ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • bm қисми 23 саҳ. 26
  • Паҳн кардани хушхабар

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Паҳн кардани хушхабар
  • Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он
  • Маводи монанд
  • Натарсед, Яҳува мададгори шумо аст!
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2020
  • Ҳимоя кардани хушхабар дар назди ҳокимиятдорон
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
  • «Ба он чизе, ки ҳоло барои муҳофизати худ мегӯям, гӯш диҳед»
    Як ба як дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат диҳед
  • «Доварии қайсарро талаб мекунам!»
    Як ба як дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат диҳед
Маълумоти бештар
Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он
bm қисми 23 саҳ. 26
Павлус дар Атино бо нутқ баромад мекунад

ҚИСМИ 23

Паҳн кардани хушхабар

Павлус сафар карда, хушхабарро мавъиза мекунад

ПАВЛУС баъд аз қабул кардани масеҳият хушхабарро оиди Салтанати Худо бо ҷидду ҷаҳд мавъиза мекунад. Павлус, ки пештар таъқибкунанда буд, акнун худаш бисёр вақт бо мухолифати сахт дучор мешуд. Ин расули пуртоқат бисёр сафар намуда, оиди Салтанате, ки мақсади аввалаи Худоро иҷро хоҳад кард, мавъиза менамуд.

Дар Лустра Павлус ҳангоми сафари якуми худ як ланги модарзодро шифо бахшид. Мардуми ҷамъомада Павлус ва ҳамсафари вай Барнабборо чун худоён қабул карданд ва ҳатто мехостанд, ки ба онҳо қурбонӣ биёранд. Онҳо базӯр мардумро аз ин кор боздоштанд. Аммо ба қарибӣ худи ҳамон мардум Павлусро зери таъсири душманонаш сангсор карданд ва ба гумони он ки ӯ мурдааст, ӯро аз шаҳр берун кашиданд. Лекин Павлус зинда монд ва баъдтар боз ба Лустра баргашт, то ки шогирдонро рӯҳбаланду устувор гардонад.

Баъзе масеҳиёни яҳудӣ таъкид мекарданд, ки масеҳиёни ғайрияҳудӣ бояд баъзе Қонуни Мусоро риоя кунанд. Павлус ин саволро ба расулон ва пирони дар Исроилбуда фиристод. Ин мардон Навиштаҳоро бодиққат дида баромаданд ва зери роҳбарии рӯҳулқудси Худо ба ҷамъомадҳо нома навиштанд. Дар нома масеҳиён даъват карда мешуданд, ки аз қурбонии бутҳо, хун, гӯшти ҳайвони буғишуда ва зино парҳез кунанд. Масеҳиён бояд «воҷиботи зерин»-ро иҷро мекарданд, аммо аз онҳо риоя намудани Қонуни Мусо талаб карда намешуд (Аъмол 15:28, 29).

Ҳангоми сафари мавъизавии дуюмаш Павлус ба Бирия рафт, ки он дар минтақаи Юнони ҳозира ҷойгир буд. Яҳудиёни таҳҷоӣ бо иштиёқи комил каломро қабул карданд, онҳо ҳар рӯз аз рӯи Навиштаҳо он чизеро ки ӯ таълим медод, месанҷиданд. Ба Павлуси расул лозим буд, ки бори дигар аз сабаби мухолифат гурезад,— ин дафъа вай ба Атино гурехт. Он ҷо Павлус назди шахсони баландмаълумот бо нутқи таъсирбахше баромад карда, барои мо дар суханварӣ, боадабӣ ва дурандешӣ намуна гузоштааст.

Баъд аз сафари мавъизавии сеюмаш Павлус ба Ерусалим рафт. Вақте ки ӯ ба маъбад омад, яҳудиён мардумро ба шӯр оварданд ва ӯро куштанӣ шуданд. Аммо сарбозони Рум дахолат карданд ва Павлусро пурсуков намуда фаҳмиданд, ки ӯ шаҳрванди Рум аст. Аз ин рӯ, Павлуси расул баъдтар имконият пайдо намуд, ки худро дар назди Феликси ҳоким муҳофизат кунад. Яҳудиён ба гардани Павлус айбҳои бисёрро бор намуданд, ки онро исбот карда натавонистанд. Барои ба дасти яҳудиён наафтидан ӯ ба ҳокими дигари Рум Фестус чунин гуфт: «Ман доварии қайсарро талаб мекунам». Фестус дар ҷавоб гуфт: «Назди қайсар хоҳӣ рафт» (Аъмол 25:11, 12).

Аскарони Румӣ ба Павлус барои аз одамони бағазабомада халос шудан, кӯмак мерасонанд

Павлусро бо киштӣ ба Италия фиристоданд, то ки вайро қайсар, яъне ҳокими Рум ҳукм кунад. Аммо вақте ки ғарқшавии киштӣ рӯй дод, ба Павлус лозим омад, ки зимистонро дар ҷазираи Малит гузаронад. Ба Рум омада, ӯ ду сол дар хонае, ки ба иҷора гирифта буд, зиндагӣ кард. Гарчанд ӯ зери назорати сарбозон қарор дошт, вай чун пештара бо ҷидду ҷаҳд дар бораи Салтанати Худо ба ҳамаи онҳое ки наздаш меомаданд, мавъиза мекард.

Бар Аъмол 11:22—28:31 асос ёфтааст.

  • Вақте ки Павлус дар Лустра ланги модарзодро шифо бахшид, чӣ воқеа рӯй дод?

  • Саволе, ки бо риоя кардани Қонуни Мусо алоқаманд буд, чӣ тавр ҳал шуд?

  • Павлус чӣ тавр ба Рум рафта монд ва дар он ҷо бо чӣ машғул шуд?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан