ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • rk қисми 10 саҳ. 24-25
  • Душмани имон кист?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Душмани имон кист?
  • Имони ҳақиқӣ калиди ҳаёти хушбахтона аст
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Паҳншавии имони нопок
  • Имони ҳақиқӣ имрӯз низ вуҷуд дорад
  • Мисоли гандум ва алафи бегона
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2018)
  • Одилон чун офтоб дурахшон хоҳанд шуд
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2010
  • «Инак, ман ҳаррӯза... бо шумо ҳастам»
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2013
  • Эҳтиёт шавед, ки ба доми Шайтон наафтед!
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2015
Маълумоти бештар
Имони ҳақиқӣ калиди ҳаёти хушбахтона аст
rk қисми 10 саҳ. 24-25

ҚИСМИ 10

Душмани имон кист?

ХЕЛЕ пештар, пеш аз офаридани замин, Яҳува Худо дар осмон фариштагонро офарид. Вале бо гузашти вақт яке аз фариштагон ибодатеро мехостагӣ шуд, ки ба он танҳо Худо ҳуқуқ дорад. Ин фаришта мувофиқи ин хоҳишаш амал карда, Шайтон шуд, ки маънояш «мухолиф» аст, яъне шахсияте ки зидди Худо баромадааст. Чӣ тавр Шайтон зидди Худо баромад?

Ҳавво ба мевае, ки мор таклиф мекунад, нигоҳ карда истодааст

Шайтон ба воситаи мор Ҳавворо фиреб дод

Шайтон Ҳавворо фиреб дода, ӯро барангехт, ки ба Худо итоат накунад. Ӯ макру ҳилларо истифода бурда, ба Ҳавво гуфт, ки Яҳува Худо бо он ки хӯрдани меваи як дарахтро манъ кардааст, дар асл аз ӯ як чизи хубро пинҳон мекунад. Шайтон бешармона Худоро дурӯғгӯй номид ва бо суханони зерин Ҳавворо барангехт, ки роҳбарии Худоро рад кунад: «Худо медонад, ки дар рӯзе ки аз он бихӯред, чашмони шумо воз хоҳад шуд ва шумо, монанди Худо, орифи неку бад хоҳед шуд» (Ҳастӣ 3:5). Ҳавво беақлона ба дурӯғи Шайтон бовар кард. Вай қонуни Худоро вайрон кард ва Одамро низ барангехт, ки чунин кунад. Аз ҳамон вақт сар карда, Шайтон душмани ҳамаи онҳое гашт, ки имони ҳақиқӣ доранд. Ӯ то ба имрӯз одамонро фиреб медиҳад. Чӣ тавр?

Паҳншавии имони нопок

Одамон дар гирди гӯсолаи тиллоӣ рақсу бозӣ ва сурудхонӣ карда истодаанд

Шайтон ба воситаи бутпарастӣ ва урфу одатҳои инсонӣ одамонро гумроҳ мекунад

Шайтон ба воситаи бутпарастӣ ва урфу одатҳои инсонӣ халқи Исроилро гумроҳ карда буд. Масеҳи ваъдашуда, Исо, ба роҳбарони динии замони худ гуфта буд, ки онҳо «таълимоту аҳкоми инсониро таълим медиҳанд», аз ин рӯ ибодаташон бефоида аст (Матто 15:9). Вақте ки исроилиён аз Масеҳ рӯ гардонданд, Худо онҳоро рад кард. Исо ба онҳо гуфта буд: «Малакути Худо аз шумо гирифта, ба халқе дода хоҳад шуд, ки меваи онро биёрад» (Матто 21:43). Ҳамин тавр, пайравони Исо халқи Худо гаштанд.

Сипас Шайтон кӯшиш мекард, ки пайравони Исоро низ нопок гардонад. Оё ӯ ба мақсади худ расид? Исо бо мисоле пешгӯӣ кард, ки дар оянда бо пайравони ӯ чӣ рӯй хоҳад дод. Дар мисоли овардаи ӯ, марде дар саҳро тухми некӯ мекорад. Баъдтар душман дар миёни тухми некӯ мастак, яъне алафи бегона мекорад. Ҳар ду ҳосил то мавсими дарав мерӯянд. Сипас алафи бегона аз гандум ҷудо карда шуда, нест карда мешавад. Гандум бошад, дар анбори соҳиби дарав ҷамъ карда мешавад.

Баъд аз ин, Исо ба шогирдонаш маънои ин мисолро фаҳмонд. Ӯ гуфт, ки Коранда худи ӯ аст. «Тухми некӯ,— гуфт ӯ,— писарони Малакут ҳастанд ва мастакҳо писарони иблис мебошанд; ва душмане ки онҳоро кошт, иблис аст; мавсими дарав анҷоми олам аст ва даравгарҳо фариштагонанд» (Матто 13:38, 39). Исо пайравони ҳақиқиашро ба гандум монанд кард. Вале Шайтон дар миёни шогирдони ҳақиқии Исо, шогирдони дурӯғро чун алафи бегона корид. Ҳамин тавр, чуноне ки Исо пешгӯӣ карда буд, баъди марги ӯ, дар давоми садсолаҳо шогирдони дурӯғ пайдо шуданд. Онҳо таълимоти осиёнаро ба монанди Сегона паҳн карданд, ки гӯё дар як Худо се шахсият вуҷуд дорад. Шогирдони дурӯғ ҳамчунин бо бутпарастӣ ва сиёсат машғул шуданро сар карданд. Танҳо қисми ками шогирдон ба таълимоти Исо содиқ монданд.

Имони ҳақиқӣ имрӯз низ вуҷуд дорад

Лекин чуноне ки Исо гуфта буд, дар охир тағйироте ба амал меояд. Фариштагони Худо онҳоеро ки имони ҳақиқӣ надоранд барои нест кардан, ҷудо мекунанд. Он вақт муайян кардани онҳое ки имони ҳақиқӣ доранд осонтар мешавад. Дар натиҷа Шайтон Иблис, душмани аслии имон ҳам нест карда мешавад. Ва имони ҳақиқӣ ғалаба хоҳад кард!

Лекин чӣ гуна шумо имрӯз одамонеро, ки имони ҳақиқӣ доранд шинохта метавонед? Ҷавоби ин саволро дар мақолаи оянда дида мебароем.

Одамон аз ҳама халқу миллатҳо

Фариштагони Худо одамонеро меҷӯянд, ки ташнаи имони ҳақиқианд

Ҷавоби шумо чӣ гуна аст?

  • Шайтон аз куҷо пайдо шуд?

  • Чӣ гуна Шайтон барои нопок кардани имон кӯшиш мекард?

  • Мисоли Исоро дар бораи гандум ва алафи бегона фаҳмонед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан