ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • fg дарси 8 саволҳои 1-5
  • Барои чӣ Худо ба бадӣ ва ранҷу азоб роҳ медиҳад?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Барои чӣ Худо ба бадӣ ва ранҷу азоб роҳ медиҳад?
  • Худо барои мо хабарҳои нағз дорад!
  • Маводи монанд
  • Барои чӣ дунё пур аз ранҷу азоб аст?
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Чаро дунё пур аз бадӣ ва ранҷу азоб аст?
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Чаро Худо ба ранҷу азобҳо роҳ медиҳад?
    Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
  • Худо нисбати замин чӣ ният дорад?
    Таълимоти Китоби Муқаддас
Маълумоти бештар
Худо барои мо хабарҳои нағз дорад!
fg дарси 8 саволҳои 1-5

ДАРСИ 8

Барои чӣ Худо ба бадӣ ва ранҷу азоб роҳ медиҳад?

1. Бадӣ аз куҷо пайдо шуд?

1. Одам ба меваи манъшуда нигоҳ дорад; 2. Якчанд ҳукуматдорон; 3. Саҳнаи ҷанг

Худо ба вуҷуд доштани ҳокимиятҳои одамӣ ин қадар вақти зиёд роҳ дод, то исбот шавад, ки онҳо душвориҳои одамизодро ҳал карда наметавонанд

Бадӣ дар рӯи замин ҳамон вақт пайдо шуд, ки Шайтон дурӯғи аввалинро гуфт. Шайтонро Худо чун фариштаи бад наофарида буд. Вай дар аввал фариштаи комил буд, лекин «дар ростӣ собит намонд» (Юҳанно 8:44). Вай хоҳиш пайдо кард, ки офаридаҳои Худо ба вай ибодат кунанд. Лекин, ин чизест, ки танҳо Худо ба он ҳақ дорад. Шайтон ба зани аввалин, Ҳавво дурӯғ гуфта, ӯро барангехт, ки ба Худо неву ба вай гӯш кунад. Одам низ ба Ҳавво ҳамроҳ шуда ба Худо беитоатӣ кард. Оқибат ин рафтори Одам ба ранҷу азоб ва марг оварда расонид. (Ҳастӣ 3:1–6, 19-ро хонед).

Вақте ки Шайтон Ҳавворо ба беитоатӣ барангехт, вай ба муқобили ҳокимияти Худо исён бардошт. Аксарияти одамон Худоро чун Ҳокими худ рад карда ба исёни Шайтон ҳамроҳ шуданд. Ҳамин тавр, Шайтон «мири ин ҷаҳон» гашт. (Юҳанно 14:30 ва 1 Юҳанно 5:19-ро хонед).

2. Оё офаридаҳои Худо ягон камбудӣ доштанд?

Не надоштанд, зеро ҳамаи корҳои Худо комил, яъне бенуқсонанд. Барои ҳамин, одамон ва фариштагоне, ки Худо офарид, метавонистанд ба Худо пурра итоат кунанд (Такрори Шариат 32:4, 5). Худо моро бо озодии ирода офарид, то худамон интихоб кунем, ки кори нек мекунем ё кори бад. Ин озодӣ ба мо имконият медиҳад, ки муҳаббати ба Худо доштаамонро зоҳир кунем. (Яъқуб 1:13–15 ва 1 Юҳанно 5:3-ро хонед).

3. Чаро Худо то ҳол ба ранҷу азоб роҳ медиҳад?

Яҳува ба исёне, ки бар муқобили ҳокимияти Ӯ бардошта шуда буд, муддати муайян тоқат карда истодааст. Чаро? То нишон диҳад, ки бе роҳбарии Ӯ ягон ҳокимият ба одамон хушбахтӣ оварда наметавонад (Воиз 7:29; 8:9). Инро 6 000 соли таърихи инсоният равшан нишон медиҳанд. Бале, ҳокимиятҳои одамӣ қодир нестанд, ки ҷанг, ҷинояткорӣ, беинсофӣ ва бемориҳоро бартараф кунанд. (Хуруҷ 9:16 ва Ирмиё 10:23-ро хонед).

Баръакси ҳокимиятҳои одамӣ, ҳокимияти Худо ба онҳое, ки ба он итоат мекунанд, баракатҳову фоидаи зиёде меорад (Ишаъё 48:17, 18). Ба наздикӣ Яҳува ҳамаи ҳокимиятҳои инсониро бартараф мекунад. Он гоҳ дар замин танҳо он одамоне зиндагӣ хоҳанд кард, ки ба роҳбарии Худо итоат мекунанд (Ишаъё 11:9). (Дониёл 2:44-ро хонед).

Видеонавори «Чаро Худо ба ранҷу азоб роҳ медиҳад?»-ро тамошо кунед.

4. Пуртоқатии Худо ба мо чӣ гуна имконият медиҳад?

Шайтон даъво кард, ки ягон одам аз муҳаббати самимӣ ба Яҳува ибодат намекунад. Оё шумо мехостед дурӯғ будани инро исбот кунед? Шумо ин корро карда метавонед! Ба бадӣ пуртоқатӣ зоҳир кардани Худо ба ҳамаи мо имконият медиҳад, то нишон диҳем, ки ҳокимияти Худоро интихоб мекунем ё ҳокимияти инсониро. Интихоби мо аз тарзи ҳаётамон маълум мешавад. (Айюб 1:8–12 ва Масалҳо 27:11-ро хонед).

5. Чӣ тавр мо Худоро чун Ҳокими худ интихоб карда метавонем?

Одамон Китоби Муқаддасро омӯхта истодаанд

Қарорҳои мо нишон медиҳанд, ки оё мо мехоҳем, ки Худо Ҳокими мо бошад ё не

Мо Худоро чун Ҳокими худ интихоб мекунем, агар дини хақиқиро, ки бар Каломи Ӯ, Китоби Муқаддас асос ёфтааст, таълим гирем ва мувофиқи он амал кунем (Юҳанно 4:23). Мо рад мекунем, ки Шайтон ҳокими мо аст, агар мисли Исо худро аз корҳои сиёсат ва ҷангҳо дур гирем. (Юҳанно 17:14-ро хонед).

Шайтон аз ҳокимияти худ истифода бурда, одамонро ба бадахлоқӣ ва дигар корҳои бад бармеангезад. Вақте мо чунин корҳоро рад мекунем, баъзе дӯстону хешовандонамон шояд моро масхара кунанд ё ба мо муқобилат кунанд (1 Петрус 4:3, 4). Пас, мо бояд интихоб кунем, ки бо кӣ дӯстӣ кунем: бо одамоне, ки ба мо чунин муносибат мекунанд ё бо онҳое, ки Худоро дӯст медоранд? Оё мо ба қонунҳои бохирадона ва пурмуҳаббати Худо итоат мекунем? Агар ҳа, пас мо дурӯғгӯ будани Шайтонро исбот мекунем, чунки вай мегӯяд, ки ҳеҷ кас дар вақти мушкилиҳо гуфтаҳои Худоро иҷро намекунад. (1 Қӯринтиён 6:9, 10; 15:33-ро хонед).

Бадӣ ва ранҷу азоб албатта ба охир мерасанд, зеро Худо одамонро хеле дӯст медорад. Онҳое, ки ба ин имон меоранд, дар рӯи замин ҷовидона зиндагӣ хоҳанд кард. (Юҳанно 3:16-ро хонед).

Барои гирифтани маълумоти зиёдтар ба боби 11-уми китоби «Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?» нигоҳ кунед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан