БОБИ 5
«Ин Писари... Ман аст»
РАФТОРИ хуби кӯдакон ба падару модарашон хурсандӣ меорад. Масалан, вақте ки духтарча ягон кори хуб мекунад, падараш бо фахр мегӯяд: «Ин духтари худам аст». Ва агар писарча кори хуб кунад, падараш бо хурсандӣ мегӯяд: «Ин писари худам аст».
2 Исо ҳамеша кореро мекунад, ки ба Падараш маъқул аст. Барои ҳамин, Падараш бо ӯ фахр мекунад. Ту дар ёд дорӣ, ки вақте Исо ҳамроҳи се шогирдаш дар кӯҳ буд, Худо чӣ кор кард? ~ Ҳа, Худо ба онҳо аз осмон гуфт: «Ин Писари азизи Ман аст, ки Ман аз ӯ розиям» (Матто 17:5).
3 Исо аз кардани коре, ки ба Падараш маъқул аст, ҳамеша хурсанд аст. Оё ту медонӣ, ки барои чӣ? Барои он ки ӯ Падарашро сахт нағз мебинад. Агар мо кореро танҳо аз маҷбурӣ кунем, иҷро кардани он душвор мешавад. Аммо вақте ки онро аз таҳти дил, яъне бо хоҳиши худ мекунем, кардани он осонтар мешавад.
4 Ҳатто пеш аз ба замин омаданаш Исо ҳар он чизеро, ки Падараш ба ӯ мегуфт, аз таҳти дил иҷро мекард. Барои чӣ? Барои он ки вай Яҳуваро дӯст медошт. Дар осмон бо Падараш будан ба ӯ хеле маъқул буд. Лекин баъдтар Худо ба Исо супориши махсус дод. Барои иҷро кардани ин вазифа ӯ бояд аз осмон ба замин меомад ва чун одам таваллуд мешуд. Исо бе дудилагӣ ба ин розӣ шуд, зеро инро аз ӯ Яҳува хоҳиш карда буд.
Фаришта Ҷаброил ба Марям чӣ гуфт?
5 Барои он ки Исо дар замин таваллуд шавад, ба ӯ модар даркор буд. Оё ту номи модари ӯро медонӣ? ~ Модари Исо Марям ном дошт. Яҳува фаришта Ҷаброилро аз осмон ба пеши Марям фирсонд. Ҷаброил ба Марям гуфт, ки вай писар таваллуд мекунад ва номи вайро Исо мемонанд. Вале падари писарча кӣ буд? ~ Чуноне ки фаришта гуфт, Падари писарча Яҳува Худо буд. Ана барои ҳамин, Исо Писари Худо номида шуд.
6 Марям ин хабарро чӣ тавр қабул кард? ~ Оё ӯ гуфт, ки модари Исо шудан намехоҳад? Не, Марям тайёр буд, ки хоҳиши Худоро иҷро кунад. Лекин чӣ тавр Писари Худо, ки дар осмон зиндагӣ мекард, дар замин таваллуд шуда метавонист? Чӣ тавр таваллуд шудани Исо аз таваллудшавии дигар кӯдакон фарқ мекард? Ту инро медонӣ? ~
7 Худо одамони аввалин, Одаму Ҳавворо чунин офарид, ки онҳо бо ҳам муносибатҳои махсус дошта метавонистанд. Баъди чунин муносибат дар шиками модар кӯдак пайдо шуда метавонад. Одамон инро мӯъҷиза меҳисобанд! Ва боварӣ дорам, ки ту ҳам бо ин розиӣ.
8 Лекин Худо боз як мӯъҷизаи дигаре кард, ки аз ин ҳам аҷоибтар буд. Ӯ ҳаёти Писарашро аз осмон ба шиками Марям гузаронд. Худо чунин мӯъҷизаро ягон вақт накарда буд, на пеш аз он ва на баъди он. Дар натиҷаи ин мӯъҷиза Исо низ мисли дигар кӯдакон дар шиками модараш инкишоф меёфт ва калон мешуд. Каме баъд аз ин Марям зани Юсуф шуд.
9 Вақте ки Исо бояд таваллуд мешуд, Марям ва Юсуф дар шаҳри Байт-Лаҳм буданд. Дар ин шаҳр одамон бисёр буданд. Маряму Юсуф дар он ҳатто хонае ёфта натавонистанд, барои ҳамин онҳо дар ҷое, ки ҳайвонҳоро нигоҳ медоштанд, истоданд. Дар он ҷо Марям Исоро таваллуд кард ва ӯро дар охурча гузошт, чӣ хеле ки ту инро дар расм мебинӣ. Охур ин қуттиест, ки аз он гов ё дигар ҳайвонҳои хонагӣ хӯрок мехӯранд.
Чаро Исоро ба охур мегузоранд?
10 Шабе, ки Исо ба дунё омад, чизҳои ғайриоддие рӯй доданд. Дар пеши чӯпононе, ки дар наздикии шаҳри Байт-Лаҳм гӯсфандонро мечарониданд, фариштаи Худо пайдо шуд. Ӯ ба онҳо фаҳмонд, ки дар Байт-Лаҳм писарчаи ғайриоддие таваллуд шудааст. Фаришта гуфт: «Ман ба шумо хушхабаре мерасонам, ки ҳамаи одамонро хушбахт мекунад. Имрӯз барои шумо Наҷотдиҳанда таваллуд шуд» (Луқо 2:10, 11).
Яке аз ин фариштагон ба чӯпонон кадом хабари хушро расонд?
11 Фаришта ҳамчунин ба чӯпонон гуфт, ки онҳо Исоро дар Байт-Лаҳм, дар охур ёфта метавонанд. Баъд, ногаҳон дар осмон фариштагони бисёре пайдо шуданд, ки ҳамаашон дар васфи Худо суруд хонда мегуфтанд: «Ба Худо шӯҳрату ҷалол бод ва дар замин байни одамоне, ки Худо аз онҳо розӣ аст, сулҳу осоиштагӣ бод» (Луқо 2:12–14).
12 Вақте ки фариштагон рафтанд, чӯпонон ба Байт-Лаҳм омаданд ва Исоро дар он ҷо ёфтанд. Онҳо чизҳои хуберо, ки аз фариштагон шуниданд ба Юсуф ва Марям нақл карданд. Тасаввур кун, ки чӣ қадар хушбахт буд Марям, ки барои модари Исо шудан бо ҷону дил розӣ шуд!
13 Баъдтар, Юсуф ва Марям Исоро гирифта ба шаҳри Носира омаданд. Исо дар он ҷо калон мешуд. Ва баъд аз калон шуданаш ӯ кори бузурги таълимдиҳиро сар кард. Ин қисми коре буд, ки Яҳува Худо барои иҷрои он Исоро ба замин фирсонд. Исо аз таҳти дил ин корро иҷро кард, зеро ӯ Падари осмониашро бисёр нағз медид.
14 Пеш аз он ки Исо Устоди Бузург шавад, Яҳёи таъмиддиҳанда ӯро дар дарёи Ӯрдун таъмид дод. Дар он вақт як чизи аҷоибе рӯй дод! Ҳамин ки Исо аз об баромад, Яҳува аз осмон гуфт: «Ин аст Писари азизи Ман, ки Ман аз ӯ розиям» (Матто 3:17). Вақте ки падару модарат ба ту мегӯянд, ки туро нағз мебинанд, ту аз ин хурсанд мешавӣ? ~ Албатта, Исо низ хурсанд шуд, ки Падараш ба ӯ ҳамин хел гуфт.
15 Исо ҳамеша дуруст рафтор мекард. Вай намехост, ки одамон дар борааш дониши нодуруст дошта бошанд. Масалан, ӯ ба одамон намегуфт, ки ӯ Худо аст. Фаришта Ҷаброил ба Марям гуфта буд, ки Исо Писари Худо номида мешавад. Ва худи Исо мегуфт, ки ӯ Писари Худо аст. Ҳамчунин Исо ба одамон намегуфт, ки аз Падараш бисёртар медонад. Баръакс, ӯ гуфта буд: «Падар аз Ман бузургтар аст» (Юҳанно 14:28).
16 Ҳатто дар вақти дар осмон буданаш, Исо супоришеро, ки Падараш ба ӯ медод, ҳамеша иҷро мекард. Ӯ «майлаш, ман мекунам» гуфта баъд рафта дигар корро намекард. Исо Падарашро дӯст медошт ва барои ҳамин Ӯро гӯш мекард. Ҳангоми дар замин буданаш ҳам Исо супоришҳои Падарашро иҷро мекард. Ӯ вақташро ба ягон кори дигар сарф намекард. Ана барои чӣ, Яҳува аз Писараш розӣ буд!
17 Мо низ мехоҳем, ки Яҳува аз мо розӣ бошад, ҳамин тавр-не? ~ Барои ин, мо бояд бо корҳоямон нишон диҳем, ки мисли Исо Худоро гӯш мекунем. Худо ба воситаи Китоби Муқаддас ба мо гап мезанад. Оё ин дуруст мебуд, агар одам «ман Худоро гӯш мекунам» гӯяду баъд ба чизҳое, ки Худо бад мебинад, бовар кунад ва ба онҳо даст занад? ~ Дар ёд дор, ки шод кардани дили Худо ҳамон вақт ба мо хурсандӣ мебахшад, агар мо дар ҳақиқат Ӯро дӯст дорем.
Ҳоло бошад, аз Китоби Муқаддас оятҳои Матто 7:21–23; Юҳанно 4:25, 26 ва 1 Тимотиюс 2:5, 6-ро хон. Онҳо нишон медиҳанд, ки дар бораи Исо чиро донистан ва ба чӣ бовар кардан лозим аст.