ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • bm қисми 11 саҳ. 14
  • Сурудҳои илҳомбахшидаи Худо тасалливу таълим медиҳанд

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Сурудҳои илҳомбахшидаи Худо тасалливу таълим медиҳанд
  • Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он
Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он
bm қисми 11 саҳ. 14
Довуд барбат навохта, суруд мехонад

ҚИСМИ 11

Сурудҳои илҳомбахшидаи Худо тасалливу таълим медиҳанд

Довуд ва дигарон сурудҳои динӣ эҷод мекунанд. Китоби Забур 150-тои ин сурудҳоро дар бар мегирад

КИТОБИ калонтарини Китоби Муқаддас — ин ҷамъи сурудҳои муқаддас мебошанд. Ин китоб тақрибан дар тӯли ҳазор сол навишта шудааст. Забур — пурэҳсостарин сурудҳои динӣ оиди имон ба Худо мебошад. Дар ин китоб эҳсосоти гуногуни инсонӣ — аз шодиву ҳамду сано, шукргузорӣ сар карда, то ғаму дард ва тавба тасвир шудааст. Чуноне ки маълум аст, забурнависон бо Худо муносибати наздик ва боваринок доштанд. Биёед баъзе мавзӯъҳоеро, ки дар ин асарҳои лирикӣ муҳокима мешаванд, дида бароем.

Яҳува Ҳокими барҳақи Даҳр буда, сазовори парастиш ва ҳамду сано мебошад. Дар Забур 82:19 [83:18, ТФ] омадааст: «Бидонанд, ки танҳо Ту, ки исмат Худованд [«Яҳува»] аст, бар тамоми замин Ҳаққи Таоло ҳастӣ». Баъзе қисмҳои китоби Забур Яҳуваро барои офаридаҳояш ҳамду сано мегӯянд, масалан барои осмони пурситора, мӯъҷизаҳои табиат ва организми беҳамтои инсон (Забур 8, 18:1–15, 138:1–24, 148:1–14). Дигар қисмҳояш бошад, Яҳуваро барои он ҷалол медиҳанд, ки Ӯ хизматгорони содиқашро наҷот медиҳад ва муҳофизат мекунад (Забур 17:1–51, 96:1–12, 137:1–8). Қисмҳои боқимондааш бошад, Ӯро чун Худои адолат болобардор мекунанд, чунки Ӯ ситамдидагонро раҳо мекунад ва бадкоронро ҷазо медиҳад (Забур 10:1–7, 67:1–36, 145:1–10).

Яҳува ба дӯстдорандагони худ мадад мерасонад ва онҳоро тасаллӣ медиҳад. Дар боби 22-юми Забур, ки шояд аз ҳама таронаи машҳур мебошад, Довуд Яҳуваро ба Чӯпони меҳрубон, ки гӯсфандонашро роҳнамоиву муҳофизат мекунад ва нисбати онҳо ғамхорӣ менамояд, монанд мекунад. Забур 64:3 ба хизматгорони Худо хотиррасон мекунад, ки Яҳува шунавандаи дуоҳо мебошад. Бисёр одамоне, ки гуноҳи ҷиддӣ кардаанд, аз Забур 38:1–14 ва 50:1–21 хеле тасаллӣ меёбанд, чунки дар он Довуд аз таҳти дил тавба мекунад ва ба бахшоиши Яҳува изҳори умед мебандад. Забур 54:23 бошад, моро бармеангезад, ки ба Яҳува таваккал кунем ва тамоми ғаму ташвишамонро ба Ӯ партоем.

Яҳува тавассути Салтанати Масеҳоӣ ҷаҳонро тағйир медиҳад. Якчанд порчаҳои Забур, аниқ ба Подшоҳи ваъдашуда, Масеҳ, тааллуқ доранд. Забур боби 2 пешгӯӣ мекунад, ки ин Ҳоким халқҳои бадкорро, ки ба ӯ муқобилат мекунанд несту нобуд мекунад. Забур 71:1–20 бошад, нишон медиҳад, ки ин Подшоҳ ба гуруснагӣ, беадолатӣ ва зулму ситам хотима мебахшад. Мувофиқи Забур 45:10 Худо тавассути Салтанати Масеҳоӣ ба ҷанг хотима мебахшад ва ҳатто тамоми яроқҳои ҷангиро несту нобуд мекунад. Дар Забур 36:1–40 гуфта мешавад, ки бадкорон нест карда мешаванд, вале росткорон абадан дар рӯи замин дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ хоҳанд кард.

Бар китоби Забур асос ёфтааст.

  • Чӣ гуна китоби Забур барҳақ будани ҳокимияти Яҳуваро тасдиқ мекунад?

  • Кадом қисмҳои китоби Забур нишон медиҳанд, ки Худо ба дӯстдорандагони худ мадад мерасонад ва онҳоро тасаллӣ медиҳад?

  • Худо мувофиқи китоби Забур ҷаҳонро чӣ гуна тағйир медиҳад?

Суруди Сурудҳо

Дар Суруди Сурудҳо Сулаймон нақл мекунад, ки барои ба даст овардани дили духтари зебо ҳатто доштани боигарии зиёд ба ӯ кӯмак накард. Духтар ҳамаи кӯшишҳои Сулаймонро, ки ӯро мафтун кардан мехост, рад намуд, чунки чӯпонбачаеро дӯст медошт. Дар ин суруди илҳомбахшидаи Худо нишон дода мешавад, ки ҳатто агар одамон ба якдигар ҳиссиёти сахти ҷисмонӣ дошта бошанд ҳам, ин маънои нодуруст рафтор карданро надорад. Ҷуфти ҷавон худдорӣ, покӣ ва вафодорӣ зоҳир карданд, ки ин лоиқи таҳсин аст.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан