Дарси 11
Эътиқод ва урфу одатҳое, ки ба Худо писанд нестанд
Чӣ гуна эътиқод ва урфу одатҳо нодурустанд? (1)
Магар масеҳиён бояд ба Сегона бовар кунанд? (2)
Чаро масеҳиёни ҳақиқӣ Мавлуди Исо, Соли Нав, иди Фисҳ, ё зодрӯзро ҷашн намегиранд? (3, 4)
Оё мурдагон ба зиндаҳо осеб расонида метавонанд? (5)
Оё Исо дар рӯи салиб ҷон дод? (6)
Чаро розӣ намудани Худо муҳим аст? (7)
1. На ҳама эътиқод ё урфу одатҳо баданд. Аммо агар онҳо аз дини козиб сарчашма гирифтаанд, ё ба таълимоти Китоби Муқаддас мухолиф бошанд, Худо чунин урфу одат ва эътиқодҳоро маъқул намекунад (Матто 15:6).
2. Сегона. Магар Яҳува Сегона — яъне се шахс дар як Худо аст? Не! Яҳува, Падар, «Худои ягонаи ҳақиқӣ аст» (Юҳанно 17:3; Марқӯс 12:29). Исо нахустин офаридаи Ӯ ва бар Худо мутеъ мебошад (1 Қӯринтиён 11:3). Падар аз Писар бузургтар аст (Юҳанно 14:28). Рӯҳулқудс бошад, шахс нест, балки нерӯи фаъоли Худост (Ҳастӣ 1:2; Аъмол 2:18).
3. Ҷашни Мавлуди Исо, Соли Нав ва Фисҳ. Исо 25-уми декабр таваллуд нашудааст. Ӯ тақрибан 1-уми октябр, дар он мавсими сол, ки чӯпонон гӯсфандони худро шабона дар берун нигоҳ медоштанд, таваллуд шуд (Луқо 2:8-12). Исо ягон бор ба масеҳиён нафармуда буд, ки рӯзи таваллуди ӯро ҷашн гиранд. Баръакс, ӯ ба шогирдонаш гуфт, ки ба муносибати марги ӯ маросими ёдбуд баргузор кунанд, яъне марги ӯро поси хотир доранд (Луқо 22:19, 20). Ҷашни Мавлуди Исо ва маросимҳои он аз динҳои козиби қадим реша гирифтаанд. Дар мавриди қайди маросимҳои иди Фисҳ ҳам, аз қабили истифодаи тухми мурғ ё харгӯш, чунин гуфтан мумкин аст. Иди Мавлуди Исо, Фисҳ ва Соли Навро масеҳиёни пешин ҷашн намегирифтанд, имрӯз низ масеҳиёни ҳақиқӣ онро ҷашн намегиранд.
4. Ҷашни зодрӯз. Дар Китоби Муқаддас ҷашни танҳо ду зодрӯз ёдовар мешавад, ки иштироккунандагони онҳо ба Яҳува хидмат намекарданд (Ҳастӣ 40:20-22; Марқӯс 6:21, 22, 24-27). Масеҳиёни аввал зодрӯзи худро ҷашн намегирифтанд. Одати ҷашни зодрӯз аз динҳои қадими козиб омадаанд. Масеҳиёни ҳақиқӣ дар тӯли тамоми сол ба якдигар тӯҳфа дода ва вақтхушӣ карда метавонанд.
5. Тарс аз мурдагон. Мурдагон ҳеҷ кор карда наметавонанд ва ҳамчунин чизеро ҳис намекунанд. Мо ба онҳо ёрӣ дода наметавонем ва онҳо низ ба мо осеб расонида наметавонанд (Забур 145:4; Воиз 9:5, 10). Вақте ки одам мемирад, рӯҳи ӯ баъд аз марг ба зиндагӣ идома намедиҳад. Лекин баъзан, фариштаҳои шарир, ки дев номида мешаванд, худро чун рӯҳи мурдагон нишон медиҳанд. Ҳар урфу одате, ки бо тарс ба мурдагон вобаста аст ё ибодат ба онҳоро дастгирӣ мекунад, нодуруст аст (Ишаъё 8:19).
6. Салиб. Исо дар рӯи салиб намурдааст. Ӯ дар рӯи ғӯлачӯб, ё сутун ҷон дод. Дар Навиштаҳои Юнонӣ калимае, ки дар тарҷумаҳои зиёди дигар “салиб” тарҷума шудааст, фақат маънои ғӯлачӯбро дорад. Рамзи салиб аз динҳои козиби қадим омадааст. Нишони салибро масеҳиёни аввал истифода намебурданд. Бинобар ин, ба фикри шумо, магар истифода бурдани салиб дар ибодат дуруст аст? (Такрори Шариат 7:26; 1 Қӯринтиён 10:14).
7. Даст кашидан аз урфу одат ё эътиқоде шояд хеле душвор бошад. Хешовандон ва дӯстон мумкин аст бикӯшанд, ки шуморо мӯътакид созанд, ки ақидаҳои худро тағир надиҳед. Аммо писанди Худо будан хеле муҳимтар аст, назар ба писанд будан ба одамон (Масалҳо 29:25; Матто 10:36, 37).
[Тасвири саҳифаи 22]
Худо Сегона нест
[Тасвири саҳифаи 23]
Иди Мавлуди Масеҳ, Фисҳ ва Соли Нав аз динҳои козиби қадим пайдо шудаанд
[Тасвири саҳифаи 23]
Барои тарсидан аз мурдагон ё ибодат ба онҳо асосе вуҷуд надорад