матто 6:9–13 нишон дода шудааст, баъзе аз мавзӯъҳои муносибе, ки метавонем дар дуоҳои худ биғунҷонем, кадоманд?

13 Дар бораи чиҳо дуо метавон гуфт, то Йеҳӯва аз шунидани онҳо хушнуд гардад? Исои Масеҳ тарзи дуо карданро ба шогирдони худ омӯзонид. Дар дуои намуна, ки дар Матто 6:9–13 омадааст, ӯ мавзӯъҳоеро, ки дар бораи онҳо дуо гуфтан бамаврид аст, умумият дод. Кадом мавзӯъҳоро асосан дар дуоҳоямон зикр бояд кард? Пеш аз ҳама номи Йеҳӯва Худо ва Салтанати Ӯро. Талаби ниёзҳои моддиамон низ баҷост. Талаби бахшоиши гуноҳҳоямон, раҳоӣ аз васвасаҳо ва ҳимоя аз Шайтон низ муҳим аст. Хости Исо он набуд, ки ин дуоро бо овоз бихонем ва ё гаштаву баргашта такрор намоем, бе он ки мавҳумашро фикр кунем (Матто 6:7). Агар кӯдак ҳар бор, ки бо падараш сӯҳбат мекунад, ҳамон як ибораҳоро такрор кунад, муносибати байни онҳо чӣ гуна хоҳад буд?

14. Ғайр аз дархостҳо, дуоҳои мо бояд чиро дар бар гиранд?

14 Ғайр аз илтиҷову дархостҳои самимона мо бояд дуоҳои ҳамд ва ташаккур низ ба ҷо оварем (Забур 33:2; 91:2; 1 Таслӯникиён 5:18). Мо барои дигарон ҳам дуо карда метавонем. Дуоҳои мо барои бародарон ва хоҳарон, ки дучори мусибат гашта ё таҳти азияту таъқиб ҳастанд, низ нишонгари ғамхории мо бар онон аст ва бинобар ин Йеҳӯва аз шунидани чунин дуоҳо хушнуд мешавад (Луқо 22:32; Юҳанно 17:20; 1 Таслӯникиён 5:25). Дар ин бора Павлуси ҳавворӣ навишта: «Ҳеҷ ғам нахӯред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед,— ва осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Исои Масеҳ нигоҳ хоҳад дошт» (Филиппиён 4:6, 7).

ҲАМЕША ДУО ГӮЕД

15. Агар дар назар чунин намояд, ки дуоҳоямон беҷавоб мемонанд, чиро дар хотир бояд дошт?

15 Бо вуҷуди он ки дар паи омӯхтани маърифати Худо ҳастед, шояд эҳсос кунед, ки дуоҳоятон беҷавоб мемонанд. Сабаб метавонад дар он бошад, ки замони ҷавоб барои дуои муайяне нарасидааст (Воиз 3:1–9). Йеҳӯва мумкин аст иҷозат диҳад, ки вазъият мисли пештара боқӣ бимонад, аммо Ӯ дар ҳақиқат ба дуо ҷавоб медиҳад ва медонад, ки беҳтарин вақт барои анҷоми он кадом аст (2 Қӯринтиён 12:7–9).

16. Чаро ҳамеша дар дуо бояд буд ва ин ба робитаи байни мову Худо чӣ гуна таъсир мерасонад?

16 Ҳамеша дар дуо будани мо то кадом андоза бароямон муҳим будани он чизеро, ки ба Худо мегӯем, зоҳир мекунад (Луқо 18:1–8). Масалан, мо метавонем аз Йеҳӯва дархост кунем, ки моро барои ғолиб омадан бар сустие ёрӣ кунад. Инро ҳамеша дар дуо пурсида ва мувофиқи илтимосамон амал карда, мо нишон медиҳем, ки то кадом андоза самимӣ ҳастем. Мо бояд дархостҳоямонро мушаххас ва ошкоро баён кунем. Хусусан, дар ҳолате ки таҳти озмоише қарор мегирем, бояд бошиддат дуо кунем (Матто 6:13). Агар мо дар вақте ки барои идора кардани хоҳишҳои гунаҳолудамон кӯшиш мекунем, ба дуо кардан идома диҳем, хоҳем дид, ки Йеҳӯва моро ёрӣ мекунад. Ин имон ва робитаи моро ба Худо мустаҳкам мекунад (1 Қӯринтиён 10:13; Филиппиён 4:13).

17. Тарзи фикронии моил ба дуо, ба хидмати Йеҳӯва чӣ гуна таъсир мерасонад?

17 Бо инкишофи тарзи фикрроние, ки ҳамеша ба дуо моил аст, дар ба ҷо овардани хидмати рӯҳонӣ ба Йеҳӯва мо дархоҳем ёфт, ки қуввате, ки бо кӯмаки он ба Худо хидмат мекунем, аз мо нест. Ин Йеҳӯва аст, ки ба мо барои ба Ӯ хидмат намудан қувват медиҳад (1 Қӯринтиён 4:7). Донистани ин моро ёрӣ мекунад, ки фурӯтан бошем ва ҳамин тавр робитаамонро бо Худо мустаҳкам намоем (1 Петрус 5:5, 6). Бале, мо тамоми асосҳоро барои ҳамеша дар дуо будан дорем. Дуоҳои самимии мо ва маърифати пурарзиш, ки моро ба Падари осмониамон наздиктар месозад, зиндагиамонро саодатманд хоҳад гардонид.

МУОШИРАТ БО ЙЕҲӮВА ЯКҶОНИБА НЕСТ

18. Ба Худо чӣ гуна метавон гӯш дод?

18 Агар бихоҳем, ки Худо дуоҳои моро бишнавад, бояд ба гуфтаҳои Ӯ гӯш диҳем (Закарё 7:13). Ӯ дигар паёмҳои хешро ба воситаи паёмбарони илҳомгирифта намефиристад ва албатта аз иртибот бо арвоҳ низ истифода намекунад (Такрори Шариат 18:10–12). Лекин мо метавонем ба Худо гӯш диҳем, ҳангоме ки Каломи Ӯ — Китоби Муқаддасро меомӯзем (Румиён 15:4; 2 Тимотиюс 3:16, 17). Ҳамон тавре ки ба таъми ғизои бароямон муфид шояд одат бояд кард, ба ҳамин шакл бояд бикӯшем, ки «муштоқи шири поки калом бошем». Бо хондани ҳаррӯзаи Каломи Худо майли худро ба қабули ғизои рӯҳонӣ инкишоф диҳед (1 Петрус 2:2, 3; Aъмол 17:11).

19. Дар бораи он чӣ ки аз Китоби Муқаддас хондаед, чаро мулоҳиза кардан муфид аст?

19 Дар бораи чизе ки аз Китоби Муқаддас мехонед, мулоҳиза намоед (Забур 1:1–3; 76:12, 13). Бикӯшед, ки ба маънои он сарфаҳм равед. Инро ба ҳазми ғизо монанд кардан мумкин аст. Шумо метавонед ки чизи хондаатонро бо он чӣ ки аллакай медонед, алоқаманд карда, ғизои рӯҳониро ҳазм кунед. Дар бораи он ки ин маълумотро чӣ гуна дар ҳаётатон метавонед ба кор баред, ё он чиро дар бораи хусусиятҳо ва тарзи амали Йеҳӯва нишон медиҳад, андеша кунед. Бо ин тартиб, бо мутолиаи шахсӣ метавонед, ғизои рӯҳониеро, ки Йеҳӯва фароҳам меоварад, аз худ кунед. Ин кор шуморо ба Худо наздиктар месозад ва барои ҳалли мушкилоти ҳаррӯза ёрӣ мерасонад.

20. Ҳузур доштан дар ҷамъомади масеҳӣ чӣ гуна метавонад моро ёрӣ кунад, то ба Худо наздик шавем?

20 Ҳамчунин метавонед бо гӯш кардани Каломи Худо, ки дар ҷамъомади масеҳӣ муҳокима мешавад, ба Ӯ наздиктар шавед, ҳамон тавре ки исроилиён дар вақти гирди ҳам омадан барои шунидани қироати Шариати Худо бодиққат гӯш медоданд. Омӯзгорони он замон Шариатро маънидод мекарданд, то ки шунавандагон чизи хондаро дарк кунанд ва водор ба иҷрои он шаванд. Ин муҳокимаҳо боиси хурсандии азиме мешуд (Наҳемё 8:8, 12). Инак, бикӯшед, ки дар ҷамъомади Шоҳидони Йеҳӯва ҳузур доштанро одати худ созед (Ибриён 10:24, 25). Ин кор ба шумо ёрӣ хоҳад кард, то дар бораи Худо дониш гирифта, сипас онро дар зиндагиатон ба кор баред ва хушбахт бошед. Бародарии умумиҷаҳонии масеҳӣ шуморо ёрӣ хоҳад дод, ки дар муносибати наздик бо Йеҳӯва бимонед. Ва ҳамон тавре ки аз боби оянда хоҳем дид, метавонед паноҳгоҳи ҳақиқиро дар миёни халқи Худо ёбед.

ДОНИШИ ХУДРО БИОЗМОЕД

Чаро шумо бояд ба Йеҳӯва наздик шавед?

Баъзе аз талабҳое, ки барои наздик шудан ба Худо мавҷуданд, кадоманд?

Кадом мавзӯъҳоро дуоҳои шумо метавонанд дар бар гиранд?

Чаро ҳамеша дар дуо бояд буд?

Чӣ гуна имрӯз ба Йеҳӯва гӯш метавон дод?

[Тасвири саҳифаи 157]

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан