ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • bm қисми 24 саҳ. 27-28
  • Павлус ба ҷамъомадҳо нома менависад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Павлус ба ҷамъомадҳо нома менависад
  • Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он
  • Маводи монанд
  • Насиҳат оиди имон, рафтор ва муҳаббат
    Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он
  • Павлус дар Рум
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Шахсе ки дар борааш тамоми анбиё шаҳодат медоданд
    Худои ягонаи ҳақиқиро ибодат намоед
  • Биҳишт аз даст дода шуд
    Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он
Маълумоти бештар
Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он
bm қисми 24 саҳ. 27-28
Дар маҳбаси хонагӣ, Павлус номаро дикта мекунад

ҚИСМИ 24

Павлус ба ҷамъомадҳо нома менависад

Павлус масеҳиёни асри якро қавӣ мегардонад

ҶАМЪОМАДИ ба карибӣ ташкилшуда, бояд дар иҷро шудани иродаи Худо нақши муҳимро мебозид. Аммо масеҳиёни асри як ба зудӣ ба таъқибот дучор шуданд. Оё ин масеҳиён ба таъқиботҳои аз ҷамъомад берун ва проблемаҳои дохили он нигоҳ накарда, содиқиро ба Худо нигоҳ медоранд? Навиштаҳои Юнонӣ 21 номаро дар бар гирифта, насиҳатҳои заруриро пешкаш мекунанд ва сарчашмаи рӯҳбаландӣ мебошанд.

Павлуси расул 14-тои ин номаро навишт — аз Румиён то Ибриён. Номи ин номаҳо аз куҷо асос меёбанд? Азбаски ин номаҳо ба шахс ва ба ҷамъомад навишта шуда буданд, аз ин рӯ ба номи онҳо номгузорӣ шудаанд. Биёед баъзе мавзӯи номаҳои Павлусро дида бароем.

Ахлоқ ва рафтор. Онҳое ки зино ва дигар гуноҳҳои азимро содир мекунанд, «Малакути Худоро мерос нахоҳанд гирифт» (Ғалотиён 5:19–21; 1 Қӯринтиён 6:9–11). Ходимони Худо аз кадом миллате ки набошанд, бояд ягонагиро нигоҳ доранд (Румиён 2:11; Эфсӯсиён 4:1–6). Онҳо бояд ба ҳамимононе, ки ба кӯмак ниёз доранд аз дилу ҷон ғамхорӣ кунанд (2 Қӯринтиён 9:7). Павлус маслиҳат медиҳад: «Пайваста дуо гӯед». Павлуси расул масеҳиёнро бармеангезад, ки андешаҳои ниҳонии худро ба Яҳува иброз кунанд (1 Таслӯникиён 5:17; 2 Таслӯникиён 3:1; Филиппиён 4:6, 7). Барои он ки Худо онҳоро шунавад, бояд бо имон ба Ӯ муроҷиат кунанд (Ибриён 11:6).

Барои мустаҳкам будани оилаҳо чӣ кӯмак мерасонад? Шавҳар бояд зани худро мисли ҷисми худ дӯст дорад. Занро лозим аст, ки шавҳари худро эҳтиром намояд. Фарзандон бояд падару модарашонро гӯш кунанд, чунки ин ба Худо маъқул аст. Волидон дар тарбияи фарзандон бояд муҳаббат зоҳир кунанд ва маслиҳатҳои Каломи Худоро ба кор баранд (Эфсӯсиён 5:22–6:4; Қӯлассиён 3:18–21).

Харитаи он ҷойҳое, ки Павлус барояшон номаҳо навишт

Фаҳмидани нияти Худо. Бисёрии Қонуни Мусо то омадани Масеҳ исроилиёнро муҳофизат мекард ва барояшон роҳнамо буд (Ғалотиён 3:24). Аммо аз масеҳиён иҷро кардани Қонуни Мусо талаб карда намешуд. Дар нома ба ибриён — ба масеҳиёне, ки яҳудӣ буданд — Павлус муфассал фаҳмонд, ки Қонуни Мусо барои чӣ дода шуда буд ва чӣ тавр нияти Худо тавассути Масеҳ иҷро мешавад. Павлус фаҳмонд, ки ҷиҳатҳои гуногуни Қонун маънои пешгӯиро доштанд. Масалан, қурбонӣ кардани ҳайвонот тимсоли қурбонии фидияи Исо буд, ки бахшиши ҳақиқии гуноҳҳоро имконпазир месозад (Ибриён 10:1–4). Худо тавассути марги Масеҳ аҳди Қонунро бекор кард, чунки он дигар даркор набуд (Қӯлассиён 2:13–17; Ибриён 8:13).

Яке аз ҷамъомадҳои масеҳиёни пешин номои Павлусро гӯш мекунанд

Фаъолияти ҷамъомад. Мардоне, ки дар ҷамъомад вазифаҳои сазоворнокро иҷро кардан мехоҳанд, бояд ба меъёрҳои баланди ахлоқӣ мувофиқат кунанд ва рӯҳан баркамол бошанд (1 Тимотиюс 3:1–10, 12, 13; Титус 1:5–9). Хизматгорони Яҳува бояд мунтазам ҷамъ шаванд ва якдигарро рӯҳбаланд кунанд (Ибриён 10:24, 25). Вохӯриҳои масеҳӣ бояд барои рӯҳбаландкуниву насиҳатдиҳӣ хизмат кунанд (1 Қӯринтиён 14:26, 31).

Номаи дуюми худро Павлус ба Тимотиюс дар Рум навишт. Павлус боз дар маҳбас қарор дошт ва довариро интизор буд. Танҳо баъзе дӯстонаш ҷони худро дар хатар гузошта, наздаш омаданд. Павлус мефаҳмид, ки вақташ кам мондааст. Ӯ чунин навишт: «Дар кашмакаши неке талош кардам, давишро анҷом додам, имонро нигоҳ доштам» (2 Тимотиюс 4:7). Эҳтимол баъд аз ин Павлус ба қатл расонда шуд. Аммо номаи ӯ то ба имрӯз барои масеҳиёни ҳақиқӣ чун ҳидоят хизмат мекунад.

Бар Румиён, 1 Қӯринтиён, 2 Қӯринтиён, Ғалотиён, Эфсӯсиён, Филиппиён, Қӯлассиён, 1 Таслӯникиён, 2 Таслӯникиён, 1 Тимотиюс, 2 Тимотиюс, Титус, Филемӯн, Ибриён асос ёфтааст.

  • Дар номаи Павлус дар бораи ахлоқ ва рафтор чӣ гуфта мешавад?

  • Павлус дар бораи он ки чӣ тавр нияти Худо тавассути Масеҳ иҷро мешавад, чӣ навишт?

  • Павлус нисбати фаъолияти ҷамъомад кадом дастуротро дод?

НАСЛИ ВАЪДАШУДА КИСТ?

Баъд аз гуноҳ кардани Одаму Ҳавво Худо ба маънои рамзӣ гуфт: «Дар миёни ту ва зан ва дар миёни насли ту ва насли вай адоват меандозам: вай сари туро хоҳад кӯфт ва ту пошнаи варо хоҳӣ кӯфт» (Ҳастӣ 3:15). «Мори қадимӣ» дар Навиштаҳои Муқаддас Иблис номида шудааст (Ваҳй 12:9). Насли ваъдашуда ё Наҷотдиҳанда кӣ буд? Ин сир дар рафти солҳои зиёд оҳиста–оҳиста дар Китоби Муқаддас кушода мешуд.

Тақрибан баъд аз 2 000 сол пас аз он ки Одаму Ҳавво гуноҳ карданд Яҳува гуфт, ки Насли ваъдашуда аз насли Иброҳим ба амал меояд (Ҳастӣ 22:17, 18). Садсолаҳо пас Павлуси расул нишон дод, ки қисми асосии насли Иброҳим — Исои Масеҳ мебошад (Ғалотиён 3:16). Чуноне ки дар Ҳастӣ 3:15 пешгӯӣ шуда буд, вақте ки Исоро куштанд, ба маънои рамзӣ «пошнаи» ӯ кӯфта шуд. Лекин Худо Исоро эҳё кард — ӯ «ба ҳасби рӯҳ зинда гардид» (1 Петрус 3:18).

Ҳамчунин Худо ният карда буд, ки 144 000 нафар одамон қисми дуввумдараҷаи насл хоҳанд шуд (Ғалотиён 3:29; Ваҳй 14:1). Онҳо чун ҳамирсони Масеҳӣ дар Салтанати осмонӣ ба ҳаёти рӯҳӣ эҳё хоҳанд шуд (Румиён 8:16, 17).

Исо, Подшоҳи пурқудрат дар осмон ба наздикӣ Иблис ва насли ӯро, яъне одамони зишт ва девҳои ба Шайтон ҳамроҳшударо нест мекунад (Юҳанно 8:44; Эфсӯсиён 6:12). Роҳбарии Исо ба ҳамаи одамони итоаткор сулҳу хурсандӣ меорад. Ҳамин тавр, оқибат Исо «сари» морро хоҳад кӯфт, онро тамоман несту нобуд хоҳад кард (Ибриён 2:14).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан