ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • lv боби 2 саҳ. 14-24
  • Чӣ тавр виҷдони худро пок нигоҳ дорем?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Чӣ тавр виҷдони худро пок нигоҳ дорем?
  • «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред»
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ВИҶДОН ЧИСТ ВА ОН ЧӢ ГУНА АМАЛ МЕКУНАД
  • ЧӢ ГУНА МЕТАВОН ВИҶДОНРО ТАЪЛИМ ДОД
  • ЧАРО ВИҶДОНИ ДИГАРОНРО БОЯД БА НАЗАР ГИРИФТ?
  • ЧӢ ТАВР ВИҶДОНИ ПОК БАРАКАТ МЕОРАД?
  • Оё виҷдони шумо роҳнамои хуб аст?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2015
«Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред»
lv боби 2 саҳ. 14-24
Қутбнамо ва харита

БОБИ 2

Чӣ тавр виҷдони худро пок нигоҳ дорем?

«Бигзор виҷдони шумо пок бошад» (1 ПЕТРУС 3:16).

1, 2. Барои чӣ қутбнамо асбоби зарурӣ мебошад ва чаро виҷдонро бо он муқоиса кардан мумкин аст?

БАҲРНАВАРД дар уқёнуси беканор киштӣ меронад; сайёҳ дар биёбони беодам мегардад; лётчик тайёраро бар абрҳое, ки аз як канори уфуқ то канори дигараш паҳн шудаанд, идора мекунад. Оё шумо медонед, ки байни ин одамон чӣ умумияте вуҷуд дорад? Бе қутбнамо (компас) ҳар яки онҳо метавонистанд бо хатар дучор шаванд, хусусан агар асбобҳои дигари ҳозиразамон дастрас набошанд.

2 Қутбнамо асбоби оддие мебошад, ки одатан ба ҷадвали доирашакл монанд аст ва он дорои ақрабаки магнитнок буда, ҳамеша ба самти шимол ишора мекунад. Агар қутбнамо дуруст кор кунаду мо онро аз рӯи харитаи дуруст истифода барем, он гоҳ худро аз хатари марговар эмин хоҳем дошт. Ба маънои том қутбнаморо бо виҷдон, ки ҳадяи қиматбаҳои Яҳува мебошад, монанд кардан мумкин аст (Яъқуб 1:17). Бе виҷдон мо гумроҳ мешудем. Агар ба виҷдонамон гӯш диҳем, он ба мо барои ёфтани роҳи дуруст ва дар ҳаётамон роҳгум назадан, кӯмак мерасонад. Биёед дида бароем, ки виҷдон чист ва он чӣ гуна амал мекунад. Сипас чунин фикрҳоро муҳокима менамоем: 1) чӣ гуна метавон виҷдонро таълим дод, 2) чаро бояд виҷдони дигаронро ба назар гирифт ва 3) чӣ гуна виҷдони пок баракатҳо меоварад.

ВИҶДОН ЧИСТ ВА ОН ЧӢ ГУНА АМАЛ МЕКУНАД

3. Маънои аслии калимаи юноние, ки чун «виҷдон» тарҷума шудааст, чист ва он кадом қобилияти беҳамтои инсониро нишон медиҳад?

3 Дар Китоби Муқаддас калимаи юноние, ки чун «виҷдон» тарҷума шудааст, дар асл маънои «худшиносӣ»-ро дорад. Худо ин қобилиятро ба мо дода аст ва барои ҳамин мо аз дигар офаридаҳои заминӣ фарқ мекунем. Аз як ҷиҳат мо метавонем бозистода, ба худ аз як тараф нигоҳ кунем ва ба рафторамон аз рӯи меъёрҳои ахлоқӣ баҳо диҳем. Виҷдон чун довар ё шоҳиди ботинӣ метавонад ба рафтор, ҳиссиёт ва қарорҳоямон баҳо диҳад. Он барои қабул кардани қарори дуруст кӯмак мерасонад, ё ин ки аз қабули қарори нодуруст огоҳ мекунад. Дар натиҷа виҷдон ба хурсандиамон мусоидат мекунад ё моро сахт азоб медиҳад.

4, 5. a) Мо аз куҷо медонем, ки Одаму Ҳавво соҳиби виҷдон буданд ва вайрон кардани қонуни Яҳува ба чӣ оварда расонд? б) Аз кадом мисолҳо дидан мумкин аст, ки виҷдони хизматгорони содиқи то давраи масеҳӣ чӣ гуна амал мекард?

4 Чунин қобилият ба марду зан аз вақти офарида шуданашон ато карда шуда буд. Маълум буд, ки Одаму Ҳавво дорои виҷдон буданд. Масалан баъди гуноҳкунӣ онҳо шарм доштанд (Ҳастӣ 3:7, 8). Афсӯс, ки виҷдони нопокашон вазъиятро ислоҳ карда натавонист. Онҳо дидаву дониста қонуни Худоро вайрон карданд. Ҳамин тавр онҳо дониста, исёнкор ва душмани Яҳува Худо гаштанд. Чун одамони комил онҳо хуб мефаҳмиданд, ки чӣ кор карда истодаанд, аз ин рӯ ин гуноҳи онҳо нобахшиданӣ буд.

5 Бисёр одамони нокомил назар ба Одаму Ҳавво ба овози виҷдонашон гӯш доданд. Масалан, Айюби содиқ чунин гуфта буд: «Адли худро маҳкам нигоҳ доштаам ва онро тарк нахоҳам кард; дили ман аз аввали ҳастиам маро мазаммат накардааст» (Айюб 27:6)a. Дар ҳақиқат виҷдони Айюб пок буд. Ӯ ба овози виҷдони худ гӯш медод: қарор қабул мекард ва мувофиқи виҷдонаш амал менамуд. Аз ин рӯ, ӯ дилпурона метавонист гӯяд, ки виҷдонаш ӯро танқид намекунад, яъне шарму айбро бедор карда, ӯро азоб намедиҳад. Диққат диҳед, ки Довуд назар ба Айюб азоб мекашид. Вақте ки Довуд нисбати Шоул, подшоҳи тадҳиншудаи Яҳува беҳурматӣ зоҳир намуд, «дили Довуд ба изтироб омад» (1 Подшоҳон 24:6). Довуд азоби виҷдон мекашид, ки ин ба фоидаи ӯ буд: баъдтар ӯ дигар чунин беҳурматӣ зоҳир намекард.

6. Аз чӣ маълум аст, ки ба ҳамаи одамон виҷдон ато карда шудааст?

6 Оё виҷдон танҳо ба хизматгорони Яҳува ато карда шудааст? Биёед суханони Павлуси расулро дида бароем: «Ҳар гоҳ халқҳое ки шариат надоранд, табиатан фармудаҳои шариатро ба ҷо меоваранд, онҳо шариат надошта бошанд ҳам, худашон барои худ шариат ҳастанд: Рафторашон нишон медиҳад, ки амали шариат дар дилашон навишта шудааст; виҷдон ва афкорашон низ, ки якдигарро гоҳе айбдор ва гоҳе сафед мекунанд, дар ин бобат гувоҳӣ медиҳанд» (Румиён 2:14, 15). Ҳатто онҳое ки тамоман бо шариат ё қонунҳои Яҳува шинос нестанд, ба туфайли шоҳиди ботинии худ бо мурури вақт метавонанд мувофиқи принсипҳои Худо амал кунанд.

7. Чаро баъзан виҷдон метавонад моро ба қарори нодуруст ҳидоят намояд?

7 Лекин дар баъзе мавридҳо виҷдон метавонад нодуруст ҳидоят кунад. Чаро? Агар қутбнаморо дар назди ашёи оҳанин ҷойгир кунем, ақрабаки он самти шимолро нишон намедиҳад. Ва агар қутбнаморо бе харитаи саҳеҳу дақиқ истифода барем, аз он қариб ки ягон манфиат намегирем. Ба ин монанд, агар хоҳишҳои худбинонаи диламон ба виҷдони мо таъсир расонанд, пас виҷдон метавонад моро ба роҳи нодуруст ҳидоят намояд. Ва агар ба он бе дониши дақиқи Каломи Худо гӯш диҳем, ба мо дар бисёр мавридҳои муҳим неку бадро фарқ кардан, душвор мегардад. Аз ин рӯ, то ин ки виҷдони мо дуруст амал кунад, ба мо роҳнамоии рӯҳулқудси Яҳува лозим аст. Павлус чунин навишт: «Виҷдонам дар Рӯҳулқудс бо ман шаҳодат медиҳад» (Румиён 9:1). Аммо чӣ гуна мо метавонем боварӣ ҳосил кунем, ки виҷдонамон моро мувофиқи рӯҳулқудси Яҳува ҳидоят мекунад? Онро бояд таълим диҳем.

ЧӢ ГУНА МЕТАВОН ВИҶДОНРО ТАЪЛИМ ДОД

8. a) Чӣ гуна дил метавонад ба виҷдон таъсир расонад ва ҳангоми қабули қарор, пеш аз ҳама бояд чиро ба назар гирифт? б) Чаро масеҳӣ набояд фикр кунад, ки танҳо виҷдони пок доштан кофӣ аст? (Ба эзоҳ нигаред.)

8 Чӣ тавр қарор қабул кунем, ки бар зидди виҷдон набошад? Баъзеҳо ба ҳиссиёту фикри худ гӯш дода, қарор мекунанд, ки чӣ гуна рафтор хоҳанд кард. Сипас онҳо мегӯянд: «Виҷдони ман ором аст». Ба виҷдон хоҳишҳои дил таъсири сахт расонда метавонанд. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Дил аз ҳама чиз маккортар аст ва он шифонопазир аст; кист, ки онро тавонад дарк кунад?» (Ирмиё 17:9). Бинобар ин, мо набояд ҳамавақт аз рӯи хоҳиши диламон амал намоем. Баръакс, мо бояд оиди он чизе ки Яҳуваро шод мегардонад, фикр кунемb.

9. Худотарсӣ чист ва он чӣ тавр ба виҷдони мо таъсир мерасонад?

9 Агар мо мувофиқи виҷдони таълимёфтаамон қарор қабул кунем, дар он на хоҳишҳои шахсӣ, балки худотарсӣ дида мешавад. Биёед мисоли зеринро дида бароем. Ҳокими содиқ Наҳемё ҳақ дошт, ки аз сокинони Ерусалим андоз ситонад. Лекин ӯ чунин накард. Чаро? Ба ӯ ҳатто фикри он ки нисбати халқ зулм карда, бо ин ғазаби Худоро бедор кунад, нафратовар буд. Ӯ гуфт: «Ман, аз тарси Худо, ин тавр накардам» (Наҳемё 5:15). Барои мо худотарсии самимӣ доштан, яъне тарси ранҷондани Падари осмониамон хеле муҳим аст. Чунин худотарсӣ моро бармеангезад, ки ҳангоми қабул кардани қарор аз Китоби Муқаддас роҳнамоӣ ҷӯем.

10, 11. Кадом принсипҳои Китоби Муқаддасро дар мавриди нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ бояд дар хотир дошт ва барои истифодаи ин принсипҳо чӣ гуна роҳбарии Худоро ба даст оварда метавонем?

10 Барои мисол, биёед савол оиди нӯшокиҳои спиртиро муҳокима менамоем. Бисёриҳо ҳангоми дар иҳотаи ёру дӯстон ё наздикон қарор доштан, бояд аз худ бипурсанд: «Оё нӯшам ё не?» Аввал бояд як чизро дар хотир дошт. Дар чунин маврид кадом принсипҳои Китоби Муқаддасро бояд истифода бурд? Китоби Муқаддас истеъмоли бамеъёри нӯшокиҳои спиртиро маҳкум намекунад. Дар он Яҳува чун атокунандаи май ҳамду сано карда мешавад (Забур 103:14, 15). Вале Китоби Муқаддас суиистифода аз машруботи спиртӣ ва айшу ишратро маҳкум месозад (Луқо 21:34; Румиён 13:13). Ғайр аз ин, бадмастӣ дар қатори гуноҳҳои ҷиддӣ, чун зино дохил карда шудааст (1 Қӯринтиён 6:9, 10)c.

11 Виҷдони фарди масеҳӣ ба туфайли чунин принсипҳо таълим меёбад ва ҳассос мегардад. Аз ин рӯ, дар вохӯриҳои дӯстона ҳангоми қабул кардани қарор оиди нӯшидани машруботи спиртӣ, бояд аз худ бипурсем: «Бо кадом мақсад ин вохӯрӣ ташкил карда шудааст? Оё чунин шуданаш мумкин аст, ки вохӯрӣ идоранашаванда гардида, ба айшу ишрат мубаддал гардад? Ман ба чӣ майл дорам? Оё ман ба шароб майлу вобастагӣ дорам? Ё ин ки онро барои таъсир расондан ба табъу рафторам менӯшам? Оё ман барои маҳдуд кардани нӯшидан, худро дошта метавонам?» Ҳангоми мулоҳиза рондан бар принсипҳои Китоби Муқаддас ва саволҳои ба он дахлдошта хуб мебуд, ки дар дуо аз Яҳува роҳбарӣ пурсем. (Забур 138:23, 24-ро хонед.) Ҳамин тавр мо ба рӯҳулқудси Яҳува иҷозат медиҳем, ки моро ҳидоят намояд. Инчунин мекӯшем, ки виҷдонамон мувофиқи принсипҳои Худо таълим ёбад. Вале ҳангоми қабули қарор муҳим аст, ки боз як чизро дар хотир дошта бошем.

ЧАРО ВИҶДОНИ ДИГАРОНРО БОЯД БА НАЗАР ГИРИФТ?

Марде дар вохӯрии дӯстона нӯшидан ё нанӯшидани нӯшокии спиртиро фикр карда истодааст

Виҷдони аз Китоби Муқаддас таълимёфта ба шумо барои нӯшидан ё нанӯшидани нӯшокии спиртӣ кӯмак мерасонад

12, 13. Чаро виҷдони масеҳиён гуногун аст ва мо ба ин чӣ гуна муносибат дошта метавонем?

12 Эҳтимол шумо ба ҳайрат оед, ки то чӣ ҳад виҷдони масеҳиён аз якдигар фарқ мекунад. Масалан як масеҳӣ ягон урфу одатро тамоман нораво меҳисобад, дигаре бошад, дар он ягон нодурустие намебинад. Ё касе бо камоли хурсандӣ бегоҳ бо дӯстонаш каме май менӯшад, вале ин каси дигареро ба ташвиш меорад. Чаро чунин нуқтаи назари гуногун вуҷуд дорад ва чӣ гуна ин ба қарорҳои мо таъсир расонда метавонад?

13 Одамон дар бисёр чизҳо аз якдигар фарқ мекунанд. Онҳо дар шароити гуногун ба воя расидаанд. Ҳамин тавр, баъзеҳо пеш бо сустиҳои худ мубориза бурда, на ҳамеша муваффақ мегаштанд (3 Подшоҳон 8:38, 39). Вақте ки сухан дар бораи нӯшидан меравад, виҷдони онҳо махсусан ҳассос мегардад. Агар ба хонаи шумо чунин шахс меҳмон шавад, эҳтимол, виҷдони ӯ аз ягон сабаби аниқ ӯро барангезад, ки нӯшокии спиртии пешкашкардаатонро рад кунад. Оё шумо бояд аз ин хафа шавед? Оё ӯро бояд маҷбур кард? Ба ҳеҷ ваҷҳ! Новобаста аз он ки шумо сабаби рад кардани ӯро медонед ё не — шояд ӯ дар ин лаҳза сабабашро гуфтан намехоҳад — муҳаббати бародарона шуморо бармеангезад, ки боодобона рафтор кунед.

14, 15. Нисбати кадом масъала виҷдони масеҳиёни асри як гуногун буд ва Павлус чӣ маслиҳат дод?

14 Павлуси расул медид, ки то чӣ андоза виҷдони масеҳиёни асри як гуногун буд. Дар он замон баъзе масеҳиёнро хӯроке, ки ба бутҳо қурбонӣ карда мешуд, ба ташвиш меовард (1 Қӯринтиён 10:25). Виҷдони Павлус хӯрдани хӯрокҳои ба бутҳо қурбонишударо, ки баъдтар дар бозор фурӯхта мешуданд, манъ намекард. Барои ӯ бутҳо ягон маъно надоштанд; ғизое, ки дар ҳақиқат ба Яҳува тааллуқ дорад, бутҳо дода наметавонистанд. Лекин Павлус мефаҳмид, ки на ҳама бо нуқтаи назари ӯ розиянд. Шояд баъзеҳо то масеҳӣ шуданашон, бо ҷидду ҷаҳд ба бутҳо саҷда мекарданд. Аммо ҳоло ҳар он чизе ки ба бутпарастӣ тааллуқ дошт, ба онҳо хеле нофорам буд. Дар чунин маврид чӣ гуна бояд рафтор кард?

15 Павлус гуфт: «Мо, ки тавоно ҳастем, бояд сустиҳои нотавононро бардорем ва толиби роҳати худ набошем: Зеро ки Масеҳ низ толиби роҳати Худ набуд» (Румиён 15:1, 3). Павлус моро бармеангезад, ки ба Масеҳ пайравӣ кунем ва манфиати бародаронро аз худ болотар гузорем. Павлус мегӯяд, ки аз монеа шудан ба гӯсфандони бебаҳое, ки Масеҳ ҳаёташро баҳри онҳо қурбон кардааст, беҳтараш гӯшт нахӯрад. (1 Қӯринтиён 8:13; 10:23, 24, 31–33-ро хонед.)

16. Чаро масеҳиёне, ки виҷдонашон нозуктар аст, набояд онҳоеро ки виҷдонашон аз онҳо фарқ мекунад, ҳукм кунанд?

16 Ҳамзамон масеҳиёне, ки виҷдонашон нозуктар аст, набояд дигаронро танқид кунанд ва онҳоро маҷбур созанд, то ин ки дар мавриди виҷдон ҳама мисли онҳо рафтор намоянд. (Румиён 14:10-ро хонед.) Беҳтараш виҷдони кас худи ӯро ҳукм кунад, на дигаронро. Суханони Исоро набояд фаромӯш кард: «Ҳукм накунед, то ки ҳукм карда нашавед» (Матто 7:1). Ҳамаи аъзоёни ҷамъомад бояд бикӯшанд, ки нуқтаи назари худро дар мавриди виҷдон маҷбуран ба дигарон бор накунанд. Баръакс, ҳар яки мо кӯшиш менамоем, ки ба муҳаббат ва ягонагӣ мусоидат карда, якдигарро рӯҳбаланд созем, на ин ки монеа шавем (Румиён 14:19).

ЧӢ ТАВР ВИҶДОНИ ПОК БАРАКАТ МЕОРАД?

Зане дар фазои ором дар ҷои алафзор сайругашт карда истодааст

Виҷдони пок моро ба ҳаёте равона мекунад, ки хурсандӣ ва оромиву осудагӣ меорад

17. Имрӯзҳо бо виҷдони одамони зиёд чӣ шудааст?

17 Петруси расул навишта буд: «Бигзор виҷдони шумо пок бошад» (1 Петрус 3:16). Виҷдоне, ки дар назари Яҳува Худо пок мебошад — баракати бузургест, ки инро оиди виҷдони одамоне, ки дар замони мо зиндагӣ мекунанд, гуфтан мумкин нест. Павлус оиди онҳое гуфта буд, ки «виҷдонашон гӯё бо доғ [«тамға», ТДН]-е беҳис шудааст» (1 Тимотиюс 4:2). Бо оҳани тафсон тамға задан, дар бадан из мегузорад ва ҷои сӯхтаи пӯстро беҳис мегардонад. Гуфтан мумкин аст, ки виҷдони бисёриҳо мурда аст: он то андозае кунд ва беҳис шудааст, ки дигар аломати огоҳкунанда намедиҳад, норозигӣ баён намекунад ва аз боиси гунаҳкорӣ ҳисси гунаҳкорӣ ва шарму ҳаёро бедор намесозад. Имрӯз бисёриҳо ҳисси гунаҳкории худро рад менамоянд ва аз ин хурсанданд.

18, 19. a) Ҳисси гунаҳкорӣ ва шарму ҳаё, чӣ манфиат оварда метавонад? б) Агар виҷдонамон моро барои гуноҳҳои пешина, ки аллакай аз онҳо тавба кардаем азоб диҳад, чӣ кор бояд кунем?

18 Дар ҳақиқат виҷдон ҳисси гунаҳкориро бедор карда, гувоҳӣ медиҳад, ки мо нодуруст рафтор кардем. Вақте ки чунин ҳиссиёт шахси гуноҳкорро ба пушаймонӣ бармеангезад, гуноҳҳои сахттарини ӯ метавонанд бахшида шаванд. Масалан, шоҳ Довуд гуноҳи азим кард, вале олиҳимматона бахшида шуд, чунки аз таҳти дил тавба кард. Ба туфайли он ки Довуд ба гуноҳаш нафрат кард ва боқатъият хост, ки қонуни Яҳуваро иҷро кунад, ӯ аз таҷрибаи худ фаҳмид, ки Яҳува «некӯ ва омурзгор» мебошад (Забур 50:3–21; 85:5). Ҳатто агар мо тавба карда, бахшида шуда бошем ва ҳисси гунаҳкориву шарму ҳаё моро тарк накунад-чӣ?

19 Баъзан виҷдон метавонад муддати дуру дароз гуноҳкорро бо ҳисси гуноҳкорӣ аз ҳад зиёд азоб диҳад, гарчанд аз ин аллакай фоидае нест. Дар ин маврид бояд диламонро, ки бераҳмона моро азоб медиҳад, эътимод бахшем, ки Яҳува аз диламон бузургтар аст ва тамоми ҳиссиёти моро медонад. Мо бояд ба муҳаббат ва бахшоиши Ӯ боварӣ дошта бошем, зеро мо худамон дигаронро ба ин бармеангезем. (1 Юҳанно 3:19, 20-ро хонед.) Ҳамчунин ба шарофати виҷдони покшуда мо дар худ оромиву осудагӣ ва хурсандии зиёде, ки дар ин ҷаҳон кам дида мешавад, эҳсос мекунем. Бисёр касоне, ки гуноҳи ҷиддӣ карда буданд онҳо сабукии ҳақиқиро ҳис карда, ҳоло ба Яҳува Худо бо виҷдони пок хизмат мекунанд (1 Қӯринтиён 6:11).

20, 21. a) Ин китоб дар чӣ ба шумо кӯмак мерасонад? б) Масеҳиён соҳиби кадом озодианд ва чӣ тавр онҳо бояд аз он истифода баранд?

20 Ин китоб ба шумо кӯмак мерасонад, ки то анҷоми ин рӯзҳои охири ноороми тартиботи Шайтон, хурсандӣ ва виҷдони покро нигоҳ доред. Албатта, дар ин китоб ҳамаи он қонуну принсипҳои Китоби Муқаддасро, ки бояд бар онҳо мулоҳиза ронем ва дар ҳаёти ҳаррӯзаамон ба кор барем муҳокима кардан номумкин аст. Ғайр аз ин, мо набояд оиди виҷдон ҷавобҳои аниқу оддиро интизор бошем. Тавассути ин китоб шумо чӣ тавр дар амал истифода бурдани Каломи Худоро фаҳмида, виҷдонатонро таълим медиҳед ва онро ҳассостар мегардонед. Шариат ё қонуни Масеҳ бархилофи қонуни Мусо пайравони худро бармеангезад, ки назар ба қоидаҳои навишташуда, бештар аз рӯи виҷдону принсипҳо зиндагӣ кунанд (Ғалотиён 6:2). Ҳамин тавр Яҳува ба масеҳиён озодии махсусро медиҳад. Аммо Каломи Ӯ моро огоҳ мекунад, ки ҳаргиз ин озодиро «барои рӯпӯш кардани бадӣ» истифода набарем (1 Петрус 2:16). Баръакс, чунин озодӣ ба мо имконияти аҷибе медиҳад, ки муҳаббатамонро ба Яҳува иброз кунем.

21 Вақте ки шумо бо дуо оиди чӣ гуна беҳтар аз рӯи принсипҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ кардан фикр мекунед ва он қарорҳоятонро амалӣ мегардонед, шумо кори муҳимеро давом медиҳед, ки онро дар вақти шинос шудан бо Яҳува сар кардед. Ҳамин тавр шумо қобилияти фаҳмиданатонро ба воситаи бакорбарӣ таълим медиҳед (Ибриён 5:14). Шумо дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ боварӣ ҳосил хоҳед кард, ки виҷдони аз рӯи Китоби Муқаддас таълимёфтаатон — баракати бузурге аст. Чуноне ки қутбнамо ба сайёр барои роҳгум назадан кӯмак мерасонад, виҷдонатон низ ба шумо барои қабул кардани қарорҳое, ки ба Падари осмониамон писанданд, кӯмак хоҳад расонд. Ҳамин тавр, шумо худро дар муҳаббати Худо нигоҳ хоҳед дошт.

a Худи калимаи «виҷдон» дар Навиштаҳои Ибронӣ вонамехӯрад. Аммо аз мисолҳои овардашуда маълум мешавад, ки сухан дар бораи виҷдон меравад. Одатан зери калимаи «дил» ботини инсон дар назар дошта мешавад. Чӣ хеле ки аз ин ва дигар мисолҳо маълум мешавад, калимаи «дил» метавонад ба қисми махсуси он — виҷдон дахл дошта бошад. Дар Навиштаҳои Юнонӣ калимаи юноние, ки чун «виҷдон» тарҷума шудааст, қариб 30 маротиба вомехӯрад.

b Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки доштани виҷдони пок на ҳамавақт кофист. Масалан, Павлуси расул гуфта буд: «Зеро ки ман дар худ айбе намебинам, лекин бо ин худро сафед намекунам; ҳукмкунандаи ман Худованд аст» (1 Қӯринтиён 4:4). Ҳатто онҳое ки масеҳиёнро таъқиб менамоянд, чуноне ки Павлус таъқиб мекард, виҷдони пок дошта метавонанд, зеро онҳо фикр мекунанд, ки Худо бо корҳои онҳо розӣ аст. Хеле муҳим аст, ки виҷдонамон ҳам дар назари худамон ва ҳам дар назари Худо пок бошад (Аъмол 23:1; 2 Тимотиюс 1:3).

c Бояд қайд намуд, ки ба ақидаи духтурони бисёр ба майпарастон ҳатто истеъмоли бамеъёри нӯшокиҳои спиртӣ мумкин нест, яъне барои онҳо маънои «бамеъёр» ин тамоман нанӯшидан аст.

ШУМО ЧӢ ГУНА ҶАВОБ МЕДОДЕД?

  • Донистани он ки Яҳува ҳамеша моро мушоҳида мекунад, ин бояд ба виҷдони мо чӣ гуна таъсир расонад? (Ибриён 4:13).

  • Чӣ гуна виҷдони Юсуф ба ӯ барои ба васваса муқобилат кардан кӯмак расонд? (Ҳастӣ 39:1, 2, 7–12).

  • Чаро барои ба Яҳува наздик шудан доштани виҷдони пок муҳим аст? (Ибриён 10:22).

  • Чаро мо бояд виҷдони онҳоеро, ки Шоҳиди Яҳува нестанд ба назар гирем? (2 Қӯринтиён 4:1, 2).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан