Боби ҳабдаҳ
Садоқатмандӣ ба Худо дар оила
1. Ба кор бурдани дастури Каломи Худо ба оилаҳо чӣ гуна таъсир мерасонад?
ЯҲУВА Асосгузори издивоҷ аст ва дар Каломи Ӯ барои оилаҳо беҳтарин дастур дода шудааст. Ин дастурро ба кор бурда, бисёр одамон оилаи хушбахт барпо кардаанд. Шоёни таҳсин аст, ки баъзе аз шахсоне, ки бе никоҳи расмӣ бо ҳам мезистанд, аз рӯи қонуни давлат ақди никоҳ бастанд. Дигарон бошад алоқаи ҷинсии берун аз издивоҷро барканданд. Шавҳароне, ки ба зану фарзанди худ бо хашму зӯрӣ муносибат мекарданд, зоҳир намудани некиву меҳрубониро омӯхтанд.
2. Масеҳиён оиди ҳаёти оилавӣ чиро бояд ба назар гиранд?
2 Масеҳиён оиди ҳаёти оилавӣ бояд бисёр ҷиҳатҳоро ба назар гиранд, масалан, чӣ гуна мо ба иттиҳоди якумрӣ будани оила менигарем, чӣ тавр мо вазифаҳои оилавиамонро ба ҷо меорем ва чӣ гуна мо бо аъзоёни оилаамон муомила мекунем (Эфсӯсиён 5:33–6:4). Танҳо донистани пандҳои Китоби Муқаддас дар бораи ҳаёти оилавӣ кифоя нест, балки аз рӯи онҳо амал бояд кард. Ҳеҷ кадоми мо намехоҳад дар байни онҳое бошад, ки Исо ба сабаби аз аҳкоми Худо дур шуданашон маҳкум карда буд. Он одамон саҳван гумон мекарданд, ки танҳо диндор будан бас аст (Матто 15:4–9). Мо намехоҳем худро дар назди одамон диндор ё ба Худо содиқ нишон диҳему дар хона бадрафтор бошем. Баръакс, мо мехоҳем ба Худо садоқати аслиро зоҳир намоем, ки он «манфиати зиёде дорад» (1 Тимотиюс 5:4; 6:6; 2 Тимотиюс 3:5).
Давомнокии издивоҷ
3. a) Имрӯзҳо бо аксари издивоҷҳо чӣ рӯй медиҳад, вале азми мо бояд чӣ гуна бошад? б) Аз Китоби Муқаддас истифода бурда, ба саволҳои дар сатр овардашуда ҷавоб диҳед.
3 Дар рӯзҳои мо пайвандҳои ҳамсарӣ торафт суст шуда истодаанд. Баъзе ҳамсарон пас аз солҳои зиёди зиндагонии якҷоя аз ҳамдигар ҷудо шуда, бо шахси дигаре издивоҷ мекунанд. Ғайр аз ин шунидани хабари ҷудошавии ҷуфти ҷавон, ки муддати кӯтоҳе бо ҳам зиста буданд, дигар ба тааҷҷуб намеорад. Новобаста аз он ки дигарон чӣ гуна рафтор мекунанд, мо бояд хоҳиши хушнуд кардани дили Яҳуваро дошта бошем. Аз ин рӯ, биёед дар бораи саволҳо ва оятҳои дар зер овардашуда андеша намоем ва бубинем, ки Каломи Худо оиди пойдории издивоҷ чӣ мегӯяд.
Ҳангоме ки марду зан издивоҷ мекунанд, онҳо нияти чӣ қадар вақт бо ҳам зиндагӣ карданро бояд дошта бошанд? (Марқӯс 10:6–9; Румиён 7:2, 3).
Яҳува ба талоқҳое, ки бархилофи Каломи Ӯ мебошанд, чӣ гуна менигарад? (Малокӣ 2:13–16).
Оё Китоби Муқаддас зиндагии ҷудогонаро роҳи ҳалли мушкилиҳои оилавӣ мешуморад? (1 Қӯринтиён 7:10–13).
Дар кадом мавридҳо зиндагии ҷудогона раво дониста мешавад? (Забур 10:5; Луқо 4:8; 1 Тимотиюс 5:8).
4. Чаро баъзе издивоҷҳо устуворанд?
4 Чаро баъзе издивоҷҳо мустаҳкаманд? Яке аз омилҳо ин аст, ки марду зан то шахсони баркамол гардиданашон издивоҷ намекунанд. Ҳамчунин интихоб намудани ҳамсаре муҳим аст, ки мақсадҳои монанд дорад ва метавонад масъалаҳои пешомадаро кушоду равшан муҳокима кунад. Вале аз ҳама муҳим ин аст, ки ҳамсари оянда Яҳуваро дӯст дорад ва барои ҳалли мушкилиҳо ба Каломи Ӯ муроҷиат кунад (Забур 118:97, 104; 2 Тимотиюс 3:16, 17). Чунин ҳамсар фикр нахоҳад кард, ки агар носозие ба миён ояд, ӯ метавонад дар ҳар вақт ҷудогона зиндагӣ кунад ё расман талоқ гирад. Ӯ камбудиҳои ҳамсарашро барои иҷро накардани масъулиятҳои худ баҳона нахоҳад кард. Баръакс, ӯ тайёр хоҳад буд, ки ҳангоми бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудан, роҳи ҳалли онҳоро биҷӯяд.
5. a) Вафодорӣ ба Яҳува дар издивоҷ чӣ нақше мебозад? б) Чӣ гуна баракатҳо метавонанд насиби онҳое гарданд, ки ба муқобилат нигоҳ накарда, мувофиқи меъёрҳои Яҳува амал менамоянд?
5 Шайтон исрор менамояд, ки таҳти ранҷу азоб мо тариқҳои Яҳуваро тарк хоҳем кард (Айюб 2:4, 5; Масалҳо 27:11). Вале шумораи бениҳоят зиёди Шоҳидони Яҳува, ки аз боиси ҳамсари ба ҳақиқат муқобилашон азоб мекашанд, ақди никоҳи худро нашикастаанд ва то ба ҳол ба Яҳува ва ба аҳкоми Ӯ вафодор мемонанд (Матто 5:37). Истодагарии баъзеи онҳо боиси хурсандиашон гардид, зеро ҳамсарашон пас аз солҳои муқобилат дар хидмати Яҳува ба онҳо ҳамроҳ шуд! (1 Петрус 3:1, 2). Ҳамчунин он масеҳиёне, ки ҳамсаронашон муносибати худро тағйир надоданд ва ё барои ба Яҳува хидмат карданашон онҳоро тарк намуданд, медонанд, ки кӯшишҳои дар оила ба Худо содиқ мондани онҳо баракатҳои худро хоҳад овард (Забур 54:23; 144:16).
Вазифаи ҳар як аъзои оила
6. Барои дар издивоҷ муваффақ гаштан кадом принсипро риоя бояд кард?
6 Албатта, барои дар издивоҷ муваффақ гардидан танҳо бо ҳам будан кифоя нест. Муҳим аст, ки ҳар яке аз ҳамсарон принсипи сарвариеро, ки Яҳува муқаррар намудааст, эҳтиром намояд. Ин дар оила ба тартибу низом ва ҳисси бехатарӣ мусоидат хоҳад кард. Дар 1 Қӯринтиён 11:3 чунин мехонем: «Сардори ҳар мард Масеҳ аст, сардори зан шавҳари ӯст, ва сардори Масеҳ Худост».
7. Мардон чӣ гуна бояд бар оила сарварӣ кунанд?
7 Оё диққат додед, ки дар аввали оят чӣ гуфта шудааст? Бале, «сардори ҳар мард Масеҳ аст» ва мард бояд ба ин Сарвари худ итоат намояд. Ин маънои онро дорад, ки шавҳар бояд тавре сардорӣ кунад, ки хислатҳои Исоро зоҳир созад. Масеҳ ба Яҳува итоат мекунад, ҷамоатро самимона дӯст медорад ва ба он ғамхорӣ мекунад (1 Тимотиюс 3:15). Ӯ ҳатто «Худро аз барои он таслим намуд». Исо худбин ва мағрур нест, балки «ҳалим ва фурӯтан» аст. Касоне ки сарварии ӯро мепазиранд, барои ҷонҳои худ оромӣ меёбанд. Вақте ки шавҳар бо оилаи худ чунин муомила мекунад, ӯ нишон медиҳад, ки мутеи Масеҳ аст. Зани масеҳӣ дар он маврид аз итоат ба сарварии шавҳар ва ҳамкорӣ бо ӯ рӯҳбаланд хоҳад гашт (Эфсӯсиён 5:25–33; Матто 11:28, 29; Масалҳо 31:10, 28).
8. a) Барои чӣ метавонад ба назар чунин тобад, ки усулҳои масеҳӣ дар баъзе оилаҳо натиҷаи дилхоҳ намеоранд? б) Агар мо бо чунин вазъият дучор шавем, бояд чӣ гуна амал кунем?
8 Бо вуҷуди ин, мушкилиҳо ба миён хоҳанд омад. Шояд пеш аз он ки яке аз аъзоёни оила ба кор бурдани пандҳои Китоби Муқаддасро сар кунад, одати ба роҳбарии касе итоат накардан дар ӯ хеле чуқур ҷой гирифта бошад. Ба назар метавонад чунин тобад, ки хушмуомилагӣ ва муносибати меҳрубонона ба ҳеҷ натиҷае намеорад. Мо медонем, ки Китоби Муқаддас чунин мегӯяд: «Қаҳр, ва ғазаб ва фарёд, ва бадгӯӣ бигзор аз шумо... дур шавад» (Эфсӯсиён 4:31). Вале агар ба назари шумо ба аъзоёни оилаатон чизи дигаре таъсир накунад–чӣ? Исо худро ба онҳое ки ба ӯ таҳдид ва бадгӯӣ мекарданд, монанд намекард, балки ба Падараш таваккал менамуд (1 Петрус 2:22, 23). Пас агар мушкилие дар оила сар занад, ба ҷои аз рӯи тариқҳои ин дунё рафтор кардан, дар дуо аз Яҳува кӯмак пурсед ва бо ин содиқ будани худро ба Ӯ нишон диҳед (Масалҳо 3:5–7).
9. Бисёр шавҳарони масеҳӣ, ки шояд пеш айбҷӯӣ мекарданд, чиро омӯхтаанд?
9 Тағйирот на ҳама вақт зуд ба амал меояд, лекин агар маслиҳати Китоби Муқаддасро бо пуртоқативу ғайрат ба кор барем, албатта самари хуб ҳосил хоҳем кард. Вақте ки бисёр шавҳарон чӣ гуна бо ҷамоат муносибат кардани Исоро дарк намуданд, ҳаёти оилавиашон рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Гарчанд ҷамоати ходимони Худо аз одамони нокомил иборат аст, Исо онро дӯст медорад, ба он намунаи хубро нишон медиҳад ва барои беҳтар гаштанаш тавассути Навиштаҳо кӯмак мерасонад. Ӯ ҳатто ҳаёташро барои ҷамоат қурбон намуд (1 Петрус 2:21). Намунаи ӯ бисёр шавҳарони масеҳиро ба он барангехт, ки бар оилаи худ дуруст сардорӣ кунанд ва барои беҳбудии он бо меҳру муҳаббат саҳм гузоранд. Ин гуна рафтор баръакси хатоҷӯиву қаҳр натиҷаҳои хубе меорад.
10. a) Чӣ тавр зан ё шавҳар, ҳатто агар масеҳӣ бошанд ҳам, метавонанд ҳаёти дигаронро дар оила мушкил созанд? б) Барои беҳтар сохтани вазъият чӣ метавон кард?
10 Агар шавҳар ба талаботи эҳсосии оилааш бепарво бошад ё ин ки дар гузарондани омӯзиши оилавии Китоби Муқаддас ва дигар фаъолиятҳо ташаббусро ба дасти худ нагирад–чӣ? Ё агар зан бо шавҳараш ҳамкорӣ накунаду итоати худотарсонаро нишон надиҳад–чӣ? Баъзеҳо мушкилиҳои оилавиро боҳурматона муҳокима намуда, натиҷаи хубе ба даст меоваранд (Ҳастӣ 21:10–12; Масалҳо 15:22). Вале ҳатто агар мо ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил нагардем ҳам, ҳар яки мо метавонад бо зоҳир намудани самари рӯҳи Худо ва бо ғамхорӣ намудан ба ҳар як аъзои хонавода, ба беҳтар гардидани муҳити оилавӣ мусоидат кунад (Ғалотиён 5:22, 23). Пешравӣ вақте дида мешавад, агар мо шахсан вазифаҳои оилавиамонро ба ҷо оварем, на ин ки инро фақат аз дигарон интизор бошем. Ин тавр амал намуда, мо нишон хоҳем дод, ки ба Худо содиқем (Қӯлассиён 3:18–21).
Ҷавобҳоро аз куҷо метавон ёфт
11, 12. Яҳува барои дар ҳаёти оилавӣ комёб гардиданамон чӣ гуна кӯмакро фароҳам овардааст?
11 Одамон барои ёфтани маслиҳат дар масъалаҳои оилавӣ ба манбаҳои зиёде рӯ меоваранд. Аммо мо медонем, ки пандҳои беҳтарин дар Каломи Худо мебошанд ва хеле миннатдорем, ки Худо тариқи созмони намоёнаш ба мо кӯмак мекунад, то он пандҳоро ба кор барем. Оё шумо ба таври куллӣ аз ин кӯмак истифода мебаред? (Забур 118:129, 130; Мико 4:2).
12 Оё шумо ғайр аз иштирок дар ҷамъомадҳо барои омӯзиши оилавии Китоби Муқаддас мунтазам вақт ҷудо мекунед? Оилаҳое, ки чунин амал мекунанд, метавонанд Худоро дар ягонагӣ ибодат намоянд. Вақте ки онҳо панди Каломи Худоро вобаста ба вазъу талаботи оилаашон ба кор мебаранд, ҳаёти оилавиашон бою пурмаъно мегардад (Такрори Шариат 11:18–21).
13. a) Аз куҷо мо аксар вақт метавонем ба саволҳое, ки оиди ҳаёти оилавӣ мебошанд, ҷавоб ёбем? б) Қарорҳои мо бояд аз чӣ шаҳодат диҳанд?
13 Шояд шумо оиди ҳаёти оилавӣ саволҳо дошта бошед, масалан, оиди танзими оила чӣ метавон гуфт? Оё дар баъзе мавридҳо исқоти ҳамл равост? Агар фарзанд ба мавзӯъҳои рӯҳонӣ шавқи зиёде надошта бошад, то чӣ ҳад аз ӯ талаб намудан лозим аст, ки дар корҳои рӯҳонии оила иштирок кунад? Бисёре аз ин қабил саволҳо дар адабиёти аз ҷониби Шоҳидони Яҳува нашршуда муҳокима гардидаанд. Аз роҳнамои нашрияҳо (индекс) ва дигар адабиёте, ки барои омӯзиши Китоби Муқаддас кӯмак мерасонад, истифода бурда, ба саволҳо ҷавоб ёфтанро ёд гиред. Агар шумо адабиёти дар роҳнамо ишорашударо надошта бошед, метавонед онро дар китобхонаи Толори Салтанат ҷӯё шавед. Ё шояд шумо метавонед онро тавассути компютер дастрас кунед. Инчунин метавонед саволҳои худро бо бародарон ва хоҳарони баркамоли масеҳӣ муҳокима кунед. Аммо ба ҳар як саволи худ ҷавоби «ҳа» ё «не»-ро интизор набошед. Аксар вақт бояд худи шумо, шахсан ё ҳамроҳи ҳамсаратон, масъаларо ҳал кунед. Бигзор қарорҳое, ки шумо қабул мекунед, нишон диҳанд, ки шумо на танҳо дар назди мардум, балки дар хона низ ба Худо содиқед (Румиён 14:19; Эфсӯсиён 5:10).
Саволҳо барои такрор
• Чӣ тавр вафодорӣ ба Яҳува бо вафодорӣ ба ҳамсар вобастагӣ дорад?
• Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, то ҳангоми бо мушкилиҳои оилавӣ рӯ ба рӯ шудан тарзе рафтор кунем, ки ба Худо мақбул бошад?
• Ҳатто агар дигар аъзоёни оилаамон ба беҳтар шудани вазъият дар хона кӯшиш накунанд ҳам, чӣ тавр мо аз тарафи худ метавонем ба ин мусоидат кунем?
[Тасвири саҳифаи 155]
Шавҳар дар сардории худ бояд хислатҳои Масеҳро инъикос намояд.
[Тасвири саҳифаи 157]
Омӯзиши мунтазами Китоби Муқаддас дар оила ба ягонагии он мусоидат менамояд.