ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • rk қисми 4 саҳ. 10-11
  • Худо кист?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Худо кист?
  • Имони ҳақиқӣ калиди ҳаёти хушбахтона аст
  • Маводи монанд
  • Фариштагон — рӯҳҳои хизматгузоранд
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2009
  • Фариштаҳо
    Бедор шавед!—2017
  • Фариштаҳои Худо ба мо ёрдам медиҳанд
    Устоди Бузургро гӯш кун
Имони ҳақиқӣ калиди ҳаёти хушбахтона аст
rk қисми 4 саҳ. 10-11

ҚИСМИ 4

Худо кист?

ОДАМОН худоёни зиёдеро ибодат мекунанд. Вале Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки танҳо як Худои ҳақиқӣ вуҷуд дорад. Ӯ беҳамто, олӣ ва абадӣ аст. Ӯ ҳама чизеро ки дар осмону замин мебошад, офаридааст ва ба мо ҳаёт бахшидааст. Барои ҳамин танҳо Ӯ сазовори ибодати мо мебошад.

Мусо бо ду лавҳи сангине, ки дар он даҳ Қонун навишта шудааст

Дастнависи қадимаи назди Баҳри Майит, ки дар он номи Худо оварда шудааст

Худо унвонҳои зиёд дорад, вале танҳо як ном дорад. Номи Ӯ ЯҲУВА мебошад. Худо ба Мусо гуфта буд: «Ба банӣ–Исроил чунин бигӯ: Яҳува Худои падарони шумо, Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб, маро назди шумо фиристод. Ин аст номи Ман то абадулобод ва ин аст ёдгории ман наслан баъди насл» (Хуруҷ 3:15, Тарҷумаи форсӣ). Дар Китоби Муқаддас номи Яҳува тақрибан 7 000 маротиба вомехӯрад. Дар Китоби Муқаддаси тарҷумаи форсӣ, дар Забур 83:18 гуфта мешавад: «Бидонанд Ту ки исмат Яҳува мебошад, батанҳо бар тамоми замин Мутаол ҳастӣ».

Дастнависи қадимаи назди Баҳри Майит, ки дар он номи Худо оварда шудааст

Қонун тавассути Мусо–пайғамбар чун «каломе ки ба василаи фариштагон гуфта шудааст», дода шуда буд

Ягон инсон ҳаргиз Худоро надидааст. Худо ба Мусо чунин гуфта буд: «Ту рӯи Маро наметавонӣ бубинӣ, зеро ки одамизод наметавонад Маро бубинад ва зинда монад» (Хуруҷ 33:20). Худо дар осмон зиндагӣ мекунад ва одам Ӯро дида наметавонад. Ба воситаи бут, расм ё рамз Ӯро ибодат кардан ва ба Ӯ дуо гуфтан нодуруст аст. Яҳува Худо ба воситаи Мусо–пайғамбар фармуда буд: «Санаме ва ҳар сурате аз он чи дар осмон аз болост ва аз он чи дар замин аз поён аст ва аз он чи дар об аз зери замин аст, барои худ насоз. Ба онҳо саҷда набар ва онҳоро ибодат накун; зеро ки Ман Худованд Худои ту ҳастам, Худои ғаюре ҳастам» (Хуруҷ 20:2–5). Дертар Худо ба воситаи Ишаъё–пайғамбар гуфт: «Ҷалоли Худро ба дигаре ва ҳамду санои Худро ба санамҳо нахоҳам дод» (Ишаъё 42:8).

Баъзе одамон ба Худо боварӣ доранд, вале дар борааш фикр мекунанд, ки Ӯро шинохтан ё ба Ӯ наздик шудан номумкин аст ва одам бояд аз Ӯ тарсад, на ин ки Ӯро дӯст дорад. Шумо чӣ фикр доред? Оё Худо шахсан шуморо дӯст медорад? Оё шумо метавонед дар ҳақиқат бо Ӯ шинос шавед ё ҳатто бо Ӯ муносибати наздик пайдо кунед? Биёед бубинем, ки Каломи Худо дар бораи хислатҳои Худо чӣ мегӯяд.

Ҷавоби шумо чӣ гуна аст?

  • Чаро мо бояд Худоро ибодат кунем?

  • Номи Худо чист?

  • Чаро мо набояд дар ибодати Худо бут ё рамзро истифода барем?

  • Чӣ тавр Худо барои иҷро кардани ниятҳои худ рӯҳулқудс ва фариштагонашро истифода мебарад?

Рӯҳулқудси Худо ва фариштагони Ӯ

Чӣ тавр Худо нияту мақсадашро иҷро мекунад? Яке аз роҳҳо ин фиристодани рӯҳулқудс, яъне рӯҳи муқаддаси худ мебошад. Рӯҳулқудси Худо на шахсияти соҳибақл ё фаришта, балки қувваи фаъоли ноаёни Ӯ мебошад, ки онро барои иҷрои ҳар он чизе ки мехоҳад истифода мебарад. Худо ба воситаи ин қувва осмону заминро офарид. «Бо каломи Худованд осмонҳо офарида шудааст ва бо дами даҳон [яъне рӯҳулқудс]-и Ӯ ҳамаи лашкарҳои онҳо» (Забур 32:6). Дар Ҳастӣ 1:2 фаҳмонда мешавад, ки вақте ки об ҳоло заминро пӯшида буд ва Худо онро барои зисти одамон тайёр мекард, «Рӯҳи Худо бар рӯи об дар парвоз буд». Он вақт Худо ба воситаи рӯҳулқудс тамоми намудҳои ҳаётро дар рӯи замин офарид.

Худо барои иҷрои нияташ инчунин фариштагонро истифода мебарад. Офаридгор онҳоро барои бо худ дар осмон зиндагӣ кардан офарид. Фариштагон хеле пурқудратанд. Онҳо паёми Худоро ба одамон мерасонанд ва дигар супоришҳои муҳимро иҷро мекунанд. Масалан, Навиштаҳо мегӯянд, ки Қонуне, ки тавассути Мусо дода шуда буд каломе мебошад, ки «ба василаи фариштагон гуфта шудааст». Фариштагони Худо инчунин ба хизматгорони заминии Ӯ ёрӣ мерасонанд. Дар асл, Навиштаҳои илоҳӣ фариштагони Худоро «рӯҳҳои хизматгузор» меноманд, ки «барои хизмати онҳое фиристода мешаванд, ки вориси наҷот хоҳанд шуд» (Ибриён 1:14; 2:2).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан