ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • lr боби 13 саҳ. 72-76
  • Онҳое, ки шогирдони Исо шуданд

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Онҳое, ки шогирдони Исо шуданд
  • Устоди Бузургро гӯш кун
  • Маводи монанд
  • Шогирдони аввалини Исо
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Исо дувоздаҳ расулро интихоб мекунад
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Исо дар болои кӯҳе таълим медиҳад
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
Устоди Бузургро гӯш кун
lr боби 13 саҳ. 72-76

БОБИ 13

Онҳое, ки шогирдони Исо шуданд

Натанъил (ҳамчунин Барталмо ном дошт)дар таги дарахт нишастааст

Ин мард кист ва чӣ хел вай яке аз шогирдони Исо шуд?

КАДОМ одам ба таври беҳтарин ба Худо хизмат мекард? ~ Рост гуфтӣ, Исои Масеҳ. Ба фикри ту, оё мо ба Исо монанд буда метавонем? ~ Китоби Муқаддас мегӯяд, ки мо бояд мисли вай рафтор кунем. Ва худи Исо аз мо хоҳиш мекунад, ки шогирдонаш бошем.

2 Ту медонӣ, ки шогирди Исо будан чӣ маъно дорад? ~ Аввал ба мо лозим аст, ки дар бораи ӯ бисёртар фаҳмем. Ҳамчунин, мо бояд ба чизе, ки вай гуфта буд, пурра бовар кунем. Ин ба мо кӯмак мекунад, ки гуфтаҳои Исоро иҷро кунем.

3 Киро шогирди Исо гуфтан мумкин аст? ~ Бисёри одамон мегӯянд, ки Исо пайғамбар мебошад ва ӯро гӯш кардан даркор аст. Лекин, ба фикри ту, оё ҳамаи онҳо гуфтаҳои ӯро иҷро мекунанд? ~ Не. Бисёриҳо барои фаҳмидани он ки Исо чӣ мегуфт, ҳатто вақт ҷудо намекунанд. Ва мо медонем, ки танҳо он шахсонеро шогирди Исо номидан мумкин аст, ки гапи ӯро мегиранд.

4 Вақте ки Исо дар рӯи замин буд, одамони бисёр шогирдони ӯ шуданд. Биё дар бораи баъзеи онҳо мефаҳмем. Яке аз аввалин шогирдони Исо Филиппус буд. Баъди шогирди Исо шуданаш, ӯ ба кофтани ҷӯрааш Натанъил, ки ҳамчунин Барталмо ном дошт, рафт ва ӯро дар таги дарахт ёфт. (Ба расм нигоҳ кун.) Филиппус ҷӯраашро гирифта назди Исо бурд. Устоди Бузург Натанъилро дида гуфт: «Ана, марди росткор, ки исроилии ҳақиқӣ аст». Натанъил ҳайрон шуда аз вай пурсид: «Ту маро аз куҷо мешиносӣ?»

Петрус ва Андриёс мебинанд, ки чи хел Исо, Яъқуб ва Юҳанноро барои шогирди ӯ шудан, даъват мекунад

Исо ба кӣ гуфт, ки шогирди вай шавад?

5 «Пеш аз он ки Филиппус туро ҷеғ зад, ман туро дидам, ки дар таги дарахти анҷир будӣ»,— ҷавоб дод Исо. Натанъил аз он ки Исо дар куҷо будани вайро нағз медонад, ҳайрон шуд. Барои ҳамин, ӯ гуфт: «Эй Устод! Ту Писари Худоӣ, Ту Подшоҳи Исроил ҳастӣ» (Юҳанно 1:49).

Яҳудои Исқарют, Яҳудо (ҳамчунин Таддо ном дошт), Шимъӯн

Яҳудои Исқарют, Яҳудо (ҳамчунин Таддо ном дошт), Шимъӯн

6 Як рӯз пеш аз Филиппус ва Натанъил мардони дигар ҳам шогирди Исо шуданд. Онҳо кӣ буданд? Ин мардон Андриёс ва акааш Петрус буданд. Юҳанно ва мумкин, акааш Яъқуб ҳам ҳамон рӯз шогирди Исо шуданд (Юҳанно 1:35–51). Лекин якчанд рӯз пас ин шогирдон боз ба кори худ — моҳигирӣ баргаштанд. Рӯзе, вақте ки Исо лаб-лаби баҳри Ҷалил роҳ мерафт, ӯ Петрус ва Андриёсро, ки тӯри моҳигирии худро ба баҳр мепартофтанд, дид. Исо онҳоро ҷеғ зада гуфт: «Аз қафои ман биёед».

Яъқуб (писари Ҳалфой), Тумо, Матто

Яъқуб (писари Ҳалфой), Тумо, Матто

7 Камтар дуртар рафта, Исо Яъқуб ва додараш, Юҳанноро дид. Ин бародарон бо падарашон дар киштӣ шишта, тӯрашонро барои моҳигирӣ тайёр мекарданд. Исо ба онҳо ҳам гуфт, ки аз қафои ӯ раванд. Агар ту ба ҷои онҳо мебудӣ, чӣ кор мекардӣ? Оё ту худи ҳамон вақт аз қафои Исо мерафтӣ? ~ Ин мардон кӣ будани Исоро медонистанд ва бовар мекарданд, ки ӯро Худо фирсондааст. Барои ҳамин, ҳамаашон худи ҳамон вақт кори худро партофта аз қафои Исо рафтанд (Матто 4:18–22).

Натанъил, Филиппус, Юҳанно

Натанъил, Филиппус, Юҳанно

8 Ба фикри ту, оё баъди шогирди Исо шуданашон ин мардон ҳама вақт дуруст рафтор мекарданд? ~ Не. Мумкин ту дар ёд дорӣ, ки онҳо ҳатто байни худ ҷанг мекарданд, ки кадомашон шахси аз ҳама муҳим аст. Лекин бо вуҷуди ин онҳо Исоро гӯш мекарданд ва ба ислоҳ шудан тайёр буданд. Агар мо ба ислоҳ шудан тайёр бошем, мо ҳам шогирди Исо буда метавонем.

Яъқуб (акаи Юҳанно), Андриёс, Петрус

Яъқуб (акаи Юҳанно), Андриёс, Петрус

9 Исо ҳар гуна одамонро даъват мекард, ки шогирди ӯ шаванд. Як бор, марди бое ба пеши Исо омада пурсид, ки барои ба даст овардани ҳаёти беохир вай бояд чӣ кор кунад. Вақте ин мард гуфт, ки аз кӯдакиаш гуфтаҳои Худоро иҷро мекунад, Исо ба вай гуфт: «Аз қафои ман биё». Ту медонӣ, ки баъди ин чӣ шуд? ~

10 Вақте ин мард фаҳмид, ки шогирди Исо будан бояд барояш аз боигарӣ муҳимтар бошад, ӯ сахт зиқ шуд. Вай шогирди Исо нашуд, чунки пулро аз Худо дида бисёртар нағз медид (Луқо 18:18–25).

11 Баъди яку ним соли мавъиза карданаш, Исо аз байни шогирдонаш 12 касро ҷудо кард ва ба онҳо вазифаи махсусеро дод. Ин 12 нафар ҳаввориён ном гирифтанд. Ту номҳои онҳоро медонӣ? ~ Биё номи ҳаввориёнро аз ёд мекунем. Расми дар саҳифаи 75 кашидашуда ба ту дар ин ёрдам мекунад, зеро дар назди расми ҳар яки онҳо номашон навишта шудааст. Ин номҳоро хонда кӯшиш кун, ки онҳоро аз ёд гӯӣ.

Заноне ки шогирдони Исо шуданд, ҳамроҳи ӯ ба сафар мерафтанд, либосҳои ӯро мешустанду хӯрок тайёр мекарданд

Ин заноне, ки ба Исо ёрдам медоданд, кистанд?

12 Бо гузашти вақт, яке аз 12 ҳаввориёни Исо бад шуд. Номи ӯ Яҳудои Исқарют буд. Баъдтар, ба ҷои ин ҳаввории бад шогирди дигари Исо интихоб шуд. Ту номи ӯро медонӣ? ~ Номи вай Матёс буд. Дертар, Павлус ва Барнаббо ҳам ҳавворӣ шуданд, лекин онҳо ба қатори 12 ҳаввориён намедаромаданд (Аъмол 1:23–26; 14:14).

13 Чӣ хеле ки мо аз боби якум фаҳмидем, Исо бо кӯдакон вақт мегузаронд. Барои чӣ ӯ ин хел мекард? ~ Барои он ки вай медонист, ки кӯдакон ҳам шогирди ӯ шуда метавонанд. Бисёр вақт гапи кӯдак метавонад ҳатто калонсолонро ба он тела диҳад, ки дар бораи Устоди Бузург бисёртар фаҳманд.

14 Занҳои бисёр ҳам шогирди Исо шуданд. Вақте ки ӯ барои мавъизакунӣ ба дигар шаҳрҳо мерафт, баъзе аз ин занон бо вай мерафтанд. Масалан, Марями Маҷдалия, Юҳона ва Сусан ҳамроҳи ӯ буданд. Мумкин онҳо ҳамчунин дар пухтани хӯрок ва шустани либосҳои Исо ёрдам мекарданд (Луқо 8:1–3).

15 Оё ту мехоҳӣ, ки шогирди Исо бошӣ? ~ Аз ёд набарор, ки танҳо «ман шогирди Исо» гуфтан кам аст. Мо бояд дар ҳама ҷой чун шогирди Исо рафтор кунем, на фақат дар ҷамъомад. Ба фикри ту, боз дар куҷо муҳим аст, ки мо чун шогирди Исо рафтор кунем? ~

16 Ҳа, дар хона. Як ҷои дигар бошад, ин мактаб аст. Чизе, ки ману ту бояд дар хотир дорем, ин аст, ки агар мо шогирди ҳақиқии Исо будан хоҳем, мо бояд ҳама вақт, ҳар рӯз ва дар ҳама ҷо мисли ӯ рафтор кунем.

Писараке дар мактаб китоб хонда истодааст, вақте ҳамсинфонаш бетартибӣ мекунанд

Дар куҷо мо бояд чун шогирди Исо рафтор кунем?

Биё якҷоя мехонем, ки дар оятҳои Матто 28:19, 20; Луқо 6:13–16; Юҳанно 8:31, 32 ва 1 Петрус 2:21 дар бораи шогирдони Исо чӣ гуфта шудааст.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан