Дарси 7
Ба воситаи дуо ба Худо наздик шавед
Чаро дуоро мунтазам гуфтан муҳим аст? (1)
Ба кӣ дуо бояд гуфт ва чӣ тавр? (2, 3)
Кадом мавзӯъҳо барои дуо муносибанд? (4)
Дар кадом вақт дуо гуфтан мумкин аст? (5, 6)
Оё Худо ҳамаи дуоҳоро гӯш мекунад? (7)
1. Дуо сӯҳбати фурӯтанона бо Худо аст. Ба Худо мунтазам дуо бояд гуфт. Бо ин роҳ шумо эҳсос хоҳед кард, ки ба Худо ҳамчун ба дӯсти самимӣ наздик мешавед. Яҳува хеле бузург ва тавоност, бо вуҷуди ин, Ӯ ба дуоҳои мо гӯш медиҳад! Оё ба Худо мунтазам дуо мегӯед? (Забур 64:3; 1 Таслӯникиён 5:17).
2. Дуо қисми ибодат аст. Барои ҳамин, танҳо ба Яҳува Худо дуо бояд гуфт. Дар вақти дар рӯи замин буданаш, Исо ҳамеша ба Падари худ дуо мегуфт, на ба ягон шахси дигар. Мо низ бояд чунин кунем (Матто 4:10; 6:9). Лекин, тамоми дуоҳои мо бояд ба номи Исо гуфта шаванд. Ин нишонгари он хоҳад буд, ки мо мавқеи Исоро эҳтиром мекунем ва ба қурбонии фидияи ӯ имон меоварем (Юҳанно 14:6; 1 Юҳанно 2:1, 2).
3. Вақте ки дуо мегӯем, бояд аз самими дил бо Худо сӯҳбат кунем ва набояд дуоро аз ёд гӯем ё аз китоби дуо онро бихонем (Матто 6:7, 8). Мо метавонем дар ҳар ҳолати эҳтиромона, дар ҳар вақт ва дар ҳар ҷой дуо гӯем. Худо дуоҳои ҳатто дар дил гуфтаи моро мешунавад (1 Подшоҳон 1:12, 13). Хуб мешавад, агар барои дуоҳои шахсӣ ҷои орому бекас ёбем (Марқӯс 1:35).
4. Дар кадом мавзӯъҳо дуо метавон гуфт? Дар бораи ҳар чизе ки ба дӯстии шумо бо Худо таъсир мекунад (Филиппиён 4:6, 7). Дуои намунавии Исо нишон медиҳад, ки мо бояд дар бораи ном ва мақсади Яҳува дуо гӯем. Ҳамчунин мо метавонем дар бораи таъмини ниёзҳои моддиамон, бахшидани гуноҳҳоямон ва ёрӣ барои тоб овардан дар озмоишҳо, дуо гӯем (Матто 6:9-13). Дуоҳои мо набояд худхоҳона бошанд. Онҳо бояд ба иродаи Худо мувофиқат кунанд (1 Юҳанно 5:14).
5. Ҳар вақте ки дилатон шуморо ба ҳамд ва шукри Худо бармеангезад, метавонед дуо гӯед (1 Вақоеънома 29:10-13). Ҳангоме ки дучори мушкилиҳо мегардед, ё имони шумо озмуда мешавад, дуо бояд гуфт (Забур 54:23; 119:1). Ҳамчунин бамаврид аст, ки пеш аз хӯрдани хӯрок дуо гӯем (Матто 14:19). Яҳува моро даъват мекунад, ки «дар ҳар вақт» дуо гӯем (Эфсӯсиён 6:18).
6. Бахусус, агар гуноҳи ҷиддие содир кардаем, дуо гуфтан зарур аст. Дар чунин вақт бояд аз Яҳува бо илтиҷо раҳмат, шафқат ва бахшиш пурсем. Агар ба гуноҳҳоямон иқрор шавем ва барои такрор накардани онҳо тамоми кӯшиш ба харҷ диҳем, Худо барои «омурзиш» ё бахшидани гуноҳҳо тайёр аст (Забур 85:5; Масалҳо 28:13).
7. Яҳува танҳо ба дуоҳои одамони одил гӯш мекунад. Барои он ки дуоҳоятонро Худо гӯш кунад, шумо бояд то ҳадди имкон бикӯшед, ки мувофиқи қонунҳои Ӯ зиндагӣ намоед (Масалҳо 15:29; 28:9). Дар вақти дуо гуфтан бояд фурӯтан бошед (Луқо 18:9-14). Шумо бояд саъй кунед, ки мувофиқ ба дуоҳоятон рафтор намоед. Ҳамин тавр исбот хоҳед кард, ки имон меоваред ва дар ҳақиқат чизи гуфтаатонро дар назар доред. Танҳо дар он вақт Яҳува ба дуоҳои шумо ҷавоб хоҳад гуфт (Ибриён 11:6).