ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • gf дарси 9 саҳ. 15
  • Дӯстони Худо кистанд?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Дӯстони Худо кистанд?
  • Шумо метавонед дӯсти Худо бошед!
  • Маводи монанд
  • Миллионҳо махлуқоти рӯҳӣ
    Арвоҳи мурдагон. Оё онҳо ба шумо кӯмак ё зарар расонида метавонанд? Оё онҳо дар ҳақиқат вуҷуд доранд?
  • Фариштагон — рӯҳҳои хизматгузоранд
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2009
  • Фариштаҳои Худо ба мо ёрдам медиҳанд
    Устоди Бузургро гӯш кун
  • Ба фариштаҳои вафодор пайравӣ кунед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
Маълумоти бештар
Шумо метавонед дӯсти Худо бошед!
gf дарси 9 саҳ. 15

ДАРСИ 9

Дӯстони Худо кистанд?

Jesus Christ as King of God’s Kingdom, and angels directing the preaching work

Исои Масеҳ аввалин офарида ва наздиктарину беҳтарин дӯсти Худост. Пеш аз он ки дар рӯи замин дар тани одамӣ зиндагӣ кунад, Исо дар осмон чун фариштаи пурқудрат ҳаёт ба сар мебурд (Юҳанно 17:5). Баъд ӯ ба замин омад, то ки ба одамон ҳақиқатро доир ба Худо омӯзонад (Юҳанно 18:37). Ҳамчунин ӯ ҳаёти одамии худро барои наҷоти одамони итоаткор аз гуноҳ ва марг фидо кард (Румиён 6:23). Ҳоло Исо — Подшоҳи Салтанати Худост, ин ҳукумати осмониест, ки заминро ба Биҳишт мубаддал мекунад (Ваҳй 19:16).

Фариштагон низ дӯстони Худоянд. Фариштагон чун одамон дар рӯи замин зиндагӣ накардаанд. Онҳо пеш аз он ки Худо заминро офарад, дар осмон офарида шуда буданд (Айюб 38:4-7). Миллионҳо фариштагон мавҷуданд (Дониёл 7:10). Ин дӯстони осмонии Худо мехоҳанд, ки одамон дар бораи Яҳува ҳақиқатро донанд (Ваҳй 14:6, 7).

Jehovah’s Witnesses preach to a woman

Худо дар замин низ дӯстон дорад ва онҳоро шоҳидони худ меномад. Шоҳид дар мурофиаи судӣ чизеро, ки дар бораи касе ё чизе медонад, мегӯяд. Шоҳидони Яҳува ба дигарон дар бораи он чизе ки оид ба Яҳува ва ниятҳои Ӯ медонанд, нақл мекунанд (Ишаъё 43:10). Монанди фариштаҳо, Шоҳидон низ мехоҳанд шуморо ёрӣ диҳанд, ки дар бораи Яҳува ҳақиқатро бифаҳмед. Онҳо мехоҳанд, ки шумо низ дӯсти Худо бошед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан