ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • bt боби 4 саҳ. 31-39
  • «Мардони нохондаву одӣ»

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • «Мардони нохондаву одӣ»
  • Як ба як дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат диҳед
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • На «бо қудрати худ» (Корнома 3:11–26)
  • «Мо наметавонем... гап заданро бас кунем» (Корнома 4:1–22)
  • «Онҳо бо як овоз сӯйи Худо нидо карданд» (Корнома 4:23–31)
  • «На ба одамон, балки ба Худо» ҳисобот медиҳем (Корнома 4:32–5:11)
  • Шумо низ мисли Петрус устувор монда метавонед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
  • Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки ба тарс дода нашавем?
    Устоди Бузургро гӯш кун
Як ба як дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат диҳед
bt боби 4 саҳ. 31-39

БОБИ 4

«Мардони нохондаву одӣ»

Расулон далерона амал карданд ва Яҳува онҳоро баракат дод

Бар Корнома 3:1–5:11 асос ёфтааст

1, 2. Петрусу Юҳанно назди дарвозаи ибодатгоҳ чӣ гуна муъҷиза карданд?

ВАҚТИ пешин аст. Дар ин рӯзи офтобӣ мардуми зиёде ҷамъ омадаанд. Яҳудиёни худоҷӯй ва шогирдони Масеҳ ба ибодатгоҳ даромада истодаанд. «Вақти дуогӯйӣ» наздик мешавадa (Кор. 2:46; 3:1). Петрусу Юҳанно дар қатори мардум сӯйи дарвозаи ибодатгоҳ, ки «Базеб» ном дошт, равонаанд. Аз байни ғалоғулаю шарфаи пойи одамон садои марди миёнсоли камбағале ба гӯш мерасад, ки шали модарзод буд ва садақа мепурсид (Кор. 3:2; 4:22).

2 Баробари наздик шудани Петрусу Юҳанно марди талбанда илтиҷоеро, ки садҳо бор гуфтааст, такрор мекунад. Вақте расулон аз роҳашон бозмеистанд, он мард ба онҳо бо умед нигоҳ мекунад. Он гоҳ Петрус мегӯяд: «Нуқраву тилло надорам, лекин он чӣ дорам, ба ту медиҳам: ба номи Исои Масеҳи носирӣ аз ҷоят хезу роҳ рав!» Петрус аз дасти ин марди шал мегираду ӯ бори аввал дар ҳаёташ ба по рост меистад. Як фикр кунед, то чӣ андоза мардум инро дида ба ҳайрат меояд! (Кор. 3:6, 7). Тасаввур карда метавонед, ки чӣ тавр ин мард ба пойҳои сиҳаташ бо ҳайрат менигарад ва қадамҳои нахустину ноустуворашро мегузорад?! Ҷойи ҳайраташ нест, ки ӯ аз шодӣ ҷастухез мекунад ва бо овози баланд Худоро васфу ситоиш менамояд.

3. Марди шифоёфта ва дигар одамон чӣ гуна аторо соҳиб шуда метавонистанд?

3 Мардуми ҳайратзада сӯйи роҳрави Сулаймон, ки Петрусу Юҳанно дар он истода буданд, равона шуданд. Дар он ҷо як вақтҳо Исо таълим медод, ҳоло бошад, Петрус дар он ҷо истода ба мардум асли воқеаро дар бораи шифо ёфтани марди шал мефаҳмонад (Юҳ. 10:23). Петрус ба одамон ва он марди шифоёфта атоеро пешниҳод намуд, ки аз нуқраву тилло гаронбаҳотар буд. Ин атои худодод аз тандурустӣ дида арзишноктар буд — Яҳува ба онҳо имкон медод, ки тавба кунанд, бахшиши гуноҳҳояшонро ба даст оранд ва Исои Масеҳро, ки «Роҳнамои ҳаёт» таъйин шудааст, пайравӣ кунанд (Кор. 3:15).

4. а) Шифои муъҷизавӣ сабаби чӣ гуна зиддият гашт? б) Мо ба кадом ду савол ҷавоб меёбем?

4 Чӣ рӯзи хушу аҷибе! Марде шифо ёфт ва акнун роҳ гашта метавонад. Ҳазорҳо одамони дигар бошанд, имконият пайдо карданд, ки шифои рӯҳонӣ ёбанду ризои Худоро соҳиб шаванд (Қӯл. 1:9, 10). Аммо баъд аз воқеаҳои он рӯз ҳукуматдорон пайравони Масеҳро чап гирифта, онҳоро аз иҷрои супориши Исо боздоштанӣ шуданд (Кор. 1:8). Мо аз тарзи хизмати Петрусу Юҳанно, ки «мардони нохондаву одӣ» буданд, чӣ дарс мегирем?b (Кор. 4:13). Инчунин мефаҳмем, ки чӣ тавр дар озору азият мисли онҳо ва дигар шогирдон далер бошем.

На «бо қудрати худ» (Корнома 3:11–26)

5. Петрус ба халқ чӣ тавр муроҷиат намуд ва мо аз ӯ чӣ дарс мегирем?

5 Петрусу Юҳанно дар назди мардум меистоданд. Расулон нағз мефаҳмиданд, ки, шояд, баъзеи онҳо чанде пеш қатли Исоро талаб карда буданд (Марқ. 15:8–15; Кор. 3:13–15). Як тасаввур кунед, ки ба Петрус чӣ қадар далерӣ лозим буд, то гӯяд, ки марди шал ба номи Исо шифо ёфт. Ӯ худро ба мардум ширин карда ҳақиқатро пинҳон накарду онро рӯйи об баровард. Ӯ рӯирост гуфт, ки мардум ба марги Исо айбдор аст. Лекин Петрус аз мардум нафрат надошт, чунки онҳо «ин корро аз рӯйи нодонӣ» карда буданд (Кор. 3:17). Ӯ ба онҳо чун ба бародаронаш муроҷиат кард ва диққатро ба паёми Подшоҳӣ равона сохт. Агар онҳо тавба мекарданду ба Масеҳ имон меоварданд, барояшон «аз ҷониби Яҳува мавсими тароват» фаро мерасид (Кор. 3:19). Мо низ бояд далерона ва рӯирост ҳукмҳои Худовандро эълон кунем. Ҳамзамон мо бояд дағалу сахтгап набошем ва одамонро танқид накунем. Баръакс, мо бояд ба онҳо чун ба бародару хоҳарони оянда нигоҳ кунем ва мисли Петрус диққатро бештар ба хушхабари Подшоҳӣ равона созем.

6. Чӣ тавр Петрусу Юҳанно хоксорӣ нишон доданд?

6 Расулон мардони хоксор буданд. Онҳо муъҷизаи кардаашонро ба худ нисбат надоданд. Петрус ба мардум чунин гуфт: «Чаро ба мо тавре нигоҳ мекунед, ки гӯё мо бо қудрати худ ё худотарсиямон ӯро шифо дода бошем?» (Кор. 3:12). Петрус ва дигар расулон медонистанд, ки ҳар кори хубро дар хизмат бо қувваи Худо карданд, на бо қуввати худ. Аз ин рӯ онҳо хоксорӣ нишон дода, барои комёбиҳояшон тамоми ҷалолро ба Яҳува ва Исо доданд.

7, 8. а) Мо ба одамон кадом аторо пешниҳод карда метавонем? б) Ваъдаи «барқарор кардани ҳама чиз» дар замони мо чӣ тавр иҷро шуда истодааст?

7 Мо ҳам, вақте хабари Подшоҳиро ба одамон мерасонем, бояд хоксор бошем. Ҳарчанд имрӯз масеҳиён бо қуввати Худо муъҷизавор шифо намедиҳанд, онҳо ба одамон кумак мекунанд, ки имонашон ба Худо ва Масеҳ зиёд гардад, инчунин соҳиби атое шаванд, ки Петрус ба мардум пешниҳод карда буд — бахшоиши гуноҳҳо ва таровату баракат ёфтан аз Яҳува. Ҳар сол садҳо ҳазор нафар ин аторо қабул мекунанд ва таъмид гирифта шогирди Масеҳ мешаванд.

8 Мо дар «замони барқарор кардани ҳама чиз», ки Петрус дар борааш гуфта буд, зиндагӣ мекунем. Суханоне, ки «Худо ба воситаи пайғамбарони муқаддаси даврони қадим пешгӯйӣ карда буд», соли 1914 иҷро шуданд. Он вақт дар осмон Подшоҳии Худо барпо гашт (Кор. 3:21; Заб. 110:1–3; Дон. 4:16, 17). Дере нагузашта Масеҳ роҳбарӣ кард, ки парастиши пок дар замин барқарор шавад. Дар натиҷа миллионҳо одамон ба биҳишти рӯҳонӣ даромаданд ва тобеони Подшоҳии Худо гаштанд. Онҳо одами куҳна ва фосидро мисли либос партофта, одами навро бар тан карданд, «ки он, чуноне Худо мехоҳад... офарида шудааст» (Эфс. 4:22–24). Чун дар мавриди шифо ёфтани марди шал имрӯз ин кори ҳайратангез на бо қуввати одамизод, балки бо рӯҳи муқаддаси Худо иҷро мешавад. Мо бояд мисли Петрус дар таълим додани одамон Каломи Худоро далерона ва моҳирона истифода барем. Инчунин мо фаромӯш намекунем, ки ҳар муваффақияте дар кори шогирдсозӣ ба даст меорем, ба шарофати қуввати Худост, на қуввати худамон.

«Мо наметавонем... гап заданро бас кунем» (Корнома 4:1–22)

9–11. а) Суханони Петрусу Юҳанно ба роҳбарони дини яҳудӣ чӣ хел таъсир кард? б) Расулон ба чӣ қарор омаданд?

9 Суханронии Петрус ва ҷастухезу нидои шодии марди шифоёфта диққати мардумро ҷалб кард. Ин аз назари коҳинони калон ва нозири ибодатгоҳ, ки вазифааш нигоҳ доштани тартибот дар гирду атрофи ибодатгоҳ буд, пинҳон намонд. Аз ин рӯ онҳо хостанд ҳар чӣ зудтар аниқ кунанд, ки чӣ гап шудааст. Аз афташ, ин одамон аз мазҳаби саддуқиён буданд. Пайравони ин мазҳаб бой буданду ба сиёсат дахолат мекарданд ва сахт кӯшиш менамуданд, ки бо румиён муносибати хуб дошта бошанд. Онҳо қонуни даҳониро, ки фарисиён дӯст медоштанд, рад мекарданд ва одамонеро, ки ба зиндашавӣ эътиқод доштанд, масхара менамудандc. Тасаввур кунед, ки, вақте Петрусу Юҳанно дар ибодатгоҳ далерона дар бораи зиндашавии Исо гап мезаданд, то чӣ андоза саддуқиён ба ғазаб омаданд!

10 Душманони пурхашм Петрусу Юҳанноро ба ҳабсхона партофтанд ва рӯзи дигар онҳоро ба додгоҳи олии яҳудиён бурданд. Ба ақидаи ин роҳбарони олимақом, Петрус ва Юҳанно «мардони нохондаву одӣ»-е буданд, ки дар ибодатгоҳ ҳаққи таълим доданро надоштанд. Рост аст, ки онҳо дар ягон мактаби динии номдор нахонда буданд. Вале ошкорбаёнӣ ва дилпурона сухан рондани онҳо аъзои додгоҳро ба ҳайрат овард. Аз кадом сабаб Петрусу Юҳанно ин қадар гапдон буданд? Як сабабаш ин буд, ки онҳо «ҳамроҳони Исо буданд» (Кор. 4:13). Устоди онҳо чун як шахси соҳибқудрат таълим медод, на чун шариатдонон (Мат. 7:28, 29).

11 Додгоҳи яҳудиён фармон дод, ки расулон мавъизаро бас кунанд. Он вақтҳо қарори ин додгоҳ аҳамияти калон дошт. Якчанд ҳафта пеш маҳз дар ҳамин додгоҳ Исоро ҳукм карда гуфтанд, ки «сазои ӯ марг аст» (Мат. 26:59–66). Вале Петрусу Юҳанно аз ин натарсиданд. Дар назди одамони бой ва соҳибмаълумоту баландмартаба истода, Петрусу Юҳанно далеронаву ҳамзамон бо эҳтиром чунин гуфтанд: «Худатон фикр кунед, магар дар назари Худо дуруст аст, ки ӯро неву шуморо гӯш кунем? Мо наметавонем дар бораи чизҳои дидаву шунидаамон гап заданро бас кунем» (Кор. 4:19, 20).

САРКОҲИН ВА КОҲИНОНИ КАЛОН

Саркоҳин дар пеши Худо намояндаи халқ буд. Дар асри яки милодӣ ӯ, ғайр аз вазифаҳои динӣ, Шӯрои олии яҳудиёнро сардорӣ мекард. Атрофиёни саркоҳин коҳинони калон буданд, ки пешвоёни яҳудиён ба ҳисоб мерафтанд. Ба коҳинони калон саркоҳинони пештара, аз ҷумла Ҳонон, ва дигар сарони авлодҳо, ки аз байни онҳо саркоҳинонро интихоб мекарданд, дохил мешуданд. Аз афташ, шумораи он авлодҳо начандон зиёд — чор ё панҷто, буд. Мувофиқи навиштаҳои олим Эмил Шурер, «ба чунин оилаҳои имтиёздор тааллуқ доштан худ як шарафи бузург ҳисоб меёфт».

Дар Навиштаҳо гуфта шудааст, ки саркоҳинон вазифаашонро то охири умр адо мекарданд (4 Мӯсо 35:25). Аммо дар вақти навишта шудани китоби Корнома сарварону подшоҳоне, ки бо иҷозати ҳукумати Рум ҳукм меронданд, саркоҳинонро аз рӯйи хости худ таъйин ва ё аз вазифа озод мекарданд. Аз афташ, ин ҳукуматдорони бутпараст саркоҳинонро аз насли Ҳорун таъйин мекарданд.

12. Чӣ ба мо кумак мекунад, ки далерӣ ва дилпуриямонро зиёд гардонем?

12 Оё шумо ҳам чунин далерӣ нишон дода метавонед? Вақте имконият пайдо мешавад, ки ба одамони бой, донишманд ё баландмартаба шаҳодат диҳед, чӣ кор мекунед? Агар аъзои оила, ҳамсинфон ва ҳамкоронатон шуморо барои эътиқодатон масхара кунанд-чӣ? Оё ба тарс меафтед? Агар ҳа, шумо бар ин ҳиссиётатон ғолиб баромада метавонед. Вақте Исо дар замин буд, ӯ расулонашро таълим дода буд, ки чӣ тавр имонашонро далерона ва бо эҳтиром муҳофизат кунанд (Мат. 10:11–18). Исо баъд аз зинда шуданаш ба шогирдонаш ваъда дод, ки «ҳамеша то охирзамон» бо онҳо мешавад (Мат. 28:20). Имрӯз Исо ба воситаи «ғуломи бовариноку боандеша» моро таълим медиҳад, ки чӣ тавр эътиқодамонро ҳимоя кунем (Мат. 24:45–47; 1 Пет. 3:15). Мо ин гуна таълимро дар вохӯриҳои ҷамоат, масалан, дар вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо» мегирем. Инчунин мо аз адабиётамон бисёр чизро омӯхта метавонем, масалан, аз мақолаҳои «Ба саволҳои худ аз Китоби Муқаддас ҷавоб ёбед», ки дар сомонаи jw.org нашр мешаванд. Оё шумо аз вохӯриҳо ва адабиётамон пурра манфиат мегиред? Агар ин тавр кунед, далерӣ ва дилпуриятон рӯз аз рӯз меафзояд. Он гоҳ шумо мисли расулон намегузоред, ки дар паҳн кардани ҳақиқатҳои гаронбаҳо ягон чиз садди роҳатон шавад.

Хоҳаре дар вақти танаффус ба ҳамкораш шаҳодат дода истодааст.

Нагузоред, ки чизе шуморо аз гуфтани ҳақиқатҳои бебаҳо боздорад

«Онҳо бо як овоз сӯйи Худо нидо карданд» (Корнома 4:23–31)

13, 14. Вақте бо зиддият рӯ ба рӯ мешавем, бояд чӣ кор кунем ва чаро?

13 Петрус ва Юҳанно дарҳол баъди аз маҳбас озод шуданашон бо аҳли ҷамоат вохӯрданд. «Онҳо бо як овоз сӯйи Худо нидо карданд» ва дуо гуфтанд, ки минбаъд низ далерона мавъиза карда тавонанд (Кор. 4:24). Петрус нағз медонист, ки барои иҷрои нияти Худо ба қуввати худ такя кардан беақлист. Якчанд ҳафта пеш ӯ худбоварона ба Исо чунин гуфта буд: «Ҳама аз ту рӯй гардонанд ҳам, ман аз ту рӯй намегардонам!» Лекин, чуноне ки Исо пешакӣ гуфта буд, Петрус зуд ба одамтарсӣ дода шуду аз устод ва дӯсташ рӯй гардонд. Петрус ин тавр карда бошад ҳам, аз хатои худ дарс гирифт (Мат. 26:33, 34, 69–75).

14 Барои иҷрои супориши Масеҳ, яъне дар бораи ӯ шоҳидӣ додан, танҳо азму ният кардан кифоя нест. Вақте душманон кӯшиш мекунанд, ки шуморо аз имонатон гардонанд ё аз мавъиза боздоранд, ба намунаи Петрусу Юҳанно пайравӣ намоед. Ба Яҳува дуо гӯед, ки ба шумо қувват диҳад. Инчунин аз бародару хоҳарон кумак пурсед. Дар бораи душвориатон ба пирони ҷамоат ва дигар ҳамимонони баркамол гӯед. Дуои дигарон қувваи бузург дорад, он ба шумо истодагӣ мебахшад (Эфс. 6:18; Яъқ. 5:16).

15. Чаро шахсоне, ки як муддат паҳн кардани хушхабарро бас карданд, набояд зиқ шаванд?

15 Агар тарс ба дилатон роҳ ёфта шуморо аз расондани хушхабар боздошта бошад, зиқ нашавед. Фаромӯш накунед, ки баъди марги Исо ҳамаи расулон як муддат шоҳидӣ доданро бас карданд, лекин баъдтар боз фаъол гаштанд (Мат. 26:56; 28:10, 16–20). Барои хатоҳоятон худро хӯрда нагардеду аз онҳо дарс гиред ва ин таҷрибаатонро барои қавӣ кардани дигарон ба кор баред.

16, 17. Мо аз дуои масеҳиёни Ерусалим чӣ меомӯзем?

16 Вақте ҳукуматдорон моро озору азият медиҳанд, дар бораи чӣ бояд дуо гӯем? Аҳамият дода бошед, шогирдони Масеҳ дуо нагуфтанд, ки аз озмоишҳо халос шаванд. Онҳо суханони зерини Исоро нағз дар ёд доштанд: «Агар маро озор дода бошанд, шуморо низ озор медиҳанд» (Юҳ. 15:20). Ба ҷойи ин шогирдони бовафо аз Яҳува хоҳиш карданд, ки диққаташро ба таҳдиди душманон равона созад (Кор. 4:29). Шогирдон ба вазъият дуруст баҳо медоданд, чунки мефаҳмиданд, ки, вақте бо озмоишҳо рӯ ба рӯ мешаванд, пешгӯйӣ иҷро мегардад. Исо шогирдонашро таълим дода буд, то дуо гӯянд, ки хости Худо «дар замин иҷро гардад». Барои ҳамин онҳо дилпур буданд, ки ҳукуматдорон чӣ таҳдиду зӯрие накунанд, хости Худо ҳатман иҷро мешавад (Мат. 6:9, 10).

17 Барои иҷро кардани хости Яҳува шогирдон ба ӯ чунин дуо гуфтанд: «Ба бандагонат далерӣ ато кун, то каломатро нотарсона гап зананд». Бинед, ки ҳоло дуояшонро тамом накарда, Яҳува чӣ кор кард. «Ҷое, ки онҳо ҷамъ шуда буданд, ба ҷунбиш омад ва ҳамаашон, якто намонда, аз рӯҳи муқаддас пур гаштанд ва каломи Худоро далерона гап заданд» (Кор. 4:29–31). Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз дасти Яҳуваро аз иҷрои хосташ боздошта наметавонад (Иш. 55:11). Чӣ душворие ба сарамон наояд, чӣ қадар душманамон пурқудрат набошад, агар сӯйи Яҳува илтиҷо кунем, ӯ ҳатман қувват медиҳад, ки каломашро далерона расонем.

«На ба одамон, балки ба Худо» ҳисобот медиҳем (Корнома 4:32–5:11)

18. Аҳли ҷамоати Ерусалим ба якдигар чӣ тавр кумак мерасонданд?

18 Ҷамоати навбунёди Ерусалим тез калон шуд ва зиёда аз 5000 нафарро ташкил медодd. Шогирдон аз ҳар гӯшаю канор бошанд ҳам, «якдилу якҷон» ва ҳамфикру ҳамақида буданд (Кор. 4:32; 1 Қӯр. 1:10). Шогирдон на танҳо дуо мегуфтанд, ки Яҳува кӯшишҳои онҳоро баракат диҳад, балки якдигарро рӯҳан ва аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ мекарданд (1 Юҳ. 3:16–18). Масалан, Юсуф ном шогирди Исо, ки расулон ӯро Барнаббо меномиданд, заминашро фурӯхт ва ҳамаи пулашро хайрия кард, то аз роҳи дур омадагон дар Ерусалим монда, дар бораи имони навашон бисёртар фаҳманд.

19. Барои чӣ Яҳува Ҳанониё ва Сафираро нобуд кард?

19 Ҳанониё ва Сафира ном ҳамсарон ҳам молу мулкашонро фурӯхта, хайр карданд. Онҳо вонамуд карданд, ки ҳамаи пулро хайр намуданд, лекин дар асл «як миқдори он пулҳоро пинҳон» карда буданд (Кор. 5:2). Дар натиҷа Яҳува ин ҳамсаронро кушт. Ӯ онҳоро на барои он ҷазо дод, ки як қисми пулро хайр карданд, балки барои нияти бад ва фиребашон. Онҳо «на ба одамон, балки ба Худо дурӯғ» гуфтанд (Кор. 5:4). Ҳанониё ва Сафира мисли дурӯягоне, ки Исо онҳоро маҳкум карда буд, бисёртар дили мардумро ба даст овардан хостанд, на розигии Худоро (Мат. 6:1–3).

20. Ба Яҳува чӣ гуна хайрияҳо писанданд?

20 Чи хеле фаҳмидем, дар асри як масеҳиёни Ерусалим саховатманду дасткушод буданд. Имрӯз низ миллионҳо Шоҳиди Яҳува бо хайрияҳои худ кори мавъизаро дар тамоми ҷаҳон дастгирӣ мекунанд. Ягон кас онҳоро маҷбур намекунад, ки вақту маблағашонро ба ин кор сарф кунанд, зеро Яҳува намехоҳад, ки мо бо дили нохоҳам ё аз маҷбурӣ ба ӯ хизмат кунем (2 Қӯр. 9:7). Барои Яҳува пеш аз ҳама чӣ қадар хайрия кардани мо неву бо кадом дилу ният хайр карданамон аҳамият дорад (Марқ. 12:41–44). Мо ҳеҷ гоҳ намехоҳем мисли Ҳанониё ва Сафира рафтор кунем ва ба Худо барои фоидаи худ ё худнамоӣ хизмат кунем. Биёед ба Петрус, Юҳанно ва Барнаббо пайравӣ карда, ҳамеша аз рӯйи муҳаббати самимие, ки ба Яҳува ва одамон дорем, хизматамонро ба ҷо орем (Мат. 22:37–40).

ПЕТРУС — МОҲИГИРЕ, КИ РАСУЛИ БОҒАЙРАТ ГАШТ

Дар Навиштаҳо Петруси расул бо чор ном зикр гардидааст: Шимъӯн (ба ибриву юнонӣ), Петрус (ба юнонӣ), Кифо (Петрус ба сомӣ) ва Шимъӯни Петрус (Мат. 10:2; 16:16; Юҳ. 1:42; Кор. 15:14).

Петруси расул дар даст сабади моҳӣ дорад.

Петрус оиладор буд ва ҳамроҳи хушдоману бародараш зиндагӣ мекард (Марқ. 1:29–31). Ӯ дар шаҳри Байт-Сайдо, дар тарафи шимоли баҳри Ҷалил, моҳигир буд (Юҳ. 1:44). Баъдтар ӯ дар наздикиҳои Кафарнаҳум сокин шуд (Луқ. 4:31, 38). Исо ба қаиқи Петрус нишаста, ба мардуми зиёде, ки дар соҳили баҳри Ҷалил ҷамъ омада буд, муроҷиат намуд. Вақте Исо суханронияшро тамом кард, ӯ ба Петрус гуфт, ки ба баҳр тӯр андозад. Петрус ба гуфти ӯ кард ва ба таври муъҷизавӣ моҳии зиёде қапид. Петрус аз тарс пеши пойи Исо афтод, аммо ӯ гуфт: «Натарс, минбаъд одамони зиндаро мисли моҳӣ сайд мекунӣ» (Луқ. 5:1–11). Петрус бо бародараш Андриёс ва Яъқубу Юҳанно моҳигирӣ мекард. Ҳар чори онҳо даъвати Исоро қабул карданд ва корашонро монда, аз паси ӯ равона шуданд (Мат. 4:18–22; Марқ. 1:16–18). Тахминан як сол пас Исо Петрусро ба қатори 12 расулаш интихоб намуд (маънои «расул» «фиристода» аст) (Марқ. 3:13–16).

Исо Петрус, Яъқуб ва Юҳанноро интихоб намуд, то дар якчанд мавриди муҳим ҳамроҳаш бошанд: дар пеши чашми онҳо дигаргун шудани Исо; духтарчаи Ёирро зинда кардани Исо; дар боғи Ҷатсамонӣ ғамшарики Исо будани ин расулон (Мат. 17:1, 2; 26:36–46; Марқ. 5:22–24, 35–42; Луқ. 22:39–46). Ин се нафар ҳамроҳи Андриёс аз Исо дар бораи аломати ҳузураш пурсон шуда буданд (Марқ. 13:1–4).

Петрус шахси рӯиростгапу боғайрат буд ва баъзан дар сари эҳсосот амал мекард. Аз афташ, ӯ аз байни расулон якум шуда фикрашро баён менамуд. Дар Хушхабарҳо суханони ӯ нисбат ба ҷамъи суханони 11 расули дигар бештаранд. Дигарон хомӯш монанд ҳам, Петрус хомӯш намемонд, ӯ савол медод (Мат. 15:15; 18:21; 19:27–29; Луқ. 12:41; Юҳ. 13:36–38). Петрус ҳамон касе буд, ки розӣ нашуд Исо пойҳояшро шӯяд, вале, вақте Исо вайро ислоҳ кард, Петрус аз ӯ хоҳиш кард, ки дастону сарашро низ бишӯяд (Юҳ. 13:5–10).

Петрус сахт Исоро дӯст медошт, барои ҳамин хост, ки ӯ аз фикри азоб кашида мурдан гардад. Исо ӯро барои ин нияти хатояш сарзаниш кард (Мат. 16:21–23). Дар шаби охири ҳаёти заминии Исо Петрус гуфт, ки дигар расулон вайро тарк кунанд ҳам, ӯ ҳаргиз Исоро тарк намекунад. Вақте Исоро дастгир карданд, Петрус далерона бо шамшер ба муҳофизати ӯ баромад ва баъдтар аз пайи ӯ ба ҳавлии саркоҳин рафт. Аммо дере нагузашта Петрус се бор Устодашро инкор кард ва, вақте хатояшро фаҳмид, зор-зор гирист (Мат. 26:31–35, 51, 52, 69–75).

Пеш аз он ки Исои зиндашуда бори аввал ба расулонаш дар Ҷалил намудор шавад, Петрус гуфт, ки моҳигирӣ меравад, ва расулони дигар бо ӯ рафтанд. Вақте Петрус Исоро дар соҳил дида шинохт, зуд худро ба об андохт ва сӯйи соҳил шино кард. Исо барои ноништа ба расулонаш моҳӣ пухт ва он вақт аз Петрус пурсид, ки оё ӯро аз «инҳо», яъне моҳиҳое, ки қапида буданд, бештар дӯст медорад. Исо Петрусро ташвиқ кард, ки аз пайи даромади калон — ривоҷ додани кори моҳигирияш, нашаваду хизмати пурравақтро пеша намояд (Юҳ. 21:1–22).

Тахминан солҳои 62–64-и м. Петрус дар Бобил, дар Ироқи ҳозира, ки он ҷо яҳудиёни зиёде зиндагӣ мекарданд, хушхабарро паҳн мекард (1 Пет. 5:13). Дар Бобил ӯ номаи якум ва, шояд, номаи дуюми илҳомёфтаашро, ки бо номи худаш аст, навишта буд. Ба Петрус қудрат дода шуд, «то расули хатнашудагон бошад» (Ғал. 2:8, 9). Ӯ ин супоришро бо ҷидду ҷаҳд иҷро мекард ва бо одамон ҳамдард буд.

ЮҲАННО — ШОГИРДЕ, КИ ИСО ДӮСТАШ МЕДОШТ

Юҳаннои расул писари Забдой ва бародари Яъқуби расул буд. Аз афташ, номи модари Юҳанно Салӯмит буд ва, эҳтимол, ӯ ба Исо хола мешуд (Мат. 10:2; 27:55, 56; Марқ. 15:40; Луқ. 5:9, 10). Аз ин рӯ тахмин кардан мумкин аст, ки Юҳанно бо Исо пайванди хешутаборӣ дошт. Падари Юҳанно, Забдой, дар кори моҳигирӣ мардикоронро киро мекард, аз ин маълум мешавад, ки оилаи ӯ даромади зиёд дошту камбағал набуд (Марқ. 1:20). Ҳангоми дар Ҷалил будани Исо Салӯмит ӯро ҳамроҳӣ карда, ба ӯ хизмат мекард ва баъдтар барои ҷасади Исоро ба гӯронидан тайёр намудан алафҳои хушбӯй оварда буд (Марқ. 15:40, 41; 16:1; Юҳ. 19:40). Аз афташ, Юҳанно хонаи худро дошт (Юҳ. 19:26, 27).

Юҳаннои расул дар даст дастхат дорад.

Ба назар мерасад, ки Юҳанно шогирди Яҳёи Таъмиддиҳанда буд ва, вақте Яҳё Исоро дида, «ин аст Барраи Худо» гуфт, ӯ бо Андриёс он ҷо буд (Юҳ. 1:35, 36, 40). Пас аз ин Юҳаннои писари Забдой, аз афташ, Исоро то Қоно ҳамроҳӣ кард ва шоҳиди муъҷизаи якуми Исо шуд (Юҳ. 2:1–11). Аз он ки Юҳанно корҳои баъдинаи Исоро дар Ерусалим, Сомария ва Ҷалил зинда ва батафсил тасвир мекунад, гуфтан мумкин аст, ки ӯ он воқеаҳоро бо чашмони худ дида буд. Вақте Исо Юҳанноро даъват кард, ки ӯро пайравӣ кунад, ӯ мисли Яъқуб, Петрус ва Андриёс бо омодагӣ аз баҳри тӯр, қаиқ ва манбаи даромадаш баромад. Юҳанно бо ин амалаш имонашро нишон дод (Мат. 4:18–22).

Дар Хушхабарҳо дар бораи Юҳанно ба мисли Петрус маълумоти бисёр оварда нашудааст. Лекин аз номе, ки Исо ба ӯву бародараш Яъқуб дода буд — Бӯнарҷис, ки маънояш «писарони раъд» аст — маълум мешавад, ки Юҳанно низ одами серғайрат ва хундарҷӯш буд (Марқ. 3:17). Дар аввал Юҳанно барои мавқеи баланд чунон талош мекард, ки ҳамроҳи бародараш аз модараш хоҳиш кард, ки бо Исо гап занад, то ӯ ба онҳо дар Подшоҳӣ мартабаи баланд диҳад. Ин хоҳиши бародарон худхоҳона буд, аммо он нишон медод, ки онҳо ба воқеӣ будани Подшоҳии Худо бовар доштанд. Мартабахоҳии Юҳаннову Яъқуб ба Исо имконият дод, то бори дигар ба ҳамаи расулонаш фаҳмонад, ки то чӣ андоза хоксорӣ муҳим аст (Мат. 20:20–28).

Серғайратии Юҳанно боз дар он дида шуд, ки ӯ ба шахсе, ки пайрави Исо набуду ба номи ӯ девҳоро меронд, монеъ шудан хост. Дар мавриди дигар, вақте ки Исо шогирдонашро ба қишлоқи сомариён барои тайёр кардани баъзе чизҳо равон карду онҳоро қабул накарданд, Юҳанно хост, ки аз осмон оташ фаромада, сомариёнро несту нобуд созад. Исо ӯро барои ин гуна муносибаташ сарзаниш кард. Бешубҳа, бо гузашти вақт Юҳанно шахси вазнин ва меҳрубон шуд (Луқ. 9:49–56). Бо вуҷуди камбудиҳояш Юҳанно «шогирди дӯстдошта»-и Исо буд. Барои ҳамин пеш аз маргаш Исо ба Юҳанно супориш дод, ки ба модараш Марям ғамхорӣ кунад (Юҳ. 19:26, 27; 21:7, 20, 24).

Чи тавре ки Исо пешгӯйӣ карда буд, Юҳанно нисбат ба дигар расулон умри дарозтар дид (Юҳ. 21:20–22). Ӯ тахминан тӯли 70 сол содиқона ба Яҳува хизмат кард. Дар пиронсолиаш, дар вақти ҳукмронии императори Рум Домитиан, Юҳанно, «аз сабаби он ки дар бораи Худо гап мезад»-у «дар бораи Исо шаҳодат медод», ба Патмос ном ҷазирае бадарға шуд. Он ҷо тахминан соли 96 Юҳанно рӯъёе дид, ки баъдтар онро дар китоби Ошкорсозӣ навишт (Ошкор. 1:1, 2, 9). Чунин ба шумор меравад, ки Юҳанно баъди озод шуданаш ба Эфсӯс рафта, Хушхабар ва се номаеро навишт, ки бо номи худаш мебошанд, ва дар он ҷо тахминан соли 100-ум аз олам чашм пӯшид.

a Дар ибодатгоҳ дуо барои қурбонии саҳарӣ ва бегоҳӣ гуфта мешуд. Қурбонии бегоҳӣ «соатҳои сеи рӯз» оварда мешуд.

b Нигаред ба чорчӯбаҳои «Петрус — моҳигире, ки расули боғайрат гашт» ва «Юҳанно — шогирде, ки Исо дӯсташ медошт».

c Нигаред ба чорчӯбаи «Саркоҳин ва коҳинони калон».

d Соли 33-юми милодӣ, аз афташ, дар Ерусалим қариб 6000 фарисӣ буд, шумораи саддуқиён бошад, аз ин ҳам камтар. Ин ду гурӯҳ, шояд, маҳз аз сабаби начандон зиёд буданашон фикр мекарданд, ки таъсири таълимоти Исо торафт хатарнок мегардад.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан